14:16:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

МУХОЛИФАТИ ДАВЛАТ БО ТАРҲИ ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ

Давлати Тоҷикистон бо тарҳи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонии ин кишвар, ки аз ҷониби Шодӣ Шабдолов, намояндаи ҳизби кумунист дар порлумон барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд, мухолифат кардааст.

Масъулони ниҳодҳои зирабти давлати Тоҷикистон аз шарҳи илали ин тасмим худдорӣ карданд, вале ба гуфтаи оқои Шабдолов давлат дар мавриди имкони баррасии ин тарҳ дар порлумон "хулосаи манфӣ" ироа кардааст. Манобеъи Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки тибқи муқаррарот, хулосаи давлати ин кишвар дар мавриди тарҳҳои пешниҳодӣ аз сӯйи намояндагони порлумон ҳатмӣ аст.

Ин тарҳ дар соли гузашта ба ибтикори IFES ё Сандуқи байналмилалии системҳои интихоботӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии ин кишвар таҳия шуда ва дар моҳи феврали соли ҷорӣ барои баррасӣ ба порлумон ироа шуда буд. Аз ҷумла, дар ин санад ислоҳоте дар заминаи шомил сохтани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба марказҳо ё участкаҳои раъйдиҳӣ, лағви пардохти гаравпулӣ ба миқдори 500 ҳуқуқи ҳадди ақал барои номзадҳои интихобот ва адами мудохилаи мақомоти маҳаллӣ дар фаъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ дар назар гирифта шуда буд.

Ба эътиқоди масъулони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, ислоҳоти пешниҳодӣ дар Қонуни интихоботи порлумонӣ, дар сурати тасвиб, заминаи мусоъидтаре барои баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифонаи аъзои порлумон ва вакилони маҷолиси маҳаллӣ мусоъидат хоҳад кард.

Созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки ба далели шаффоф набудани фаъолияти марказҳои раъйдиҳӣ, ширкат надоштани намояндагони аҳзоб дар шумориши оро ва мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ дар фаъолияти кумисиюнҳои марокиз ва ҳавзаҳои интихоботӣ мавориди фаровони тақаллуб дар интихоботи порлумонии солҳои 2000 ва 2005 ба мушоҳида расида ва ин тадобир бо мавозини байналмилалӣ мутобиқат надоштааст.

Шодӣ Шабдолов, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби кумунист, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо вуҷуди мухолифати давлат бо тарҳи пешниҳодшуда, вай барои муваффақ шудан ба баррасии тарҳи ислоҳи қонуни интихобот дар иҷлоси порлумон талош хоҳад кард. Ҳамзамон, оқои Шабдолов таъкид кард, ки ҳатто дар сурати баррасии ин тарҳ дар порлумон намояндагони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ки дар маҷлис аксарияти куллро ташкил медиҳанд, аз тасвиби он монеъ хоҳанд шуд.

Омодагӣ ба интихобот 

Дар ҳамин ҳол, Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки тадорукот ба интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, идома дорад. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки феълан феҳристи раъйдиҳандагон, мадорик барои номзадҳои интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва порлумонӣ ва баргаҳои раъй мунташир шудаанд ва ин аснод дар ҳавзаҳою марказҳои раъйдиҳӣ тавзеъ карда хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, оқои Додоҷонов эътироф кард, ки сатҳи омодагӣ ба интихоботи оянда дар муқоиса бо интихоботи соли 2005 пойин буда ва то ҳол давраҳои омӯзишӣ барои аъзои ҳавзаҳои интихоботӣ ва корҳои рӯшангарӣ ва огоҳсозӣ дар миёни раъйдиҳандагон дар бораи наҳваи раъйдиҳӣ дар интихобот анҷом нашудааст.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи ӯ, дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2005 ба ибтикор ва сармояи созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон 150 тадбир, назири давраҳои омӯзишию семинорҳо, баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад омодагии бархе аз аҳзоби сиёсӣ ба ин тадбири муҳимми сиёсии Тоҷикистон низ чандон назаррас набудааст. Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳанӯз ин ҳизб барои омодагӣ ба интихоботҳои порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ тадорукотеро рӯйи даст нагирифтааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ин ҳизб пас аз эъломи таърихи баргузории интихобот тадорукоти ҷиддиро шурӯъ карда ва анҷумани худро баргузор ва номзадҳояш ба интихоботро муъаррифӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабек Бӯриев, раиси дафтари ҳизби ҳокими халқӣ-демукроти Тоҷикистон, хабар дод, ки дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷаласоти ин ҳизб баргузор шудаанд ва дар онҳо аҳдофу вазоифи ҳизби халқи демукрот дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баррасӣ шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби куммунисти Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки ҳоло ин ҳизб барномаи қабл аз интихоботии худро таҳия мекунад, ки дар он истротежии ҳизби кумунист дар ин тадбири сиёсӣ мушаххас хоҳад шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба навбаи худ, эълом дошт, ки ба манзури омодагии ҷиддӣ ба интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар бештари шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар ситодҳои вижае таъсис додааст.

Ин ҳизб гуфтааст, ки қасд дорад дар 50 дарсад аз ҳавзаҳо дар интихоти порлумонӣ ва дар 80 дарсад аз ҳавзаҳо дар интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ номзадҳои худро пешбарӣ кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi