СТЕПАН БАНДЕРА ВА “БОСМАЧИҲО”-И ОСИЁИ МАРКАЗӢ
80 СОЛИ ҶУДОӢ ДАР ДУ СӮИ ЯК ДАРЁ
Бино ба маъхазҳои таърихӣ, дар солҳои бисту сӣ ҳамроҳ бо “босмачиҳо” аз тарси истибдоди артиши сурх ва ҳам дар пайи колхозсозӣ танҳо аз ҷануби Тоҷикистон чаҳоряки ҷамъияти якмиллионнафарии ин минтақа ба Афғонистон гузашт. Ва мардум дар ду сӯи Омӯ дар тӯли даҳсолаҳо хабаре аз пайвандони худ надоштанд. Мирзоватан Миров, оҳангсози шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар он солҳо асосан қишрҳои давлатманду босавод тарки ватан кард, зеро ҳаркӣ бой буд ё мулло, кушта мешуд ё бадарға. Ӯ аз ҷумла аз амакаш Сангинмад қисса мекунад, ки ибтидо ба Сибир бадарға шуд, вале фирор кард ва ҳамроҳ бо бародари хурдиаш Саидмаҳмад маҷбур шуд ба Афғонистон ҳиҷрат кунад ва дар улусволии Кишм макон бигирад.
Ба гуфтаи Мирзоватан Миров, амакҳояш дар он сӯи Омӯ дар ҳамагӣ 200 километр аз ватани бобоии худ –Даштиҷум ба сар мебурданд, вале қариб 80 сол гузашт, то дида дигарбора ба дидор бирасад: “Амаки калонии мо дар синни 110 вафот кард ва дуввумӣ - дар синни 95, вале то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мо чандон маълумот аз онҳо надоштем. Падари мо ҳизбӣ буд ва намегуфт, ки бародаронаш ҳастанд. Вақте дар солҳои 80-ум аз он тараф мактуб омад, қатъиян розигӣ надод, ки онро ҳатто кушоем, то ки ба мо осебе нарасад ва мо дар ҷое кор карда битавонем. Агар мефаҳмиданд, ки мо дар Афғонистон хеш дорем, на падарам як кори дуруст ёфта метавонист ва на мо. Балкӣ як умр зери истинтоқи амният мемондем. Бисёр сахт буд. Як нафар, ним нафар ва он ҳам одамоне, ки қаторӣ буданд ва вазифае надоштанд, хешҳояшон аз он сӯ меомад, вале он ҳам пинҳонӣ.”
БОСМАЧӢ КӢ БУД - РАҲЗАН Ё ҒОЗӢ?
Бо ин вуҷуд, ки аз суқути Шӯравӣ 20 сол мегузарад, дар Тоҷикистони кунунӣ то ҳол дар мавриди бозбинии нақши ба истилоҳ “босмачиҳо” дар таърихи навини ин кишвар ба сурати ҷиддӣ ва расмӣ таҷдиди назар нашудааст. Албатта, ба истиснои чанд китобе дар ин замина ва ҳам баҳсҳое матбуотӣ, ки дар авоили солҳои 90 “Чароғи рӯз” ва ахиран ба сурате густарда “СССР” доманаш зад. Ин дар ҳолест, ки ба бовари маҳофил ва муаррихон, зарурати чунин бозбинӣ кайҳо пеш омадааст.
Камолиддин Абдуллоев, муаррихи шинохтаи тоҷик ва муаллифи китоби пурсарусадои “Аз Шинҷон то Хуросон. Аз таърихи муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар асри ХХ” мегӯяд, бо тағйири шароити сиёсӣ ва дастрас шудани манбаъҳои бештари омӯзиш бояд ин корро кард, вале набояд дар ин амр боз ҳам илмро ба сиёсат омехт ва ба зиёдаравиҳо роҳ дод: ”Ин ҳам ҷиҳати таърихӣ дорад ва ҳам сиёсӣ. Аз нигоҳи сиёсӣ дар Узбакистон ин корро кайҳо сар кардаанд, вале оқибаташ ба кандани ҳайкали генерали шӯравӣ Собир Раҳимов овард. Ҳамин хел шуд, ки қаҳрамони замони шӯравиро бадном карданд ва ба ҷои онҳо Кӯри Шермату Эргашу инҳоро нишонданд. Одамонеро ки аз нигоҳи умумибашарӣ сазовори номи қаҳрамонӣ нестанд.”
ФУЗАЙЛ МАХСУМ ВА ЧИНОР ИМОМОВ
Аммо Ҷонибеки Асрориён, муаллифи китоби “Босмачӣ -душмани болшевизм” мегӯяд, дар баробари муборизаҳои Нусратуллоҳ Махсуму Шириншоҳ Шотемур ва Чанор Имомов барин шахсиятҳо аз як сӯ, аз сӯи дигар муқовимати сарсахтонаи зери 200 гурӯҳи муҷоҳидин дар паҳнои бузурге аз Фарғонаву Мастчоҳ то Кӯлобу Қаротегин ва Дарвоз ҳам буд, ки Маскав мавҷудияти қавме бо номи тоҷикро эътироф ва алорағми хости Узбакистон ба таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кунад:
”Вақте мо давлатмардии Эшони Султон, Фузайл Махсум, Шермуҳаммадбек ва амсоли онҳоро мегӯем, хайёл мекунанд, ки мо рӯи Чинор Имомову Нусратуллоҳ Махсум ва ҳамсафони онҳо хати бутлон мекашем. Чунин нест. Ҳар кадом онҳо бо тариқи худ мубориза кардааст. Чанор Имомов ва онҳое, ки расман қаҳрамони миллат эълон шудаанд, тавонистанд миллати тоҷикро аз несткунии русҳо эмин бидоранд. Қаҳрамонҳои ҳарду ҷонибро бояд шинохт. Худи муборизаи онҳо барои хок як қаҳрамонист. Дар ҳамон давра пайдо шудани Ҷумҳурии Балҷувон ё Ҷумҳурии Мастчоҳ ҳокист, ки онҳо он қадар мардуми беандеша ва дур аз сиёсат набуданд.”
Вале Камолиддин Абдуллоев нақши муқовимат дар таъсиси Тоҷикистонро муҳим ё асосӣ намедонад. Ба ақидаи ин муаррих, надоштани созмон ва ташкилоти сиёсӣ ва ҳам заъфи зарфиятҳои интеллектуалӣ аз омилҳоест, ки дар ниҳоят боиси шикасти муҷоҳидин шуд: “Дар он давра ҷадидҳо буданду босмачиҳо, вале онҳо як набуданд, ки як ҳаракати умумихалқӣ созмон диҳанд. Муллоҳо мегуфтанд, ки ин ҷиҳод аст ба зидди истилогарон. Ва аксар барои дифоъ аз қабилаву аз қишлоқи худ силоҳ гирифта буд ва касе фикри дифоъ аз манфиатҳои умумимиллиро надошт. Агар онҳо ҳамроҳ бо интеллектуалҳои он замон як ҳаракат месохтанд ва зӯроварӣ шеваи асосии кори онҳо намешуд, гапи дигар буд. Вале аксар зӯроварӣ буду кушокушӣ. Барои ҳамин, мо онро ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқи тоҷик номида наметавонем.”
МАЪНОИ “БОСМАЧӢ” ЧИСТ?
Вожаи “босмачӣ”, ки решааш аз калимаи туркии “басмақ” ва ба маънои ҳамла кардан аст, тамғае буд монанди вожаи “душман”, ки Шӯравӣ дар солҳои 80 ба пешонии муҷоҳидини афғон зада буд, вале худи онҳо ба худ муҷоҳид ё ғозӣ мегуфтаанд.
Сайфуллоҳ Муллоҷонов, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, ба инки таърихи солҳои бисту сӣ ба таҳрире куллӣ ниёз дорад, ҷои тардид нест ва ба бовари ӯ, ин бознигарӣ бояд аз худи ҳамин лақаби “босмачигарӣ” шурӯъ шавад, ки душманаш – ҳукумати шӯравӣ додааст. Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ҳатто дар китобҳое, ки дар солҳои истиқлол чоп шуд, бештари муаррихони мо то ҳол ҳамон номи қадимаи “босмачигарӣ”-ро ба он илҳоқ мекунанд ва бе он ки ин ҷунбишро таъйид кунанд ё накунанд, истилоҳи “ҳаракати муқовимат”-ро қабул надоранд, ки иллаташ ҳам он насли муҳофизакори муаррихонест, ки ба таъбири ҳамсӯҳбати мо, “ҳарфи таърих то ҳол дар даҳони онҳост ва қаламрави таърихро низ ҳаминҳо банд кардаанд.”:
“То имрӯз дар бораи ин ҳаракат фақат дар матбуот чизҳое навиштанд, ки ғайриҳирфаиянд, яъне ҷанбаи илмӣ надоранд ва фақат кори журналистианд. Чунки, мутаассифона, мо бо насле ки байни муаррихони пиру ҷавони мост, ба далели ҷангу тарбия нашудани кадрҳои миллӣ каме қафотар мондем. Аслан мо дар ин масъала таъхирро ҳам раво доштем. “
БАҲСИ ҶАНБАИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ
Ҷанбаи миллӣ надоштани он ҳаракат, ба гуфтаи Сайфуллоҳ Муллоҷонов як далели дигари пойфишории насли кӯҳнаи муаррихон ба арзёбиҳои замони шӯравӣ дар қиболи нақши “босмачиҳост”: “Бештари муаррихони собиқ коммунистии мо мегӯянд, ки ҳаракати муқовимат ҳам ҷанбаи миллӣ надошт ва ҳам аксари фармондеҳонаш ғайритоҷик буданд. Пешвои ин ҳаракат Иброҳимбеки лақай. Ё он гумоштаҳое, ки аз Туркия омада буданд, ба мисли Анварпошову Салимпошо. Ё Давлатмандбӣ дар Кӯлоб, ки аз туркҳои Балҷувон буд. Инҳо аввалан, тоҷик набуданд ва идеяи давлатдорӣ надоштанд, ки матраҳ кунанд. Ҳатто Фузайл Махсум. Танҳо ҳаракати муқовимат дар Мастчоҳ истисност, ки ҳарчанд ба сурате соддаву примитив, вале ба ҳар сурат, аз давлати Шӯравӣ талабе карданд, ки давлати онҳоро дар қаламрави Мастчоҳ ба расмият бишиносад.”
Бархе муаррихони дигар низ ба далели аз қабилаҳои узбак будани бештари фармондеҳони муқовимат ва ҳам ҳадафаш, ки эҳёи аморати Бухоро ва ба тахт боз овардани Олимхони манғит буд, ба ҷанбаи тоҷикии он ҷунбиш шакк меоранд. Вале Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ин ҳаракат умдатан ҷунбиши тоҷикҳо буд: “Мадаминбек, аз шахсиятҳои муҳими он даврон буд. Шермуҳаммадбек, ки тоҷики Фарғона буд. Ё Ҷумҳурии Мастчоҳ, ки 5 сол дошт дод. Зиёда аз 200 гурӯҳи дигар буд, ки ҳамагӣ тоҷик буданд. Дар Самарқанд чанд гурӯҳ буд. Фузайл Махсум, ки 5 000 лашкар дошт, тоҷик буд. Давлатмандбий аз туркҳои Балҷувон буд, вале аз 1800 саворааш аксар тоҷикони Кӯлоб буданд. Ҳарчанд босмачӣ истилоҳи туркист, вале ҳаракати муҷоҳидин баромад ва қувваҳои асосиаш сирф тоҷикист.”
БОЯД АРҶГУЗОРӢ ШАВАНД!
Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, дар Тоҷикистон дар баробари асосгузорони давлати Шӯравӣ, ки расман қаҳрамон шинохта шудаанд, бояд барои гиромидошти ёди он ҳазорон нафаре, ки ба хотири ин хок бо нирӯи қавие, чун Шӯравӣ, набард кардаанд, низ иқдомҳое сурат бигирад: “Ман сад дарсад тарафдори онам, ки ин мардум – на як ё ду нафараш, балки кулли онҳо- қаҳрамон шинохта шаванд. Нафақат худи онҳоро аз байн бурданд, балки шумори бузурги ақрабову авлоди онҳо дар ҷангалҳои Русия то соҳилҳои рӯди Об нест карданд. Ва баъдан ҳам то солҳои шасту ҳафтод пайвандони онҳо ба маҳзи фарзанди “душмани халқ” будан ҷабр диданд. Ва ба хотири гиромидошти арвоҳи эшон, эътои унвони қаҳрамонӣ ба онҳо шарт ва зарур аст. Гузоштани муҷассамаҳо барои муҷоҳидини он солҳоро низ аз қарзҳои мардуми тоҷик мешуморам.”
Бо ин ҳол, таърихшиносон бар пайомадҳое низ меандешанд, ки аз ин мавҷи бузурги фирори мағзҳо дар солҳои бисту сӣ ба бадани генофонди миллати тоҷик расид. Муаррихи маъруф Камолуддин Абдуллоев аз ҷумла мегӯяд, фақат дар нимаи дуввуми солҳои бист ва танҳо аз ҷануби Тоҷикистон чаҳоряки аҳолӣ, ё тақрибан 250 000 нафар ба он сӯи Омӯ рафт ва умдатан қишри босаводу донишманд, ки баъди чанде элитаи Афғонистони он давронро ташкил дод.
…ВА БАРГАРДАНД
Оҳангсози маъруф Мирзоватан Миров мегӯяд, ахиран дар матлабе дар ҳафтаномаи “СССР” аз раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, то ҳадди ақал авлоди онҳоеро, ки дар солҳои бистуму сиюм маҷбур ба тарки ватан шуданд, баргардонанд ва дар Тоҷикистон макон бидиҳанд. Ӯ мегӯяд: “Онҳоро калонтарҳояшон нестанд дигар, вале фарзандони онҳо зиндаянд ва хоҳиши омадан доранд. Масалан, дар як сӯҳбат ба ман гуфтанд, ки агар барои мо дар Бешкент ҳадди ақал ҷо диҳанд, мо бо нӯги белу бо каланд ободаш мекунем. Вале як роҳеро биёбед, ки мо аз ин мулк кӯчида, ба ватани бобоии худ биравем. Онҳоро бо вуҷуди гузашти даҳсолаҳо дар Афғонистон ба унвони муҳоҷир мешиносанд ва аслан бештари онҳо дар дари хонаи бойҳои афғон чоряккорӣ мекунанд ва ҳуқуқи чандоне надоранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, мисли қазоқҳову узбакҳо, мо ҳам онҳоро биорем. Барои ин парлумон бояд қарори махсусе қабул кунанд. Хоҳишмандони бозгашт зиёданд.”
МАЗОРИ ДАВЛАТМАНДБИЙ
Ин ҳама баҳсҳо дар атрофи нақшу саҳми ҳаракати муқовимати солҳои бисту сӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд муҷассамаву нимпайкараҳои 44 нафар аз шахсиятҳои шинохтаи таърихиву фарҳангии мардуми тоҷикро дар гулгаштҳои байни сохтмонҳои ҷадиди Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ баланд кунанд. Албатта, хеле баъид аст, ки дар ин гулгаштҳо ба кадоме аз ин “босмачиён” ҷо диҳанд. Танҳо иқдоме расмӣ дар ин замина то ҳол аз сӯи ҳукумати ноҳияи Балҷувон шудааст, ки барои бунёди оромгоҳи Давлатмандбӣ назари вазорати фарҳангро пурсидааст.
Мирзои Салимпур, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/4150-2011-01-14-09-27-23.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