03:12:42 19-уми Августи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ХУСУСИЯТҲОИ ЭТНИКИИИ ТАШАККУЛЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАМАРКАЗ ДАР АФҒОНИСТОН

Раванди ташаккул ёфтани давлати муттамаркази афғонҳо дар нимаи қарни ХVIII бо ташкил ёфтани давлати мустақил аз тарафи Аҳмадшоҳи Дурронӣ дар соли 1747 оғоз гардид. Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонии истилогарона давлати Аҳмадшоҳ ба империяи Дуррониҳо табдил ёфта, дар ибтидо минтақаҳои пуштунишин ва баъд дигар минтақаҳои сукунати мардумони ғайрипаштун муттаҳид гардонида шуданд.

/images/stories/2012/07/02_afghanistan-020712.jpgЗуҳур ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии феодалӣ дар миёни қабилаҳои паштун заминаҳои дохилиро барои ташкил ёфтани давлати афғонҳо муҳайё сохт. Ҳамзамон барои ин омилҳои беруна - пароканда гардидани давлати темуриёни Ҳинд, аз байн рафтани империяи Нодиршоҳ дар Эрон ва парокандагии сиёсӣ дар Осиёи Миёна мусоидат намуданд.

Империяи Дуррониҳо бар пояи ҳокимияти сиёсии қабилаҳои абдолӣ-дурронӣ ташкил ёфта намунаи давлати қабилавӣ буд, ки дар шароити бӯҳрони системаи анъанавии идораи давлат ва давлатдорӣ ба вуҷуд омада буд.

Яке аз вижагиҳои давлати Аҳмадшоҳ ва ворисони ӯ хусусияти истилогаронаи давлат буд. Ҳанӯз дар қайди ҳаёт будани бунёдгузори давлати афғонҳо минтақаи шимолу ғарби Ҳинд, Балуҷистон, Хуросон, Сиистон, муваққатан Балх ишғол гардида, забткориҳои хонҳои афғон то Марв ва Бадахшон расиданд.

Ба қавли шарқшиноси намоён И.М. Рейснер «забткориҳои афғонҳо инъикос ва натиҷаи рушди феодализм дар ҷомеаи афғонӣ буда, хонҳои онҳо бо ин роҳ мекӯшиданд шиддати таззодҳои табақотиро паст намоянд ва нерӯи низомиро бо мақсади забт ва тороҷи кишварҳои ҳамсоя истифода намоянд» (Рейснер И.М. Развитие феодализма и образование государства у афганцев. М.: 1954.- С.343.).

Ҳанӯз дар ибтидои солҳои 50-уми қарни XVIII лашкари шоҳӣ хонигариҳои соҳили чапи Омӯдарёро, ки баъд аз афтидани давлати Нодиршоҳ мустақил гардиданд, истило намуданд. Мувофиқи маълумоти афсари низомии рус С.Н. Южаков дар ин минтақа хонигариҳои Бадахшон, Қундуз, Андароб, Хулм, Мазори Шариф, Балх, Бомиён, Оқча, Сари Пул, Андхой, Маймана ва Шибирғон мавҷуд буданд (Южаков С.Н. Афганистан и сопредельные страны. СПб.: 1885. Цитата по: Шумов С., Андреев А. «История Афганистана». - М.: 2002.- С.65.).

Ҳокимияти афғонҳо дар минтақаҳои забтгардида устувор набуд. Аҳмадшоҳи Дурронӣ маҷбур буд ба муқобили аҳолии ин минтақаҳо борҳо лашкаркашӣ намуда, дар Балх – муҳимтарин шаҳри он, пойгоҳи низомӣ ташкил намояд. Ба кӯшишҳои зиёди Аҳмадшоҳи Дурронӣ ва ворисонаш нигоҳ накарда, ба афғонҳо муяссар нагардид, ки ин хонигариҳоро пурра тобеъ намоянд.

Дар мавриди Бадахшон ҳам бояд иқрор намуд, ки ҳокимияти афғонҳо дар ин ҷо заиф ва муваққатӣ буд. Низомиёни рус тасдиқ намуда буданд, ки фақат «аз соли 1869 Бадахшон мустаъқилияти худро аз даст дода, ба ҳукумати Афғонистон тобеъ гардид» (Арандаренко Г.А. Досуги в Туркестане(1784 – 1889). СПб.: 1889 - С.513.).

Вилоятҳои шимолии соҳили чапи дарёи Панҷ-Омӯ – Бадахшон, Қундуз, Балх, Самангон ва ғайра фақат дар замони Абдураҳмонхон дар натиҷаи ҷангҳои шадиду бераҳмона, пахш намудани муқобилият ва баромадҳои оммавии аҳолии ин минтақаҳо пурра забт гардида буданд.

Мардумоне, ки ба барқарор гардидани ҳокимияти афғонҳо муқобилият менамуданд, ба ҷазои сахт гирифтор мегардиданд. Барои дар ҳолати тарсу ваҳм нигоҳ доштани мардум ашрофзодагон ва тоҷирони маҳаллӣ ҷазо дода мешуданд. Масалан, ҳангоми истилои Бадахшон сарбозони амир 50 нафар тоҷирони бадахшониро ҳабс намуда, онҳоро дар ташкил намудани ҳамла ба маҳаллаҳо ва посбонони низомӣ муттаҳам донистанд. Бо дастури шахсии амир Абдураҳмонхон амволи тоҷирон мусодира гардида, аспҳои онҳо ба ихтиёри лашкар дода шуд.

Мувофиқи навиштаҳои амир ба он нигоҳ накарда, ки аҳолӣ барои пардохти товони калон барои ҳар як аз тоҷир омода буд, «…ман амр додам то онҳо бо тӯп парронда шаванд, зеро онҳо ба муқобили мардуми бегуноҳи ман ҷиноятҳои сангин содир намуда буданд. Ин ҷазо аз болои онҳо иҷро гардид» (Автобиография Абдурахман-хана эмира Афганистана. Издано Султаном Магомет ханом. В 2-х томах. Т.1.- СПб.: 1901.- С.55.).

Барои ба тобеъияти хонҳои афғон даромадани минтақаҳои шимоли Ҳиндукуш ду омил таъсиргузор буд: аввал - ин минтақа аз марказҳои таърихӣ ва қавмии хеш дур ва аз пуштибонӣ ва кӯмаки Бухоро маҳрум гардида буд. Дар натиҷа ин хонигариҳои кӯчак аз тарафи истилогарони афғонӣ ба осонӣ забт гардиданд; дуввум - баъд аз кӯшиши нокоми Британияи Кабир барои таҳти тасарруф даровардани Афғонистон (солҳои 1878-1880) ва дар зери таъсири пешрафти босуръати Россия дар Осиёи Миёна, Британияи Кабир ба амири Афғонистон барои истилои вилоятҳои шимолӣ кӯмаки низомӣ ва молиявӣ расонид. Ба қавли олими шуравӣ П. Алексеенков минтақаҳои шимолӣ «бо кӯмаки фаъоли Англия аз Бухоро ҷудо карда, ба вилояти Афғонистон табдил дода шуданд» (Алексеенков П. Аграрный вопрос в Афганском Туркестане. - М.: Международный аграрный институт, 1933. - С. 22.).

Лашкаркашиҳои ғоратгарона ва истилои чандбораи минтақаҳои сукунати тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигар қавмҳои ғайриафғон то охири қарни XIX идома ёфтанд, дар ҳоле, ки империяи Дурронӣ аз байн рафта, мубориза дар байни кабилаҳо ва сулолаҳои паштун барои ба даст даровардани қудрати сиёсӣ дар Афғонистон идома дошт. Чуноне ки олими қазоқ С.М. Акимбеков таъкид менамояд «…аз давлати қабилаи абдолӣ тадриҷан давлати паштунҳо ташаккул ёфт, ки бо рушди огоҳии милии паштунҳо муддаъои давлати миллӣ барои ҳамаи паштунҳо гардид»( Там же.- С.21.).

Рақобат миёни Британияи Кабир ва Россия барои истиқрор, истеҳком ва тақсими доираи нуфуз дар минтақа дар тамоми қарни XIX омили дигаре буд, ки ба амир Абдураҳмонхон даст дод то ба раванди ташаккул додани давлати муттамарказ хотима бахшад. Ҳадафи асосии низомӣ-сиёсии империяи Британия таъмин намудани амнияти ҳукмронии худ дар Ҳиндустон буд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф Британияи Кабир дар музокирот бо Россия дар солҳои 1871-1885 дар мавриди муайян намудани марзҳои шимолии Афғонистон сиёсати хориҷии фаъолро пеш гирифта буд.

Дар натиҷа, Россия ва Британия Кабир ба натиҷа расиданд, ки «барои ҳифз намудани муносибатҳои нек ба маврид мебуд минтақаҳои тобеъи тарафҳо дар Осиёи марказӣ аз ҳамдигар дур бошанд ва … бо ин мақсад тарафҳо дар байни худ минтақаи бетарафро таъин менамоянд. Дахолатнопазирӣ ба умури ин минтақа барои тарафҳо амри ҳатмӣ мебошад»( Афганское разграничение. Переговоры между Россией и Великобританией 1872-1885. Издание Министерства иностранных дел,1886. - С.3.).

