«Аҳмад Зоҳир - шоир ё Худованди ишқ?! »
(ба хотираи неки абармарди фарҳангии мардуми порсизабон устод Муҳаммад Ризо Шаҷариёнбахшида мешавад)
Дар силсиламақолаҳои пешин доир ба фаъолияти эҷодии нобиғаи фарҳангии Хуросонзамин Аҳмад Зоҳир, дӯстону ҳамкорон, оҳангсозону сарояндагон, бонувони шоира, оиди зиндагӣ ва фаъолияти як қисм шоироне,ки Аҳмад Зоҳир аз онҳо шеър хондааст ба қадри имкон барои ҳаводорони Алмоси Шарқ хабар дода будем.
Ҳоло мехоҳам дар бораи Аҳмад Зоҳири на танҳо овозхону оҳангсоз, балки Аҳмад Зоҳире, ки лутфи сухан дошт ва дар санъати шоирӣ низ дасти том дошту шеърҳои завқи дилашро эҷоду ба оҳанг даровардаву, қадре ҳам бошад ибрози ақида намояд.
Маълум аст, ки овозхону хунёгари ҳамаи давру замонҳои мардуми иронинажод, Аҳмад Зоҳир тибқи сарчашмаҳо як ҳунарманди хело маълумотдор ва огоҳе аз санъати мусиқа ва адабиёт будааст.
Тибқи навиштаи сарчашмаҳо ва хотираи ёру дӯстону ҳамсабақҳо ва наздикону ҳамзамононаш овозхон сареҳан на танҳо дар навохтани асобобҳои мусиқӣ аз қабили тору рубоб, акордеону синтизатору фоэма барин асбобҳои мусиқӣ, балки дар фаҳмиши нозукиҳои санъати мусиқӣ ва оҳангсозӣ дасти тамом доштааст. Ба замми ин фаҳмиши шеър, интихоби мавзӯъ ва моҳияти шеър, донистани асрори шеър, санъаи сухан, адабиёту фарҳанг ва дар ҳамин маънӣ дар аксиягӯӣ ва бо танз сухан гуфтану лутфи сухан доштан, ки ҳамаи ин нишонаҳо аз ҳассосияти шахсу босаводию зиракӣ ва доштани маълумоти волои адабӣ гувоҳӣ медиҳанд дар тинати ин овозхони ҳамаи давру замонҳои миллати мо ҷой доштаанд (нишонаҳои хислатҳои овозхон дар лутфи сухан, ҳозиҷавобӣ ва ҳаҷву танз нисбати атрофиёну шиносҳояш овозхонро то андозе ба шоирони рус Пушкин ва хосатан Лермонтов хело наздик мекунад-шарҳи Вақаи Зайниддин).
Дар ин хусус сарчашмаҳои зиёде аз нақлҳои Халил Роғиб, шоир ва овозхони маъруф, ки тариқи барномаҳои фарҳангии ТВ «Ориёно-Афғонистон» аз Аврупо пайваста аз Аҳмад Зохир, ин дӯсту навозандаи гурӯҳаш ёд мекунад, ҳамсинфаш Халили Дор-Дор, сӯҳбатҳои дӯстону устодони овозхон бо рӯзноманигорон, азҷумла устоди равоншод, яке аз беҳтарин аҳмадзоҳиршиносони имрӯза Султони Ҳамад, устод Муҳаммад Зоҳири Сипос ва дигарон мавҷуданд.
Аслан меандешам, ки то солҳои наздик камтар касон дар кишвари мо Тоҷикистони азиз медонистанд,ки Аҳмад Зоҳири бузург на танҳо овозхону оҳангсоз, балки шоир низ ҳаст. Ҳамагӣ меандешидем,ки ин шахсияти бузург пеш аз ҳама овозхони маъруф аст, ки бо сеҳри ханҷари довудии худ бо иборае «моҳиро дар даёр аз шино кардану паррандаро дар само аз парвоз кардан» боз медошт.
Ҳатто камтар касон дар бораи сеҳри оҳангсозии ин овозхони бузургу бетолеъ медонистанд, зеро овози худовандии ин нобиғаи фарҳангии Ориёи бузург тарафи дигар паҳлӯҳои истеъдоди фитрии ин шахсият, мисли офаридани оҳангҳои мағрубу дилфиребро зери сояи шаҳпари бузурги худ пинҳон медоштанд ва ё ба ин тарафи истеъдоди овозхон бинобар гӯшу ҳуш шудан ба овози форами накҳати худованд дошта, камтар таваҷчӯҳ зоҳир мекарданд.
Чун овоз , доди худовандист ва меандешам, ки дар бишиҳту осмонҳо ҳама фариштагону биҳиштиён бо ин овоз муколамма мекунанд аз ин рӯ ба паҳлӯҳои дигари истеъдоди аълои Алмоси Шарқ камтар таваҷҷӯҳ карда мешуд. Қатъи назар аз ин фикр мекунам, ки ҳар як ҳаводори овози ориёии Аҳмад Зоҳир бояд ба қадри имкон аз тарафи дигари истеъдодҳои ин овозхони бемисли давру замонҳои башарият ба таври лозима огоҳии комиле дошта бошад. Чун мо бо овозу сурудҳои орифонаю ошиқонаи ин марди ҳунар калон гаштаем, табиист,ки бояд ба қадри имкон дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии ин шахсият ба хотири нигоҳ доштани поси хотири эшон маълумоте низ дошта бошем. Дар ин асос қатъан иброз медорам, ки Аҳмад Зоҳир омӯзгори бузурги миллии мост, ӯ ба мо бо оҳангу сурудаш аз овони тифливу кӯдакӣ зебогии забони модариро омӯхтааст аз ҳар кас зиёдтар!
Дар ин инҷо бояд гуфт, ки бо ҳамон рақам, ки Аҳмад Зоҳир овозхони вологуҳар буд, бо ҳамон рақам яке аз оҳангсозони беҳтарини на танҳо Афғонистони қарни ХХ, балки байни тамоми кишварҳои порсизабон ба монанди Ирон,Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ҳамчунин минтақаҳои порсилисонони кишварҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Туркия, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озорбойҷон ва Доғистон низ буд.
Инак қариб 60 сол боз (фурӯ аз охири солҳои баъди 1960) оҳангҳои ҷаззоби офаридаи ин ҳунарманди бузург дар хонаи ҳар як мардуми иронитабори олам ва дигар халқҳои дуру наздик пайваста садо додаву ба дилҳо фараҳ бахшида, дарди якеро сабуку ғаму андӯҳро аз дили дигаре дур ва ба саввуми рӯҳу равони тоза ва ғизои маънавию тавонмандӣ бахшидаву фардеро ба зиндагӣ дилгарм менамоянд, қотилеро аз куштору дузду роҳзанеро аз ҷинояти навбатии зишт шояд боз медоранд.
Тибқи навиштаҳои устодони зиндаёд Муҳаммад Зоҳири Сипосу Султони Ҳамад ва дигар муҳаққиқон Аҳмад Зоҳир дар тӯли умри бисёр кӯтоҳи худ,яъне 33 соли ҳаёт,ки аслан 15 соли он , фурӯ аз айёми 18 солагӣ-соли 1964 ба таври ҷиддӣ ҳаёти худро ба фарҳангу санъати овозхонӣ то поёни умри худ бахшидааст тавонистааст, ки бештар аз 600 суруду таронаи беш аз 100 нафар шоирро зери оҳангҳои офаридаи худ ва дигар оҳангсозони ҳирфавии Афғонистони он замон мисли устодон Шоҳвалӣ Валии Таронасози Дарвозӣ, Фазлаҳмади Найнавоз,Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Залонд, Салими Сармаст, Исмоил Аъзамӣ, Сорбон ва дигарон сарояд.Аминам, ки ин рақам шояд охирин набошад ва ҷустуҷӯйҳо ҳатман аз ҷараёни мафҳилҳои шахсӣ, байни дӯстону наздикон ва байни халқӣ оддӣ, ки шояд дар фитаҳо сабт шуда бошанд ба ин рақамҳои дигареро низ зам кунад.
Шахсан ман ба ин боварии комил дорам.Ҳоло сари масъалаи оҳангсозии Аҳмад Зоҳир,ки аз тарафи худи овозхон ва дигар овозхонон зери садои дилнавози ин оҳангҳо суруду таронаҳои басо зебову фараҳбахш сароида шудааст ва ин амал то имрӯз давом дорад намеистем, зеро оҳангсозии Аҳмад Зоҳир нисбати шоирии эшон ба ҳаводорони Алмоси Шарқ зиёдтар маълум аст. Аз ин рӯ дар бораи Аҳмад Зоҳири шоир қадре ҳам бошад сухан хоҳем кард. Аминам, ки Аҳмад Зоҳири шоир шояд барои як бахши хело ками дилбохтагони ҳунари ин овозхони маъруфи умумиллии мардуми порсизабонон ҳамчун шоир маълум бошад, лекин қисмати зиёди ҳаводоронаш дар ин хусус шояд гӯшовоз ҳам нашуда бошанду камтар чизеро низ надонанд. Чун дар бораи шоирии Аҳмад Зоҳир дар байни мухлисонаш дар Тоҷикистон камтар гуфтаву навишта шудааст. Шояд илова гаштани калимаи шоир ба номи ин овозхон барои бархе аз мухлисонаш, ки солҳои тӯлонӣ мухлиси ин Андалеби боғи Хуросонзаминанд бисёр тааҷубовар низ бошад. Бояд гуфт, ки дар сарчашмаҳои замони шӯравӣ дар Тоҷикистон нашргашта камина ёд надорам, ки касе дар бораи ҳунару истеъдоди шоирӣ доштани овозхон чизе гуфта ва навишта бошад.
Ба ҳар ҳол каминаи камтарин дар нашрияҳои даврии он замон на дар кишварамон ва на дар навиштаҳое, ки хостан Маскав дар бораи Аҳмад Зоҳир менавишт дар ин хусус чизеро нахондаам. Аҳмад Зоҳир он замон танҳо ба ҳайси як нафар овозхони ба ном «инқилобӣ», ки гӯё сурудҳои рӯҳияи инқилобӣ дошта мехондааст ва тарафдори инқилоби мардумии он давра маъруф ба номи Сарв, яъне инқилоби апрелии соли 1978 дар Афғонистон(вале дар асл табадулоти давлатии анҷомдодаи КГБ-и СССР на чизи дигар-шарҳи Варқаи Зйниддин) будааст нишон дода мешуд. Оиди шеърнависӣ ва истеъдоди таронаэҷодкунии Аҳмад Зохир каму беш маълумотҳо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо пайдо гаштанд.
Аслан ин тарафи истеъдоди «кашфнашуда»-и ҳунарманд фурӯ аз баъди соли 2000-ум, ки ягон- ягон маълумоту хабарҳо чоп мегаштанд ва ахиран таҳқиқгари беҳамтои ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон устоди бузург, шодравон Султони Ҳамад бо тадқиқотҳои арзишманди худ, вохӯрию сӯҳбатҳояш бо наздикони Аҳмад Зоҳир, дӯстону устодон, он шахсоне, ки овозхону хунёгари бузургро мешинохтанд ва ҳамчунин дастрас гаштани асару мақолаҳои пажуҳишгарони осору аҳволи Аҳмад Зоҳир ба мисли устод Муҳаммад Зоҳири Сипос ва дигарон, тамосу мулоқотҳои зиёдаш бо аҳли фарҳангу эҷод мисли устодон Ҷӯрабек Назрӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, шоирабонуи азизи мо Меҳринисо ва дигарон дар кишвари мо маълум гашт. Он чизе, ки устодон Сипосу Султони Ҳамад ва дигарон таҳқиқ намудаву нашр намудаанд ва тибқи дигар сарчашмаҳои мавҷуда оиди шоирии Аҳмад Зоҳир ва шеърҳои сурудаи худашро сароидани овозхон, ҳоло онҳоро дар зер пешниҳод менамоем:
1.Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст (оҳанги Аҳмад Зоҳир)
2.Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
3.Ай суруди вопасинам(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
4.Аз ёдат, аз ёдат ман бирафтам (оҳанги ҳиндӣ)
5.Бинозам қалби покат, модари ман(оҳанги Аҳмад Зоҳир
6.Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
7.Чашм ба роҳат, дил ба ёдат(оҳанги ҳиндӣ)
8.Соқӣ, маро дарё(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
Ба ҳамин тариқ тибқи сарчашмаҳо то имрӯз маълум карда шудааст, ки Аҳмад Зоҳир аз шеърҳои эҷоднамудаи худ, 8 шеърро бо оҳангҳои худ ва дигар оҳангҳо сароидааст. Азҷумла шеърҳои «Аз ёдат, аз ёдат ман бирафтам ва «Чашм ба роҳат, дил ба ёдат»-ро зери оҳангҳои ҳиндии муалифонашон айни замон номаълум сароидааст. Ба 6 шеъри дигари худ овозхон худаш оҳангҳои зебое баставу сароидааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин 8 шеъри эҷод кардаву сурудаи Алмоси Шарқ барои ҳамаи дӯстдорони овозу ҳунари овозхон шиносанд ва ин шеъру оҳангҳои офаридаи ҳунарманд, маҳбубтарин офаридаҳои Аҳмад Зоҳир низ ҳастанд. Омӯзиш ва таҳлили шеърҳои навишта ва сурудаи ҳунарманд нишон медиҳанд, ки онҳо аслан ифодагари ҳолу зиндагии ноҷӯри Аҳмад Зоҳир буда, ба зиндагии хонаводагии Аҳмад Зоҳир алоқаи ногусастанӣ доранд.
Масалан, шеъри эҷоднамудаву оҳангбаставу сароидаи овозхон бо номи «Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст», ки ба ҳар яки мо аз замони кӯдакӣ шинос аст, бо як оҳанги бисёр ҷаззоби аз тарафи овозхон офарида хонда мешавад вобаста ба зиндагии номуваффақи Аҳмад Зоҳир бо издивоҷи аввалинаш бо Ноҷия, ки аз ӯ соҳиби як писар бо номи Аҳмад Ришод гаштаву бо сабабҳои ба овозхон тааллуқ надошта, Ноҷия аз ӯ ҷудо гашта ва дере нагузашта ба ИМА ҳиҷарт кард(ин ҳиҷрат, вопасин ҷудоӣ то охири умр будааст -шарҳи Варқаи Зайниддин)эҷод ва бо оҳанги зебо ва маҳзуне сароида шудааст. Чун Аҳмад Зоҳир завчаи авваллашро бо писарчаи дӯстрӯяш хело дӯст медошт ва ҳеҷ гумон надошт, ки шӯҳрати беназири овозхонии ӯ боиси рашки ҳамсар ва ҳар гуна овозаҳо нисбати овозхон дар ҷомеа мешавад, ин пошхӯрии оилаи ҷавон ба ӯ сахт гарон афтода боиси афсурдахотирӣ ва боиси рӯҷӯ ба навиштани шеъру офаридани оҳанг барои шеърҳои иншо намудааш сурудани онҳо дар замони фаъолияти пуршӯри овозхон гардида буд.
Шеърҳои дигари эҷоднамудаи овозхон аз қабилӣ «Чашм ба роҳат, дил ба ёдат», «Аз ёдат, аз ёдат ман бирафтам», «Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам», «Чашм ба роҳат, дил ба ёддат» низ сари ҳамин мавзӯъ ишқи нокому ҷудоӣ аз ишқи аввалини овозхон бо Ноҷия ва зиндаятим шудани писарчааш Ришод сарчашма мегиранд.
Қайд бояд намуд, ки ин зиндаҷудоӣ аз писарчаи дӯстдошта ва аввалини овозхон ва аз ҳамсари аввалинаш ба ҳунарманд таъсири бисёр жарфи равонӣ гузошта, дар ҳаёти минбаъдааш нақши мондагоре аз худ ба ҷой гузоштааст.
Аҳмад Зоҳир дар ҳамон шеъри дар боло ишораёфтаю оҳангбаставу эҷод намудаи худ чи хуш гуфта:
Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои боронанд аст,
Қатраҳои борон аст пеши ёрам.
Дастам ба домонат, рӯзи қиёмат,
Ин бувад саволам, бидеҳ ҷавобам.
Шикоятҳо дорам, пеши ки гӯям?
Афсӯз, надорам, марҳами розам.
Инҷо ба хуби эҳсосоти шоиру овозхон нисбати ҷудоӣ аз зану фарзанд ва шикоят аз бону Ноҷия ба назар мерасад ва ин маъни мисли рӯз низ равшан аст ва ҳоҷати шарҳи зиёде низ нест.
Ба замми ин аз душманӣ ва рашку адовати ҳукуматдорони вақт нисбати истеъдод ва обрӯи то гардунҳо рафтаи овозхон ва маҳбубияти беандозааш дар байни оммаи халқ як эҳсоси нотавонбинӣ, рашку ҳасаду бухлро дар доираи ҳукуматдорони вақт(меандешам, ки пеш аз ҳама аз ҳисоби намояндагони қабилаҳои гуногуни пашту-шарҳи Варқаи Зайниддин) пеш оварда буд. Ин омилҳо боиси паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои дурӯғ нисбати овозхон ва озори рӯҳии пайвастаи Алмоси Шарқ мегаштанд. Дар ҳамин давраҳо буд, ки ҳунармандро гоҳо ба мақомати қудратӣ, сарандой(пулис) даъват менамуданд. Ахиран ӯро дар куштори Холида ном бонуе, ки маҷбуран ӯро ба никоҳи овозхон дароварда буданд ва баъдан аз тарафи душманони ҷонии Аҳмад Зоҳир мисли Ҳафизулло Амини гӯрсухта, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон, домодаш Асадулло Амин бо дасти ҷудочии авбошу шӯрапуште бо номи Ориф кушта шудаву гуноҳи набударо чун қотил ба гардани Аҳмад Зоҳир бор намуданд.
Беш аз ҳафт моҳ ҳунармандро бо гуноҳи набуда дар маҳбаси Пули Хумрӣ нигоҳ медоштанд, ки ҳамаи ин каҷравиҳои рӯзгор ва ҳукумат боиси ранҷу азобу маргаи бемаҳали модараш, нисбати азобҳои писари хушному бегуноҳ ва маҳбасияш гашта буд, овозхонро ба кӯи ноумедӣ бурда, аз ин зарбаҳои тақдир Аҳмад Зоҳир тамоми умеду такягоҳи худро танҳо дар худованд медид. Беҳуда нест, ки тахминан дар қариб дусад шеъри хондааш ҳатман номи худованд ба забон оварда мешавад ва муноҷоти Аҳмад Зоҳири бегуноҳ ва дардкашида танҳо ва танҳо сӯи офардигор, худои яккаву ягона нигаронида шуда буд. Камтар овозхоне дар асри ХХ аз доираи овозхонони мардуми пористабор ёфт мешавад, ки ин қадар зиёд ба худованди яккаву ягона муроҷиат карда бошанд ва дар инҷо камина пурра ба андеша ва фикру ақидаҳои устоди зиндаёд Султони Ҳамад сари ин масъала тавъамандам.
Беҳтарин навиштаҳои шоир Аҳмад Зоҳир, ки замони вафоти модари азизи хеш, ки модарро ба ҷон мепарварид дар маҳбас қарор дошт ва ҳунарманди бузурги ҳамаи давру замонҳо дар хоначаи тангу бадбӯй ва сиёҳу захкашидаи ҳабсхона ҳайрону нолон дар фироқи модар дард мекашид эҷод карда шудаанд. Модаре, ки барои писари бегуноҳаш ҳафт моҳи тамом сӯхт ва ӯро надидаву нолону ашк дар чашм, ҷаҳонро пурармон пардурд гуфт. Писари маъруфу машҳур ва эркаи модар натавонист,ки дар ҷанозаи модари азиз иштирок намояд. Ба худ тасаввур менамоям, ки вақто,ки масъулини зиндони Пули Чархӣ Аҳмад Зоҳирро оиди вафоти модар огоҳ намуданд, чи гуна писари дилсӯхтаву ҳафт моҳи тамом дур аз модар наметавонист, ки аз паноҳи панҷари зиндони тангу бадбӯй, ки бо гуноҳи набуда аз тарафи душманонаш ба зиндон кашида шуда буд барояду пояи тобути модарро гирад! Ин фоҷиа, бузургтарин фоҷиаи инсонист! Ин фоҷиа даҳшатноктар аз фоҷиаи Сиёвуши зебост, ки ҷаҳони Ориёнро то ҳанӯз баро марги фоҷиавии ин ҷавон наҳвасароӣ дорад.
Меандешам, ки вазъи фоҷиабори Аҳмад Зоҳирро инҷо метавон танҳо бо фоҷиаи куштори Сӯҳроб аз дасти падар ва ранҷу азоби ҳазрати Яқуб дар фироқи писараш Юсуф рақам зад на чизи дигар!
Дар ҳамин давра буд, ки шурӯъ аз даруни маҳбасхона ҳунарманди дилсӯҳта шеъри маъруфи«Бинозам қалби покат, модари ман» -ро эҷод намуд ва баъди аз маҳбас баромадан ба он оҳанги дилфигоре офариду бо як ҳиссиёту ҳаяҷони баланд, бо дарду андӯҳи ниҳоят гарон, бо як сӯз ҷонгудозе, ки фарзанд наздиктарини шахсияти худ- модари ҷаннатияшро аз даст медиҳад сароид.
Чунончӣ,
Бинозам қалби покат модари ман,
Бигардам гирди даврат модари ман.
Баъди чанде Аҳмад Зоҳир шеъри дигари худро бо номи «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ»-ро эҷод намудаву бо оҳанги зебои худ сароид.
Ай Худо, ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ!
Модари ман ахтари ман, гавҳари ман, боз ба ман деҳ!
Модари нозпарвари ман боз ба ман деҳ!
Бояд гуфт, ки ин шеърҳои оҳангбаставу хондаи овозхон, ки бо як самимият ва дарди носуре хонда мешаванд, яке аз бузургтарин амали таронасароӣ дар васфи модар на танҳо дар тамадуни порсизабонон дар асри ХХ, балки беҳтарин овозхонӣ дар ҳаққи модари азиз дар байни башарият эътироф гаштаанд. Бо шунидани ин шеъру оҳангу овози Аҳмад Зоҳир ҷаҳони тоҷиктаборон назди номи баланду волою муқаддаси модар дар сар ба зону афтидаву аз модари худ ёд мекунад.
Инҳо на шеър, балки каломи худованди ишқанд, ки аз коинот фиристода шудаанд на чизи дигар! Аз ин рӯ мо мардуми тоҷик сипоси бепоёни худро ба он модари бузурги тоҷик, ки чунин фарзандро зодаву ба воя расонидааст мерасонем. Ҷои ин модари азиз биҳишти барин буда бошад!
Дар бисёре аз сарчашмаҳо ба ин дахл кардаву навишта шудааст, ки дар Маскав ва ё дигар шаҳрҳои Аврупо баъди шунидани ин шеърҳои ба модараш бахшидаву сароидаи Аҳмад Зоҳир намояндагони дигар миллатҳо, ки порсӣ намедонанд бо овози ӯ гӯш додаву изҳор медоштанд, ки ин ҳунарманд дарду андӯҳи зиёде дар дил нуҳуфта доштааст. Яъне дараҷаи оҳанг, овози ҳунарманд ва маънии шеър бо ҳам мувофиқ омадаву Аҳмад Зоҳир аз қалби хунбори худ бо он маҳорате худро сӯхтаву гудохта мехонад, ки агарчи як нафар рус, қазоқ, озарӣ ,олмониву инглис... фаҳмиши лаҳни дариро надорад, лекин маҳорату истеъдоди худовандии Аҳмад Зоҳир онҳоро зуд ба фаҳми оҳангу суруди хондаи овозхони дардкашидаву мусибатзадааст мебаранд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки суруду оҳанг ва овози хуш сарҳади миллату кишварҳоро намешиносад ва марзу сарҳади он танҳо қалби аҳли башар аст, зеро башарият ҳамагӣ офаридаи худованди якто ҳаст ва макони худованд низ қалби инсоният аст на ҷои дигар!
