12:31:46 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

Р. РАҲИМОВ: 'МУХОЛИФОНИ СОБИҚРО НИЗ ДАР ПУЛИС ИСТИХДОМ КАРДЕМ'

 

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки бархе аз намояндагони мухолифини пешини давлат барои кор дар суфуфи пулис истихдом шудаанд. Вале ба гуфтаи вай, шарти аслӣ ин аст, ки ин афрод набояд дар гузашта ҷинояте муртакиб шуда ва ё "доғи судӣ (қазоӣ)" дошта бошанд.

Рамазон РахимовОқои Раҳимов рӯзи ҷумъаи 20 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар посух ба ин суоли хабарнигори Би-би-сӣ, ки оё ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, дар ниҳодҳои интизомӣ истихдом шудаанд ё хайр, гуфт, ки бархе аз онҳо “аллакай ба кор қабул шуданд.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Олим Одилов, яке аз афроде, ки дар гузашта ҷузъи гурӯҳи оқои Аҳмадов буд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки тақрибан соле қабл онҳо асноди зарурӣ барои оғози кор дар ниҳодҳои интизомиро таҳия карда ва аз муъоянаи пизишкӣ шуда буданд. Вале то ҳол тасмими ниҳоӣ дар ин замина гирифта нашудааст.

Вай гуфт: “Шояд Рамазон Раҳимов, ки тоза ба вазифаи вазир интихоб шуд, мавзӯъи истихдоми моро ҳал кунад. Зеро тӯли солҳои 2010 ва 2011 вай ҳамроҳи мо дар амалиёти зидди пайкорҷӯён ширкат карда буд ва дар бораи мо иттилоъи дақиқ дорад.”

Рамазон Раҳимов иддаъои бархе аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолиф мабнӣ бар ин ки дар гузашта миёни онҳо дар бораи истихдом дар ниҳодҳои пулис тавофуқоте шудааст, рад кард.

Вай гуфт: “Мо тавофуқ кардем, ки агар онҳо бо мо ҳамкорӣ кунанд, афв мешаванд. Ва агар ҷинояте муртакиб нашуда бошанд ва дар гузашта муҷрим шинохта нашуда бошанд, барои кор ба милитсия (пулис) қабул мешаванд. Ин меъёрҳои пулиси Тоҷикистон аст.”

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло дар бахши пулис дар минтақаи Рашт ҳудуди сад нафар машғули кор ҳастанд ва бархе аз онҳо намояндагони нерӯҳои собиқи мухолифони давлат ҳастанд. Оқои Раҳимов афзуд: “Ҳоло асноди бархе дигар аз онҳо мавриди омӯзиш қарор дорад ва агар мушкиле ошкор нашавад, онҳо низ ба кори пулис ҷалб мешаванд.”

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи Рашт дастур шудааст, ки дар бахшҳои дигар барои мухолифони пешин ҷойи кор ё шуғл фароҳам кунанд. Аз сӯйи дигар, оқои Раҳимов гуфт, ки пулиси Тоҷикистон ба “кодрҳои ҷавон ва болаёқат” ниёз дорад ва аз ҳамаи хоҳишмандони кор дар суфуфи пулис даъват кард, ки ба бахши кодрҳо муроҷиъа кунанд.

Вале Олим Одилов мегӯяд, ки дар баҳори соли гузашта 8 нафар аз ҷонибдорони собиқи Мирзохӯҷа Аҳмадов асноди худро таҳия карда ва ба мақомоти пулис пешниҳод карда буданд, вале то ҳол посухе нагирифтаанд.

Ҳамакнун Олим Одилов мегӯяд, ки бозрасии аснод набояд тӯли як сол ба дарозо кашад: “Давлат моро хуб мешиносад ва дар бораи ҳар яке аз мо иттилоъи зарурӣ дар даст дорад. Фикр мекунам, ки дигар онҳо ба мо ниёз надоранд ва ҳамин тавр, боз фиреб доданд.”

Олим Одилов мегӯяд, ки ҳамарӯза бо масъулони бахши пулис дар минтақаи Рашт дар иртибот аст: “Шоҳ Искандаров, ки аз дӯстони мост, ҳамвора мегӯяд, ки мунтазир бошед, тасмим дар Душанбе гирифта мешавад.”

Зимнан, Шоҳ Искандаров, ки дар гузашта аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифини давлат буд, дар авоили соли гузашта ба муъовинати раиси бахши пулис дар минтақаи Рашт мансуб шуд. Соли 2010 сару садоҳое паҳн шуданд, ки музокироти ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов ва мақомоти тоҷик бо миёнҷигарии Шоҳ Искандаров баргузор шудааст.

Тирамоҳи он сол давлати Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронашро ба ҳамлаи пайкорҷӯён ба комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки дастикам 26 нафар кушта бар ҷой гузошт, муттаҳам карда буд.

Он замон барои боздошти оқои Аҳмадов низ иқдомоте сурат гирифт ва манзили маскунии вай дар маркази ноҳияи Рашт хароб шуд. Вале Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш ба манотиқи кӯҳистонӣ фирор карданд.

Дар пайи музокирот бо мақомоти интизомӣ ва амниятӣ, ҷонибдорони оқои Аҳмадов тасмим гирифтанд ба амалиёти ниҳодҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи “Мулло Абдуллоҳ” мусоъидат кунанд. Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, саркӯбии гурӯҳҳои вобста ба "Мулло Абдуллоҳ" ва "Алӣ Бедакӣ" бо мусоъидати ҷонибдорони оқои Аҳмадов сурат гирифтааст.

Исми Мирозохӯҷа Аҳмадов, ки дар замони ҷанги дохилӣ аз чеҳраҳои чандон шинохташуда набуд, дар соли 2008 - замоне ки раёсати бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар минтақаи Раштро бар ӯҳда дошт, бештар дар расонаҳо матраҳ шуд.

Дар моҳи феврали соли 2008 дар маркази ноҳияи Рашт миёни ҷонибдорони оқои Аҳмадов ва гурӯҳе аз нерӯҳои давлатӣ ба раҳбарии Олег Захарченко, фармондехи ОМОН ё неруи вижаи пулиси Тоҷикистон, даргирие рух дод, ки дар пайи он оқои Захарченко кушта шуд.

Бархе аз мақомоти вақти Тоҷикистон оқои Аҳмадовро дар ин қазия муқассир донистанд. Вале тирамоҳи ҳамон сол Президент Раҳмон зимни дидораш аз ноҳияи Рашт бо Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот карда ва эълом дошт, ки дар сурати таслими силоҳи ғайриқонунӣ оқои Аҳмадов ва ҷонибдоронаш афв хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар минтақаи Рашт мансух шуд ва Мирхохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ба гуфтаи худи онҳо, “машғули корҳои кишоварзӣ” шуданд. Дар ҳамин ҳол, Олим Одилов мегӯяд, ки ба истихдоми худ ва ҳамроҳонаш дар ниҳодҳои интизомӣ чандон умед надорад ва “муҳим ин аст, ки моро ором гузоранду дигар дунболи мо нашаванд."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi