07:51:21 01-уми Июни 2025 сол

"ИСКАНДАРОВ НАМЕТАВОНАД ҒАРОМАТИ ХУДРО АЗ РУСИЯ БИСТОНАД"

Пайвандони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз мухолифони зиндонии давлати Тоҷикистон, мегӯянд, ки ба сабаби мушкилоти дарёфти ваколатнома аз маҳбас наметавонанд ғаромати вайро аз Русия бистонанд.

/images/stories/2011/12/02_mahmadruzi-iskandarov_21211.jpgДодгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар дар моҳи сентябри соли 2010 дар пайи баррасии шикояти оқои Искандаров давлати Русияро барои боздошт ва истирдоди вай ба Душанбе 30 ҳазор юру ҷарима кард. Аммо Фирӯзи Искандар, яке аз чаҳор фарзанди оқои Искандаров, мегӯяд, ки аз рӯзи ба иҷро даромадани ҳукми Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар дар мавриди пардохти ғаромат ба падараш, хонаводаи вай наметавонад ин маблағро аз давлати Русия дарёфт кунанд.

Оқои Искандаров афзуд: “Падарам дар маҳбас аст ва барои гирифтани ғаромат аз Русия вай барои мо ваколатномаи вижае навиштааст. Вале то ҳол масъулони идораи умури зиндонҳо ин ваколатномаро тасдиқ накардаанд ва сабаби ин иқдомро низ барои мо шарҳ надодаанд.”

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари қаблии ҳизби демукроти Тоҷикистон, ки замоне раёсати ширкати "Тоҷикгаз"-ро низ ба ӯҳда дошт, аз мухолифони сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон буда ва дар соли 2005 маҳкум ба зиндон шуд. Вай ҳоло дар зиндони шумораи ҳафти шаҳри Душанбе ба сар мебарад.

Писари оқои Искандаров мегӯяд, ки бо гирифтани ваколатнома аз падараш ӯ ва пайвандонаш метавонанд ғаромати боздошт ва истирдоди ӯро аз давлати Русия дарёфт кунанд. Аммо масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки дарёфти ваколатнома барои маҳбусон душвор нест.

Фирӯза Умарова, як масъули бахши кумаки ҳуқуқии ин вазорат, ба Би-би-сӣ гуфт: “Ҳар зиндоние, ки мехоҳад ба берун аз зиндон ваколатнома фиристад, ба раиси маҳбасхона муроҷеъат мекунад ва бо иҷрои муқаррароти вижа онро тасдиқ карда ва ба афроди наздики худ интиқол медиҳад.”

Аз сӯйи дигар, Илҳомҷон Маҳмудов, муъовини раиси идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, ки мавзӯъи ироаи ваколатнома ба пайвандони оқои Искандаров ва тасдиқи он аз сӯйи масъулони ин идора дар ҳоли баррасӣ аст.

Оқои Маҳмудов афзуд: “Аз бас ки Маҳмадрӯзӣ Искандаровро додгоҳ маҳкум ба 23 сол ҳабс бо мусодираи амвол кардааст, ҷараёни баррасии ироаи ваколатномаи вай шояд каме бештар аз дигарон тӯл кашад. Зеро барои маҳбусоне, ки маҳз бо "мусодираи амвол" зиндонӣ шудаанд, ҷараёни гирифтани ваколатномаҳо дигар аст, аммо базудӣ ин масъала ҳал хоҳад шуд.”

Бо ин вуҷуд, бархе аз афроди наздик ба оқои Искандаров аз он нигарон ҳастанд, ки шояд мақомот аз расидани ғаромат ба дасти пайвандони вай монеъ шаванд ва ё қисмате аз ин маблағро ба суди давлат бистонанд.

Вале Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори мухолиф ва ҳуқуқдони маъруф, мегӯяд: “Агар қарор аст, ки Русия барои боздошт ва истирдоди ғайриқонунии оқои Искандаров ғаромат пардохт кунад, сухан дар мавриди мусодира шудани он ва ё боздошти як қисмати ин маблағ ба суди давлат ва ё касе ғайриқонунӣ хоҳад буд."

"Барои ғаромате, ки ба сабаби расондани зарари ҷисмонӣ ва ё равонӣ ба ҷабридида пардохт мешавад, қонун молиёт ва ё аворизи гумрукӣ пешбинӣ накардааст.”

Ин ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки баъд аз иҷро шудани ҳукми додгоҳ дар мавриди мусодираи амвол, сармоя ва амволе, ки дертар ба афроди маҳкумшуда таъаллуқ мегирад, мавриди мусодира қарор намегирад.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар баҳори соли 2005 дар Маскав муддате нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз сар аз боздоштгоҳе дар Душанбе даровард. Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми иртикоби чандин ҷурм, аз ҷумла теруризм, бандитизм, ҳамли ғайриқонунии аслиҳа, барои 22 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки оқои Искандаров худ ба Тоҷикистон омада буд ва боздошт шуд, дар ҳоле ки вакили мудофеъ ва наздикони ӯ ин иддаъоро рад карда ва гуфта буданд, ки ӯ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Маскав аз сӯйи афроди номаълум рабуда шудааст. Масъулони идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки вазъи саломати оқои Искандаров хуб буда ва вай аз фаъолияти кормандони зиндон шикояте надоштааст.

/images/stories/2011/12/02_firouz-iskandarov_21211.jpgФирӯз Искандаров, писари ӯ низ мегӯяд, ки ҳангоми боздид бо падараш, ӯ аз вазъи саломаташ шикоят накардааст. Вай мегӯяд: “Падарам дар маҳбас барои рӯҳафтода ва бемор нашуданаш йога машқ мекунад ва чун мусалмони содиқ намоз мехонад. Ҳамчунин, бештари вақташро ба китобхонӣ ва навиштани ёддоштҳояш сарф мекунад, ҳарчанд мо ҳануз дастнависҳои падарро нагирифтаем.”

Фирӯз Искандаров мегӯяд, ки пайвандонаш дар орзӯи озодии падарашон ҳастанд ва барои озодии вай тамоми иқдомоти лозимаро дар чорчӯби қонун иҷро хоҳанд кард. Ҳамчунин, ба гуфтаи пайвандони оқои Искандаров, мӯҳлати ҳушдори Кумисериёи СММ дар умури ҳуқуқи башар ба Тоҷикистон сипарӣ шудааст, вале давлати Тоҷикистон ҳануз ба ин ҳушдор посухе надодааст.

Номаи ин созмон дар моҳи марти соли равон ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати хориҷаи ин кишвар ирсол шуда буд. Дар ин нома аз давлати Тоҷикистон хоста шуда буд, ки дар тӯли шаш моҳ оқои Искандаровро озод ва ё муҳокимаи муҷаддади вайро бо ширкати намояндаи ин созмон баргузор кунад.

Пайвандони Маҳмадрӯзӣ Искандаров хоҳони бознигарӣ дар қазияи ӯ ҳастанд ва умедворанд, ки Тоҷикистон ба дархости Кумисериёи олии ҳуқуқи башари СММ посухи мусбат бидиҳад.

Писари оқои Искандаров бо ишора ба озодии ахири халабонҳои рус аз сӯйи додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи фишори Русия, ин суолро матраҳ мекунад, ки чаро системи қазоӣ дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ суҳулатро раво мебинад, вале атбоъи худи Тоҷикистон аз ин гуна имтиёз бархӯрдор набошанд?

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бознигарӣ дар ҳукми додгоҳ алайҳи халабонҳои русу эстунӣ дар Тоҷикистон бисёре аз маҳбусонро ба имкони баррасии дубора ва мунсифонаи қазияҳояшон умедвор кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854