Пешниҳоди Британияи Кабир мавриди пуштибонии Россия гардид ва ба сифати минтақаи бетараф Афғонистон эътироф гардида буд ва тарафҳо ӯҳдадор гардиданд, ки аз дахолат ба умури ин кишвар худдорӣ намояд. Россия дар Осиёи Миёна ҳамон ҳадафҳоро амалӣ менамуд, ки Британияи Кабир дар минтақаҳои ҳаммарзи Ҳинд - минтақаҳои сукунати қабилаҳои пуштун ва Балуҷистон амалӣ менамуд.

Моҳияти сиёсати Англияро нисбат ба Афғонистон муайян намуда, И.М. Рейснер навишта буд: «Афғонистон бояд як давлати таҷзиянопазир мегардид, то Россия натавонад кисматҳои шимолии онро кашида гирад ва аз тарафи дигар, бояд ақибмонда ва аз лиҳози иқтисодӣ пароканда боқӣ мемонд, зеро дар акси ҳол … Афғонистон дар сурати муттаҳид гардидан бо қабилаҳои озод метавонист ба Ҳинд «таҳдид» намояд» (Рейснер И.М. Афганистан. – М.: Изд. Комакадемии, 1929. – С.93.). Воқеан Британияи Кабир манфиатдор буд, ки Афғонистон ҳамчун давлат дар шароити ақибмондагӣ, вуҷуд надоштани роҳҳо ва иртибот,  муносибатҳои қабилавӣ ва иқтисоди заиф боқӣ монда, Ҳиндро аз ҳамлаи эҳтимолии Россия ҳифз намояд.

Ҳукумати Англия бо мақсади ҷилавгирӣ аз пешравии Россия ба ҷануб ва таъмини амнияти мулкҳои худ барои ҳарчи зудтар муайян намудани сарҳади шимолии Афғонистон кӯшиш менамуд. Дар мавриди вазъияти дохилии Афғонистон бошад, ҳукумати Англия дар интихоби ҳокими ояндаи Афғонистон мавқеъи қатъӣ надошт ва дар ибтидо мақсад дошт кишварро ба якчанд мулкҳои хурди тобеъ тақсим намояд.

Дар ин бора дар мактуби намояндаи сиёсии Британияи Кабир Л. Гриффин ба Абдураҳмонхон аз таърихи 14 июни соли 1880 сухан мерафт: «Дар мавриди марзҳо … тамоми вилояти Кандаҳор ба ҳокими дигар тобеъ мегардад. Ба истиснои ин, ҳукумат омода аст, ба Шумо имкон диҳад, то ҳокимияти худро дар саросари Афғонистон, аз ҷумла дар Ҳирот ташкил намоед, он ҳокимиятеро, ки амирони хонадони Шумо дар гузашта доштанд» (Автобиография Абдурахман-хана эмира Афганистана. Издано Султаном Магомет ханом. В 2-х томах. Т.1.- СП б.: 1901.- С.226.).

Дар баробари ин дар нома таъкид мегардид, ки ҳукумати Англия ба Абдураҳмонхон барои ба даст овардани Ҳирот кафолат намедиҳад, вале ба чораҳои амир барои ба даст овардани ин вилоят мамониат нахоҳад намуд.

Ҳамин тариқ, истеъморгарои англис баъд аз шикаст дар ҷанги дуввум бо афғонҳо имконияти пурраи ба зери тассаруфи худ даровардан ва ё ҷудо кардани як қисми Афғонистонро аз даст дода буданд. Бинобар ин, ҳукумати Британия таъмини назорат аз болои сиёсати хориҷии Афғонистон ва минтақҳои шарқии кишвар - минтақаи сукунати қабилаҳои афғонро ҳамчун пирузии бузург маънидод мекард.

Ба шикасти худ нигоҳ накарда, ҳукуматдорони англис аз зиддият ва ихтилофот байни намояндагони хонадони шоҳӣ ба манфиати худ истифода мебурд. Амир Абдураҳмонхон, ки бо кӯмаки аҳолии вилоятҳои шимолӣ ва марказӣ тавониста буд лашкари қавӣ ташкил дода, ба сифати ҳокими аслии Афғонистон аз тарафи ҳукуматдорони англис шинохта шавад, аз тарафи сардор Аюбхон ва хонҳои қабилаи дурронӣ эътироф нагардида буд.

