19:51:26 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30  

ЗАРИФӢ АЗ САҲА ХОСТ, БА ҚАЗИЯИ ОБУ ЭНЕРЖӢ РАСИДАГӢ КУНАД

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз САҲА хостааст, дар ҳалли масоили баҳсбарангези обу энержӣ дар Осиёи Миёна, мусоидат намояд.

/images/stories/2012/12/08_hamrokhon-zarifi-081212.jpgҲамроҳхон Зарифӣ, рӯзи 6-уми декабр, дар 19-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Дублин, масъалаи обу энержиро мушкили умда дар Осиёи Миёна хонда, таъкид кардааст, ки ин масоили сирф иқтисодӣ, аз ҷониби бархе аз кишварҳои минтақа зиёд "сиёсатзада" гардида, монеи рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Миёна шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, оқои Зарифӣ аз масъулини САҲА хостааст, барои муколамаи сиёсӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна мусоидат кунанд, то низоми муштараки истифода ва идораи об дар минтақа, роҳандозӣ шавад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ мушорикати ҳама кишварҳо дар бартараф намудани сӯитафоҳумҳо дар бахши обу энержии минтақаро, муҳим хондааст. Ӯ изҳор доштааст, ки ҳамаи лоиҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо назардошти манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа тарҳрезӣ ва амалӣ мешаванд. Зарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои муколама баён намуда, даъвати Бонки ҷаҳониро барои ташхиси байналмилалии НБО-и Роғун, далели он гуфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои минтақа даъват намудааст, ки то анҷоми ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи «Роғун», аз изҳороту амалҳои шитобзада, худдорӣ кунанд. Ҳамзамон оқои Зарифӣ пешниҳод намудааст, ки низоми истифодаи об дар кишварҳои минтақа мавриди пажуҳиш қарор бигирад, чун ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои охир низоми кӯҳна ва бесамари обёрикунии заминҳо, боиси кунд шудани рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа гардидааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласа дар шаҳри Дублин, Ҳамроҳхон Зарифӣ бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Роберт Блейк мулоқот карда, дар масъалаи ҳифзи марз, тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар, безараргардонии минаҳо ва муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи дипломати амрикоиро ба зарурати ҳар чӣ зудтари татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан, хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои газгузар, ки Афғонистонро бо дигар кишварҳо мепайванданд, ҷалб намудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi