| “СОЗИШНОМАИ БЕЛОВЕЖ- СОЗИШИ ОЗОДӢ БУД Ё ТАВОФУҚИ ХИЁНАТОМЕЗ” |
| Мақолаҳо - Таърих | |||
| 09.12.2011 09:43 | |||
Бисёреҳо, ба вижа мунтақидони системи сусиёлистӣ он замон аз имзои ин созишнома хушнуд буданд ва фурӯпошии Шӯравиро чун аз ҳам пош хӯрдани як “зиндони бузурги ҷаҳонӣ” арзёбӣ карданд. Аммо ин созишнома дар авоили соҳои 1990 ва имрӯз низ мухолифоне доштааст. Раҳбари ҳизби куммунисти Тоҷикистон ин созишномаро як “тавофуқи хойинона” хонд. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон
Ин тойифа дар ҳамаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба сар мебаранд ва то ҳол бо истифода аз вазъи бади иҷтимоъии аксари марум ба ҷамъоварии сармоя барои худ ва пайвандонашон машғуланд. Беш аз 70 дар сади мардумони оддии кишварҳои Шӯравӣ дар назарпурсии соли 1991 барои нигаҳ доштани ин иттиҳод раъй дода буданд. Зеро системи сусиёлистӣ ба суди мардум кор мекард. Ман ба он боварам, ки дар даҳ солаи оянда дар ҷаҳон таҳавуллоти ҷадиде сурат мегирад ва бисёре аз кишварҳо, ки дигар бо модели Урупоӣ ва Омрикоӣ зистан намехоҳанд системи давлатдории сусиёлистиро интихоб хоҳанд кард. Бубинед, бархе аз кишварҳои ҷаҳон, ки аз системи сусиёлист даст накашидаанд, аз ҷумла Чин тавонистанд бӯҳрони ҷаҳонии молиро ба осонӣ пушти сар кунанд. Вале кишварҳои Урупо ва Омрико аз ин бӯҳрон хисороти ҷиддие дидаанд.” Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Алббата ин воқеъият ба ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ таъаллуқ надорад, масалан дар кишварҳои Болтик ва бархе аз кишварҳои Қафқоз ин раванд ба шакли дигар сурат гирифт ва метавон гуфт, ки мардумони бархе аз ин мамолик ба як ҳуввияти миллии нисбӣ расидаанд. Вале дар Осиёи Марказӣ мутаъассифона мо ин мушкилро ҳануз ҳам дорем. Ба назари ман агар агар созишнома дар ҳолати ислоҳшудани Шӯравӣ имзо мешуд ва кишварҳо дар асоси як созишномаи наве вориди он мешуданд, ин иттиҳодия то даҳ соли дигар идома меёфт то ин ки миллатҳои мухталифи Шӯравӣ як марҳаллаи нимдемукротиро дар ҳайъати ин иттиҳод тай мекарданд, он гоҳ метавонистем бигӯем, ки пас аз пошхӯрии он ин кишварҳо ба як озодии нисби миллӣ мерасиданд. Вале ҳоло ин миллатҳо аз диктотурии як ҳизб, дар замони Шӯравӣ берун шуданд ва дар диктотурӣ ва ё дар хонигарии шахсиятҳо ё гурӯҳҳои алоҳида афтоданд, ки аз вазъи пешин чандон фарқ намекунад. Ҳатто дар солҳҳои ахир, як ё ду сол қабл аз фурӯпошии Шӯравӣ мардумони ин иттиҳодия озодиҳои бештар доштанд, аз оне, ки ҳоло дар кишварҳои Осиёи Миёна дорад.” Махфират Хидирова, бахши ҲХДТ дар порлумон
Вале бо азҳампошии ин иттиҳодия вобастагиҳои иқтисодии кишварҳои он низ аз ҳам гусехта шуд ва бисёре аз кишварҳо ва сокинони онро дучори душвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ кард. Ҳамчунин бархе аз кишварҳои ин иттиҳодия дучори низоъҳои дохилӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз таҷрибаи Тоҷикистон мо медонем, ки аз рӯзҳои аввали фурӯпошии Шӯравӣ то ҳол мо як марҳалаи ҷиддиро тай кардем, аммо муҳимтар аз ҳама барои мардуми мо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ таҳкими пояҳои истиқлолият буд ва имрӯз хушбахтона қабл аз ҳама сулҳу субот, як оромие, ки нишондиҳандаи асосии рушди сиёсии ҷомеъа ба шумор меравад, мардуми мо онро доранд ва мо чун субекти мустақил дар ҷаҳон баромад мекунем ва моро ҳамчун давлати мустақил дар ҷаҳон мешиносанд, ки фахри бузурге барои ҳамаи мо аст.” Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон
Ва дар ин солҳо иқтисоди ин кишвар ба сифр расид, давлат низ натавонист амнияти иқтисодиро таъмин кунад ва дар кишварамон танҳо талаву тороҷкунӣ буд. Ва кишварҳои дигари ин иттиҳодия низ ба ҷуз аз кишварҳои Болтик дар вазъи мушобеҳе қарор доранд. Фақат барои Русия фурӯпошии Шӯравӣ судовар буд, зеро ин кишвар дар даврони Шӯравӣ ва ба вижа баъд аз пош хӯрдани он кишварҳои дигари ин иттиҳодияро ғорат карданд.” Саид, як сокини Душанбе “Ман то ҳол аз даврони Шӯравӣ чун аз замони хеле ободу ором ёд мекунам ва фирк мекунам, ки фурӯпошии Шӯравӣ ҳарчанд хуб аст, вале зиндагии мардум баъд аз он бадтар шуд. Мисол ман дар мактаби давраи Шӯравӣ бепул таҳсил мекардам, вале ҳоло барои фарзандонамон ҳар моҳе аз даҳ сомонӣ зиёд маблағ пардохт мекунем. Дар даврони Шӯравӣ мо аз ояндаи худ тарс надоштем ва медонистаем, ки оромона зиндагӣ хоҳем кард. Вале ҳоло намедонам, ки фардои ман чи мешавад?” Баҳодур, як ҷавон аз ҷумлаи сокинони Душанбе “Ман давроин Шӯравиро ёд надорам. Ҳамагӣ ду сола будам, ки ин иттиҳод пош хӯрд. Қаблан ҳамаи фаъолиятҳои кишварҳои Шӯравӣ аз Маскав идора мешуд. Аммо он ки давлати мо акнун ба фармони Маскав кору фаъолият намекунад хуб аст. Ман озодиямро дӯст медорам. Он ки мардуми мо дар Русия муҳоҷир аст, ин муваққатӣ аст ва сокинони худи Русия низ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корҳои мавсимӣ машғуланд.” BBC
|