Пас аз барқарор намудани ҳокимияти худ дар Кобул ба амир Абдураҳмонхон муяссар гардид, ки дар соли 1881 Қандаҳор ва Ҳиротро тобеъ намояд. Акнун ҳокимияти амир дар ҳудуди сарҳадҳои дар замони амир Шералихон вуҷуддошта барқарор гардида буд. Дар тӯли солҳои 90-уми қарни XIX Ҳазораҷот ва Кофаристон (Нуристон) ба давлати Афғонистон тобеъ карда шуданд. То ибтидои қарни ХХ бо кӯмаки Британияи Кабир давлати муттамаркази Афғонистон ташаккул ёфт ва бо ибораи И.М. Рейснер Афғонистон «симои давлати сермиллати аз қисмҳои алоҳида иборат бударо ба худ гирифт» ( Рейснер И.М. Афганистан… – С.95.).

Масъалаи муайян намудани сарҳадҳои шарқии давлати Афғонистон мавзӯъи музокироти тӯлонӣ байни намояндагони ҳукумати англис ва амир Абдураҳмонхон гардила буд. Бо таҳдиди оғоз намудани ҷанги нав, англисҳо дар моҳи ноябри соли 1893 давлати Афғонистонро ба имзои муоҳидаи нав маҷбур намуданд, ки мувофиқи он амир Абдураҳмонхон ҳукмронии англисҳоро аз болои минтақаи васеи сукунати қабилаҳои паштун эътироф намуд. Дар натиҷа бештари қабилаҳои паштунҳои шарқӣ берун аз ҳудуди давлати Афғонистон монданд.

Ҳамин тариқ, ҳанӯз дар охири қарни XIX ҳукуматдорони англис мустамликаи худ – Ҳинди Бритониёиро аз Афғонистон бо ташкил додани минтақаи бетараф, маъруф бо номи «хати Дюранд» ҷудо намуданд. Хати мазкур минтақаи сукунати қабилаҳои паштунро ба ду қисм ҷудо намуд. Ҳукуматдорони Афғонистон баъд аз эълони истиқлолият сайъ намуданд, ки масъалаи «хати Дюранд» аз нав баррасӣ гардад, вале ин кӯшишҳо бенатиҷа буданд.

Пас аз ташкили давлати Покистон дар соли 1947 ин хат ба сифати марз байни Покистон ва Афғонистон муайян гардид. Минтақаи ба Покистон дохил карда шуда имрӯз Вилояти сарҳадии шимолу ғарбии Покистонро ташкил менамояд. Мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар ин минтақа тақрибан 18-20 млн. нафар паштунҳо иқомат доранд, ки ин теъдод аз аҳолии паштунзабони Афғонистон хеле зиёд мебошад.

Давлати Афғонистон ҳеҷ гоҳ «хати Дюранд»-ро ба ҳайси сарҳади давлатӣ бо Покистон эътироф накарда аст, ва аз солҳои 50-уми қарни гузашта бошад дастгирии паштунҳои муқими Покистон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Афғонистон гардида буд. «Масъалаи Паштунистон» ба мушкилоти асосӣ дар муносибат байни Афғонистон ва Покистон табдил ёфта, борҳо сабабгори шиддат гирифтани муносибатҳои байнидавлатӣ гардида буд.

Ҳамин тариқ то охири қарни XIX раванди ташкил ёфтани давлати муттамаркази Афғонистон дар ҳудуди сарҳадҳои имрӯзаи кишвар ба охир расида буд. Аҳолии Афғонистон дар он давра аз лиҳози таркиби қавмӣ якранг набуд, қавм ва қабилаҳои гуногун дар зинаҳои мухталифи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ қарор доштанд.

Дар давраи охири қарни XIX - ибтидои қарни ХХ мувофиқи тадқиқотҳои олимони рус А. Аристов ва А.Е. Снесарев аҳолии Афғонистон ҳудуди 4-7 млн. нафарро ташкил медод. Олимони ғарбӣ, аз ҷумла олими англис Фишер ақида доштанд, ки аҳолии кишвар аз 6 млн. нафар бештар набуд.( См. Бабаходжаев М.А. К вопросу о национальном составе населения Афганистана в конце XIX в. // «Очерки по новой истории Афганистана».- Ташкент.: «Фан», 1966.- С.6.)

Олими узбек М.А. Бобохоҷаев баъд аз таҳқиқи мавзӯи таркиби қавмии аҳолии кишвар ба чунин хулоса омада буд: «…дар таркиби давлати муттамарказ, ки дар охири қарни XIX ташкил ёфта буд, ба он нигоҳ накарда, ки раванди босуръати кӯчбандии қавм ва қабилаҳои ғайрипаштун ба давлатҳои ҳамсоя идома дошт, аксарияти аҳолии кишвар аз қавмҳои ғайрипаштун иборат буд» (Там же.).

(идома дорад)

Раҳматулло Абдуллоев – ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1