КМИ ДАРХОСТИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИРО РАД КАРД
Комиссиюни марказии интихобот дархости ҲНИТ дар мавриди таъиди ваколати намояндаи ин ҳизб дар порлумонро рад кард. Ин масъала дар ҷаласаи ҳайати комиссиюни марказии интихобот дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Комиссиюни марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, даъвои ҲНИТ дар асоси моддаи 57-и Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон рад карда шудааст. Вай афзуд, ҷониби ҲНИТ метавонад, ки дар давоми даҳ рӯз аз болои қарор ба ниҳодҳои ҳуқуқӣ шикоят барад.
Ҳамзамон Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ, ба радиои Озодӣ иброз дошт, ки «қарори мо ҳам дар асоси моддаи 57 қабул шуда буд ва интизор доштем, ки комиссиюни марказии интихобот воқеъбинона талаботи моддаи мазкурро ба инобат мегирад».
Оқои Сайфуллозода мегӯяд, бо он ки дар рафти ҷаласа баъзе аз аъзои комиссиюн назари дигар доштанд, бо пешниҳоди раиси комиссиюни марказии интихобот чунин як қарор ба овоз монда шуд. Вай афзуд, «мо ба ин назар ҳастем, ки ҷаноби Болтуев аз ҷониби кадом доираҳои номаълуме дастур дошт, чунки банди қонун бо сароҳат мегӯяд, ки «дар муддати камтар аз як сол интихобот доир карда намешавад». Аз ин хотир ин ҷо на масъалаи интихоб аст, балки қабул надоштани ваколати ҳизби сиёсӣ аст».
«Озодӣ»