06:19:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪКИДИ РАҲМОН БАР ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБАК

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни дидор бо мардуми ноҳияи Спитамен, дар шимоли ин кишвар ба "дӯстию ҳамсоягии хуби" мардумони тоҷику ӯзбак дар ин минтақа таъкид кардааст.

Президент Раҳмон рӯзи панҷшанбеи 25 июн дар маркази ноҳияи Спитамен гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои ҳифзи фарҳангу ҳунар ва суннатҳои ақаллияти ӯзбакзабони ин кишвар талошҳое анҷом хоҳад дод. Ноҳияи Спитамен аз навоҳии умдаи устони Суғд аст, ки шумори қобили мулоҳизае аз ҷамъияти онро ӯзбактаборон ташкил медиҳанд. Ӯзбакҳо бузургтарин ақаллияти қавмӣ дар Тоҷикистон ҳастанд.

Оқои Раҳмон рӯзи сешанбеи 24 июн дар маросими ифтитоҳи як мадрасаи мутаввасити ӯзбакзабон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд низ суханони мушобеҳе иброз дошта буд.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки кишвараш ба густариши бештари ҳамкориҳо бо кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон алоқаманд буд ва хоҳад монд. Дар Ӯзбакистон низ шумори қобили мулоҳизае аз тоҷикон ба сар мебаранд.

Зимнан, оқои Раҳмон дар як сафари кории панҷрӯза дар вилояти Суғд қарор дорад. Ин минтақаи аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан пешрафтае маҳсуб мешавад, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз ҷамъияти онро ӯзбактаборон ташкил медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид доштааст, ки мардуми ӯзбаку тоҷик дар тӯли қарнҳо бо ҳам зиндагии дӯстона ва мусолиматомезе доштаанд.

Вай бо ибрози умедворӣ аз густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Ӯзбакистон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба навбаи худ барои расидан ба ин ҳадаф талош хоҳад кард.”

Ин суханони Президент Раҳмон дар ҳоле сурат гирифт, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон рӯ ба сардӣ ниҳодааст.

Коршиносон мегӯянд, ки яке аз ангезаҳои ин амр тасмими давлати Тоҷикистон ба сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун мебошад. Ба эътиқоди мақомоти ӯзбак, сохти ин нерӯгоҳ кишварҳои поёнобро бо хатари камбуди об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мувоҷеҳ месозад.

Бархе дигар аз сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки сардии равобити миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз авосити даҳаи 1990 оғоз шудааст ва бештар ба мухолифатҳои миёни раҳбарони ду кишвар марбут аст.

Ин дар ҳолест, ки Ӯзбакистон аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва бахши умдаи роҳҳои иртиботии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсуд аз қаламрави ин кишвар убур мекунад.

Бо ин вуҷуд, Ӯзбакистон аз соли 1999 ба ин сӯ дар омаду рафти атбоъи тоҷик низоми раводид роҳандозӣ карда ва бисёре аз манотиқи марзиро ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди мухолифонаш минкорӣ кардааст. Дар ин муддат дар асари бархурд бо мин беш аз сад тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Ҳарчанд дар баҳори соли ҷорӣ порлумони ҳар ду кишвар санадеро дар бораи таъйини ҳудуди 90 дарсад аз хутути марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тасвиб карданд, вале то ҳол дар ин замина мушкилоти фаровоне боқӣ мондааст.

Аз ҷумла, гузоришҳо ҳокист, ки ахиран Ӯзбакистон дар бархе аз минтақаҳои марзии мавриди баҳс бо Тоҷикистон ба хандақкобӣ оғоз кардааст.

Манобеъи маҳаллӣ дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, мегӯянд, ки чунин хандақҳо дар маҳалли посгоҳи марзии Равот низ пайдо шудаанд.

Ба ин далел, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо наметавонанд дар мазореъи кишоварзии худ, ки дар дувистметрии манзилашон қарор дорад, фаъолият кунанд.

Ба гуфтаи Тилав Расулзода, як хабарнигори маҳаллӣ дар устони Суғд, марзбонони ӯзбак аз сокинони ин маҳалл тақозо доранд, ки троктурҳо ва таҷҳизоти зарурӣ барои ин мазореъро аз роҳи дигаре, ки 32 килуметр тӯл дорад, интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи оқои Расулзода, марзбонони ӯзбак қабул доранд, ки мазореъи сокинони деҳаи Равот дар дохили қаламрави Тоҷикистон буда, вале ба гуфтаи онҳо роҳи утумубилрави воқеъ дар онҷо моли Ӯзбакистон аст. Ин дар ҳолест, ки масъулони Ҳукумати ноҳияи Конибодом изҳор доштаанд, ки роҳи утумубилрав низ аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ моли Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, масъулони маҳаллӣ дар ин бора ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла ба Вазорати хориҷаи ин кишвар муроҷеъа кардаанд, вале то ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки сабаби комилан мушаххас нашудани хутути марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ихтилофи мақомоти ду кишвар бар сари обанбори мавсум ба Фарҳод аст, ки дар вилояти Суғд воқеъ аст.

Гуфта мешавад, ин обанбор, ки моли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, барои таъмини мазореъ дар бархе аз вилоёти Ӯзбакистон аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст ва ба ин далел ҷониби Ӯзбакистон мехоҳад онро ба ихтиёри худ бигирад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi