19:58:04 16-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ҲАВОЛАИ ҚОТИЛОНИ МОДАР, ФАРЗАНДОН, БАРОДАРУ ХОҲАРАМ БА ХУДОСТ...'

Ҷумъабек Мунавваров, сокини 53-солаи рустои Нимиҷи шаҳристони Ғарм, баъд аз исобати се мушак ба манзил ва кушта шудани шаш узви хонаводааш, натавонистааст дар он макон хонаи ҷадиде бунёд кунад. Вай мегӯяд, ки тавони дидани ин маконро надорад, зеро замоне ки ба ҷойи ҳодиса наздик мешавад, ба ёдаш модари хунолуд ва фарзандони равоншодаш меоянд, ки аз пораҳои мушак кушта шудаанд.

/images/stories/2012/06/22_jumabek-munavvar-220612.jpgОқои Мунавваров дар ҷойи дигаре манзил сохта ва зиндагии тозаеро оғоз кардааст, вале захмҳои аъзои дигари хонаводааш, аз ҷумла ҳамсар ва духтараш, ки дар ин ҳодиса маълул шудаанд, ҳамчунон боқист. Аммо онҳо то ҳол наметавонанд аз давлат ҳуқуқи бознишастагӣ бигиранд.

Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт дар сафаре ба минтақаи Рашт бо Ҷумъабек Мунавваров дар рустои Нимиҷи шаҳристони Ғарм суҳбат карда ва аз хотироташ дар бораи ҷанги дохилӣ пурсидааст:

-Лутфан, дар бораи ҳодисаи исобати мушак ба манзилатон бигӯед?

-Он рӯз шаш нафар аз хонаводаи мо кушта шуданд. Ман ба сабаби он ки захмӣ шуда ва зери овор монда будам, дақиқан аз куҷо паридани мушакро ёд надорам. Ин ҷо ҳар хел гапҳо ҳаст. Баъзеҳо мегӯянд азбаски ки дар канори манзилам чойхонае ҳаст, мушак ба он ҷо партоб шуда, аммо ба хонаҳо задааст.

Он замони мушакпартоӣ хоҳарчаи ман гуфт, ки кӯдакаш дар гаҳвора дар дохили манзил танҳо мондааст. Ман тез-тез хостам ба манзил дароям ва гаҳвораро гирам. Ва ин вақт самолёт (ҳавопаймо) бо пулемёт (мусалсал) зад ва хона пеши сутун (симчӯб ё тири барқ) буд ва тагаш суфа буд. Хоҳарчаам гаҳвораро ба даст гирифт ва дар хона, мо пули (сақфи) пеши хона мегӯем, ӯро зер кард ва вай ба шаҳодат расид.

Ман зери хок мондам. Сараввал фикр кардам, ки мурдаам. Мардум мегӯянд вақте ки одам мурд, суханро мешунаваду пой ва дастонашро ҷунбонда наметавонад. Ман таги хок панҷ шаш соъат мондам ва тавба ва надомат мекардам. Поямро кашидам, ки поям меҷунбад. Баъд аз он ки чанд вақт мегузарад, ман равшаниро дидам ва ба сӯйи он хазидам ва ба берун баромадам.

Аз даҳон ва гӯшу биниям хун мешорид. Назди ҳавлӣ баромадам ва нахуст модарамро дидам, ки пораҳои мушак ба синааш зада ва синааш хуншор ва ӯ мурда буд. Мо ду бародар будем ва бародарам дар наздикии модарам буд ва аз сараш захмӣ шуда ва ӯ ҳам мурда буд. Як хоҳарзодаам низ дар ин ҳодиса фавт кард. Як духтар ва писари бузурги ман низ кушта шуданд.

Ман он ҷо беҳол будам, ки садои гиряи кӯдакро шунидам, ба сӯйи овоз рафтам ва аз он сӯрохӣ дубора ба манзили харобазор даромада дидам, ки Қодирҷон, хоҳарзодаам, дар дохили гаҳвора зинда мондааст. Ҳоло вай дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Дар ҷараёни ин доругир сокинони русто ба ҳар тараф гуреза шуданд. Ман бо ҷасадҳои хешовандонам танҳо мондам.

Ду ҳамдеҳаам маро ба хонаашон бурданд ва фардои он рӯз бо бархе аз мардуме, ки дар қишлоқ (русто) монда буданд, мурдаҳоро ба хок супоридем. Ман бехонаву ҷой мондам. Он замон сард буд ва барф меборид. Ин ҳодиса зимистони соли 1993 рух дод.

-Бо аъзои дигари хонавода чӣ шуд? Ва таъсири ин ҳодиса ба онҳо чигуна буд?

-Басона, духтари ман, аз дасташ захмӣ шуд. Ман дидам, ки аз дасташ хун мешорад, як латтаро ёфтаму хунравии дасташро бастам. Ҳамсарам низ захмӣ шуда буд. Ҳоло мехоҳам Басона ва ҳамсарамро ба унвони маълул сабт кунам, аммо то ҳол наметавонам ин корро кунам ва онҳо маъоши маълулӣ намегиранд.

Дар архиви (бойгонӣ) ноҳия ҳам ягон хел мадорик боқӣ намондааст. Тамоми мадорике, ки духтурон (пизишкон) доданд, сӯхт ва ҳоло барои инҳо наметавонам коре кунам. Ҷойи захмҳои Басона дар фаслҳои баҳор ва пойиз дард мекунанд. Ман барои табобати вай аз Русия дору меорам. Ҳамон рӯзҳо самолётҳо (ҳавопаймоҳо) болои мардум ин тараф ва он тараф мепариданд. Ин самолётҳои разведка (иктишофӣ) буданд.

-Оқои Мунавваров, Шумо намедонед, ки он ҳавопаймоҳо ба чи гурӯҳ ё кишваре таъаллуқ дошт?

-Не, чаро? Аз рӯйи пораҳои мушакҳо мо фаҳмидем, ки ин ҳавопаймоҳои Узбакистон буд. Болои онҳо "Узбекская ССР" навишта шуда буд. Ман баъди ҷанг дар шаҳри Новосибирски Русия будам ва бо як нафаре, ки лётчик (халабон) буд, вохӯрдам.

Ин шахс ки модараш рус ва падараш узбак буд, мегуфт, ки "рости гап, моро маҷбур мекарданд, ки мо бумбҳоро он ҷо партоем, вале диламон намешуду мо бумбҳоро ба кӯҳистон мепартофтем."

Вай гуфт, ки "сипас мардуми он ҷо хабар бурданд, ки мо бумбҳоро махсус ба нишона намерасонем ва баъд маҷбур шудем, ки бумбҳоро ба ҷойи таъйиншуда партоем." Ана ҳамин хел гапҳо мешунидем.

-Оқои Манавваров, ба назари Шумо, қувваҳое, ки сабаби ба ҷанг кашида шудани Тоҷикистон шуданд, дар дохили кишвар буданд ва ё унсурҳои бегона низ дар сар задани ин ҷанг даст доштанд?

-Инҳо кори қувваи беруна буд. Ман гуфтам, ки дар мушакҳо ва бумбҳое, ки он замон ба қишлоқ (русто) меафтиданд, "Узбекская ССР" навишта шуда буд. Масалан, ҳоло низ агар бо дӯстони кӯлобӣ, ки аз он сӯ ҷанг мекарданд, менишинему суҳбат мекунем, онҳо мегӯянд, ки моро фармуданд, ки ҷанг кунем. Яроқ (силоҳ) дар ду тараф тақсим мекарданд, ки ба муқобили ҳамдигар ҷанг кунед.

-Баъд аз гузашти 15 сол аз имзои созишномаи сулҳ, Шумо ки аз ҷанг хеле ранҷ бурдед, оё ҳоло метавонед онҳоеро, ки аз силоҳ истифода карданду мӯҷиби кушта шудани аъзои хонаводаи Шумо шуданд, бибахшед?

-Охир онҳоро низ гумроҳ кардаанд. Ин ҷо дасти дасисаи дигар касҳо ҳаст. Чи кор мекунед, мегӯям, ки ҳа, бахшидам! Барои он ки агар аз ҷиҳати шариъат равӣ, онҳо (афроди кушташуда) мартабаи шаҳидиро гирифтаанд... (сукути тӯлонӣ)

Лекин чи хел мебахшӣ? Рости гап, кина надорам. Ман он замон ҳам силоҳ нагирифтам ва алайҳи касе ҷанг накардам. Аз касе қасд нагирифтем.

Ҳаволаи ҳамаи онҳоро ба Худо кардем. Ва дидед, касе ки силоҳ гирифт ва мардуми бегуноҳро кушт, худованд ҳамаро зад! Охирашро фикр кунӣ, ҳеҷ чиз набудааст, як бозӣ буд, як дасиса буд, бозии сиёсӣ буд, асоси ҷанг барои мансаб ва вазифа буд, барои кадоме даркор буд. Вале он замон мегуфтанд, ки самолётҳо (ҳавопаймоҳо) хато карда, ба хонаҳои мардум ракета (мушак) мепартофтанд.

-Ва то ҳол касе аз Шумо расман узрхоҳӣ кард, ки мушак ногаҳонӣ ба манзилатон задааст?

Намедонам. Охир ин ҷо як дасиса буд, қувваҳои бегона буданд... (сукути тӯлонӣ)

-Дар он замон дар рустои Шумо шумори зиёде аз ғайринизомиён кушта шуданд?

Якҷо бо гурезаҳое, ки аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон омада буданд 27 нафар дар замони даргириҳо дар ин деҳа кушта шуданд. Ду нафар аз хонаводаи Ҳоҷӣ Абдулъазиз кушта шуданд. Боз як бачаи амакам кушта шуд.

-Шумо ҳоло ба чи кор машғул ҳастед ва аз чи даромаде рӯз мегузаронед?

-Ман омӯзгори мактаби рустои Нимиҷ ҳастам ва бо маъоши омӯзгорӣ рӯз мегузаронам. Дар назди манзилам каме замин дорам ва аз ҳосили он ҳам рӯзгорамро пеш мебарам.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi