14:03:47 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

УМЕДВОРӢ ВА НИГАРОНИҲОИ РАЗМАНДАГОНИ ҒАРМ

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 21

Султони Ҳамад

Ҷаласаи нахустини ҳайат

Аз варзишгоҳи Ғарм, ки он замон вазифаи фурӯдгоҳи чархболҳоро иҷро мекард, ҳама аъзои ҳайати муштарак ва меҳмононро Мирзохӯҷа Низомов дар мошинҳои сабукрав ба бинои ҳукумати ноҳия бурд.  Аз он ки дар дохили бино ҷо-ҷо аксҳои устод Нурӣ ва овезаҳои оёту ҳадисро бо ҳуруфи форсӣ мушоҳида мекардем, мешуд пай бурд, ки феълан дар ин бино фармондеҳи муҷоҳиддини минтақа қароргоҳ дорад. Боиси қаноатмандии ҳама он буд, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин байн дар ҷои намоён ба назар мерасид.

sulhi-tojikonДар ҷаласаи нахустини ин ҳайат, ки дар бинои ҳукумати ноҳия баргузор гардид ва дар он ду муовини Мирзохӯҷа Низомов низ иштирок карданд, фармондеҳ Низомов  дар бораи вазъи сиёсиву низомӣ ва иқтисодии ноҳия ба ҳозирин маълумот дод. Давлати Усмон асосан дар бораи ҳадафи сафари ин ҳайат ба минтақа ва нақшаҳои он ибрози назар намуд. Азҷумла гуфт, ки Протоколи Хустдеҳро ин ҳайат сармашқи кори худ қарор медиҳад. Татбиқи Созишнома дар якҷоягӣ бо ҳайати ҳукуматӣ  сурат мегирад.

Амирқул Азимов масъалаи ҳарчи зудтар озод кардани усаро, ба қароргоҳҳои худ баргаштани муҷоҳиддин, фаъол шудани ҳокимияти маҳаллӣ ва сохторҳои қудратии онро яке аз масъалаҳое номид, ки бояд дар навбати аввал ҳалли худро пайдо кунанд.

Дар ҳамин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки дар қадами аввал бо фармондеҳон ва размандагони нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар ноҳияи Ғарм, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва минтақаи Ҳоит мулоқотҳо доир карда моҳияти Созишномаи Хустдеҳ ва зарурати барқарории сулҳу суботро дар кишвар ба онҳо бифаҳмонем.

Ҳайати моро дар меҳмонхонаи ҳукумати ноҳия ҷо карданд. Бо дар назардошти он, ки  минтақа дар ҳолати ҷанг қарор дошт, ин меҳмонхона дорои шароити бад набуд. Он ҷо ҳатто телефон буд ва он кор мекард.

Вазир хоҳиши озод кардани кормандашро мекунад

Рӯзи 18-уми декабр соати 10 бояд бо фармондеҳони маҳаллӣ ва бархе аз размандагони минтақаи Ғарм мулоқот карда баъди нисфирӯзи бо ҳамин мақсад ба Тоҷикобод мерафтем. Соат тақрибан 9-у ними саҳар буд, ки садои занги телефони меҳмонхона баланд шуд. Оне, ки гӯширо бардошт, номи маро гирифта гуфт: « Акаи Султон, касе шуморо мепурсад».

Гӯширо гирифтам. Садое баланд шуд.

-Салом Султон, маро шинохтӣ?

Гуфтам:

-Салом, не нашинохтам.

Гуфт:

-Ман Сайдамир Зуҳуров, вазири амният ҳастам. Дар назди ман модари яке аз кормандони идораи мо, ки феълан дар дасти муҷоҳиддини Маҳмадрӯзӣ  дар асорат аст, нишастааст. Он корманди моро худат нағз мешиносӣ, дар назди худат вақти дар амнияти Кӯлоб кор карданат таҷрибаомӯз буд.

Номаш Нусратуллоҳ (номашро  бо сабабҳои маълум тағйир додам С. Ҳ.). Модараш аз куҷое фаҳмидааст, ки аҳволи саломатиаш  хеле бад аст. Саломатии худи модараш ҳам чандон хуб нест. Илтимос, Давлати Усмон ва Маҳмадрӯзиро бигӯед, ки ӯро ҷавоб диҳанд ва дар фурсати муносиб ба Душанбе фиристонанд. Ин як илтимоси бародарона ҳаст.

Гуфтам:

-Бале, Нусратуллоҳро мешиносам. Хуб шудаст, ин хоҳиши шуморо ман ба Давлати Усмон ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ мерасонам. Ҳайати мо имрӯз нияти баъди нисфирӯзӣ ба Тоҷикобод рафтанро дорад. Аз аҳволи асирон низ хабар гирифтанӣ ҳастем. Кӯшиш мекунем, ки масъала ҳалли мусбати худро ёбад.

Барои хонандагоне, ки аз шарҳи ҳоли нависандаи ин сатрҳо огоҳ нестанд,  шояд тааҷҷубовар он бошад, ки чаро вазири амният Сайдамир Зуҳуров маҳз ба камина занг зад ва хоҳиши хешро тавассути ин банда ба раҳбарияти ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин расонд. Гап ин ҷост, ки чанд сол қабл аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мо ҳамроҳ дар Раёсати дар Кӯлоб будаи Кумитаи Бехатарии Давлатии Тоҷикистон, ки он солҳо ҳанӯз дар  ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, адои вазифа мекардем ва дӯстони бо ҳам қарин будем.

Соли 1989 аз Кӯлоб маро ба ноҳияи Қубодиён ба кор фиристоданд. Соли 1992 баъди он ки вазъият дар ҷумҳурӣ, азҷумла дар ноҳияи Қубодиён низ, дигар аз назорати ҳукумат ва мақомоти он хориҷ шуд ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ аз сӯйи силоҳбадастони берун аз контрол шакли оммавӣ гирифт, аҳли хонаводаи худро гирифта дар қатори як иддаъ аз мардуми Тоҷикистон иҷборан дарёи Омӯро убур карда ба Афғонистон муҳоҷират намудем.

Дар Афғонистон ман барин нафарҳое, ки собиқаи дар мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор карданро доштанд, кам набуданд. Роҳбарияти мухолифин дар шахси устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як сӯҳбати хеш қариб ҳамаи собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба Афғонистон ҳиҷрат намударо мутақоид сохт, ки дар он ҷо низ дар хизмати мардум бошем ва якҷоягӣ бо онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо сулҳу салоҳ, обрӯмандона ба Ватан баргардем.

Моҳи майи соли 1995 дар Кобул аввалин мулоқоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ баргузор гардид. Дар ҳошияи ин вохӯрӣ банда бо дӯсти деринам Сайдамир Зуҳуров, ки акнун вазири амнияти Тоҷикистон шуда буд, сӯҳбатҳое доштем. Ӯ  ҳамчун дӯст пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш ба Тоҷикистон баргардам ва маро ба ҷои пештараи корам барқарор намояд.

Бо ибрози ташаккур гуфтам, ки Худо хоҳад бо ҳамроҳии мардуми муҳоҷир сарҷамъона ҳама бо сулҳу салоҳ ба Ватан хоҳем баргашт.  Ба ӯ гуфтам, ки ӯ худаш нағз медонад, ки дар ин ҷо низ як қисми мардуми Тоҷикистони азиз зиндагонӣ мекунанд ва онҳо низ эҳтиёҷи шадид ба он доранд, ки амнияташон дар ин Афғонистони ҷангзада таъмин бошад. Хулоса  хонандаи азиз, агар силсиламақоларо пурра хонда бошед,  баъдан аз чи гуна ба Тоҷикистон баргаштани мо низ бохабар ҳастед.

Ва акнун бармегардем ба Ғарм ва бубинем, ки сарвари ҳайат ба хоҳиши Сайдамир Зуҳуров чӣ посух медиҳад.

Давлати Усмон дар робита ба ин хоҳиши вазири амният гуфт, ки  нақша ҳамин аст, ки усароро бо маҳбусони сиёсӣ ва бархе аз размандагони собиқи мухолифин, ки дар зиндонҳои ҳукумат ҳастанд, табодул намоем.  Иҷрои хоҳиши Сайдамир Зуҳуров  истисноӣ ба назар мерасад ва бештар аз Маҳмадрӯзӣ вобастагӣ дорад. Вале иҷрошаванда ҳаст. Боварӣ дорам Маҳмадрӯзӣ ба моҳияти масъала сарфаҳм меравад.

Хушнудӣ ва нигарониҳои размандагони мухолифин

Аввалин сӯҳбати аъзои ҳайати муштарак бо фармондеҳон ва размандагони нирӯҳои мусаллаҳи минтақаи Қаротегин дар ноҳияи Ғарм дар вақти таъйиншуда дар яке аз қароргоҳҳои Мирзохӯҷа Низомов баргузор гардид. Тарафи ҳукумат бо далели он ки ширкати онҳо дар ин мулоқоти нахустин шояд ба ошкору фошгӯйи муҷоҳиддин монеъа эҷод кунад ва ин ба манфиати кор нахоҳад буд, лозим донистанд, ки аз иштирок дар он худдорӣ кунанд.

Натиҷаи ин мулоқот чанд нуктаи муҳим дошт. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки фармондеҳон ва размандагони ноҳияи Ғарм қариб ҳама бе ягон истисно аз Созишномаи Хустдеҳ ҷонибдорӣ карданд. Вале дар баробари ин нигарониҳое низ доштанд. Асосан ду масъалаи хеле муҳимро матраҳ мекарданд.

Якум, ҷиҳоди мо чӣ мешавад? Оё магар мо барои эълои калиматуллоҳ ҷиҳод накардаем? Ин қадар шуҳадои хунинкафан додем, магар ҳамаи инҳо баръабас рафтанд? Оё ба ғазаби Худо гирифтор намешавем, ки аз расидан ба ҳадафҳои волои худ ақибнишинӣ мекунем? Дуввум ҳама суол медоданд, ки агар сулҳ шавад дар оянда тақдири онҳо чӣ хоҳад шуд? Вақте мақомоти интизомӣ ва ҳифзи қонун  фаъолияти худро дигарбора аз сар мегиранд, оё таъқиби муҷоҳиддин шурӯъ нахоҳад шуд?

Охир онҳо зидди ҳамдигар ҷангидаанд. Душманиву кудурат дар дилҳо бошад ба зудӣ аз байн нахоҳад рафт. Хулоса саволҳои сершуморе буданд, ки ба ҳар яки онҳо бояд бо таҳаммул, ҷавобҳои мантиқан дуруст дода мешуд.  Зарурати  сулҳ кардан бояд на бо суханҳои хушку холӣ, балки бо истинод ба оёти Қуръони маҷиду аҳодиси Расули Акрам (с), бо мисол овардан аз таърихи ислом ва ғайраву ҳоказо фаҳмонда дода мешуд.

Давлати Усмон ва Мирзомуҳаммадии Навид, ки аз донишмандони хуби улуми исломӣ ба ҳисоб мераванд, дар чунин мавридҳо сухан гуфта бо иқтибосу далелҳои шайъӣ  муҷоҳиддинро мутақоид месохтанд. Агар суолҳо масоили ҳуқуқӣ ва сиёсиро матраҳ мекарданд, он гаҳ  ба онҳо Неъматуллоҳи Билол, Маҳмадалии Ҳаит ва Султони Ҳамад, ки қаблан дар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ичунин васоити ахбори оммаи кишвар ифои вазифа менамуданд, бо такя ба донишу таҷрибаи худ посухҳои даркориро медоданд. Маълум буд, ки дар як сӯҳбати ду се соата на ҳамаи саволҳо дода мешуданду на ба ҳамаи саволҳои додашуда посухҳои қаноатбахш гирифта мешуданд. Бинобар ин дар хотимаи ҳар як мулоқот маслиҳат мешуд, ки ин гуна нишастҳо дар оянда низ пайваста сурат бигиранд.

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 20



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi