ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ
Ҳамватанони азиз!
Имсол барои мардуми шарифу сарбаланди кишвари мо соли бисёр муқаддас ва таърихӣ - соли ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон аст, ки онро ҳама якҷоя бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳем кард. Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ -эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрўзу фардо эҳё намоем.
Дар ин фосилаи кўтоҳи таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу ормонҳои миллии худро дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоем ва имрўз дар остонаи омодагӣ ба ин ҷашни бузург бо ифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо заҳмати созанда ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи кишварамон зина ба зина ислоҳ кардем ва дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
ҳамзамон бо ин, мо ҳамаи андешаҳои созандаро, ки ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта, тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо танҳо ба хотири беҳбудии сатҳи зиндагии мардум равона кардем ва барои рушди устувору пайгиронаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардем. Чунонки ҳамаи шумо медонед, мо дар ҷомеа раванди сиёсати ободкориву созандагиро ба роҳ монда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳиму стратегии давлати Тоҷикистон пайваста саъю талош дорем ва имрўз метавонем дилпурона изҳор намоем, ки татбиқи онҳо хеле наздик аст.
Вале дар баробари ин, вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар доираи самтҳои қабулшудаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати соҳибистиқлоламон иҷрои саривақтиву самарабахши дастуру супоришҳои додашуда ва масъалаҳои зикргардидаро, ки ба фаъолияти созандаи Маҷлиси Олӣ, ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастаанд, таъмин намоем. Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандўстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат бошад.
Фақат дар ҳамин сурат ва танҳо бо заҳмати шабонарўзии содиқонаву софдилона мо метавонем ҳамчун як нерўи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи худро бартараф созем, нақшаву ниятҳои неки худро ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизи соҳибистиқлоламон бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоем ва дар ояндаи наздик зиндагии мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони озодро ба сатҳу сифати шоиста расонем.
Ин роҳи пурмасъулияту душвор, вале бошарафу пурифтихор аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи давлатӣ, яъне аз тамоми мардуми бонангу номус ва ватандору ватансози Тоҷикистон, дар навбати аввал аз мову шумо – дар ин толор нишастагон тақозо менамояд, ки барои пойдориву ҷовидонагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрўи Ватани азизамон ҳамарўза саъю талош намоем.
Дар татбиқи ин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо барори кор ва сарбаландӣ мехоҳам ва ба даргоҳи Парвардигори олам дуо мекунам, ки файзу баракати ҳар хонадони тоҷикро зиёда гардонад, амнияту оромӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро умри ҷовидона бахшад ва Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри моро то абад дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад!
Саломат бошед!
President.tj- << Қаблӣ
- Баъдӣ