Шеъри воло бо оҳанги рӯҳнавоз ва овози хуш, якояк марвориди худовандӣ,овози худованд аст. Инҷо бошад хонандаи азиз ягон муҳобботу тасвири шоиронае низ ҷой надорад. Ҳамон овози хуши ҳазрати Билол буд, ки аввалин мусулумононро ҳангоми азон аз дуриҳои дур ба сӯи намоз ва худои яккаву ягона зуд ҷалб мекард ва муваффақ низ мешуд ва овози худовандӣ дар он рӯзгор (намедонам, чаро имрӯз ба ном уламои исломӣ,ки аз илму дониш ва хостан таърихи инсоният фарсахҳо дуранд, нисбати савтиёти хуш, шеъри воло ва овози хуш,ки ҳамагӣ доди худованданд, ин қадар душманӣ доранд, меандешам, ки душмании онҳо аз ҳисоби камсаводӣ ва то андозае ҳасудию бахилию нотавонбинист,ки ин авомил роҳро ба сӯи ифрот суфта мекунанд на чизи дигар-шарҳи Варқаи Зайниддин), нақши муҳиме низ дар паҳншавии дини мубини ислом бо савтиёти мусиқавӣ ва хушоҳангии худ дошт.
Аҳмад Зоҳир ҳамчунин шеъри маъруфи худ «Ай суруди вопасинам» -ро эҷод кардаву ба он оҳанг баста сароидааст.
Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,
Ай орзӯи охиринам, ҷуз ту оғӯше надорам.
Ин шеъри шоир Аҳмад Зоҳир, низ доири ҳасби аҳволи зиндагӣ ва андешаи рӯҳии Аҳмад Зоҳир, пас аз пайдо гаштани ноҷуриҳои зиёде дар ҳаёти оилавӣ ва душманони зиёди ошкору пинҳонаш пайдо шудаанд ва дар ҳақиқат дар ҳамин маънӣ ягона роздору роздони Аҳмад Зоҳири риёзаткашида ин пеш аз ҳама худованди якто ва баъдан шеъру оҳангу суруд буда, овозхонӣ муттакои дили ғамгину захмини ҳунарманд он замон будааст. Дар ин хусус дар бисёре аз сарчашмаҳо оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки шеъри «Соқӣ, маро дарё» , ки аз тарафи овозхон оҳанг баставу сароида шудааст, аз тарафи Аҳмад Зоҳир дар шакли дует бо Устод Маҳваш ва баъдан бо бону Ҳангома иҷро гаштааст. Агарчанде,ки зери як оҳанг ин шеър хонда шуда бошад, ҳам лекин дар шакли хондани ин шеър, мисраъҳои хонда, тағироти ҷой доранд ва бархе аз мисраъҳо аз ҳангоми хондан ду бор такрор мешаванд.
Масалан, дар дуети хонда бо Устод Маҳваш калимаи «дарё» аз ҷониби ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам Маҳваш такрор мешавад.Ҳамроҳ бо бону Ҳангома бошад калимаи «дарё» танҳо аз тарафи Ҳангома як маротиба сароида мешавад. Ба ин тартиб дар дует бо Устод Маҳваш калимаҳои «Ҷомам» ва «Ғамҳо» аз ҷониби ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам Маҳваш хонда мешаван, лекин дар дует бо бону ин калимаҳо низ аз ҷониби Ҳангома як маротиба хонда мешаванд.
Чунин навсозиҳо дар шеъру хониш аз тарафи Аҳмад Зоҳир бисёр мушоҳида намудан мумкин аст, ки ин амалҳоро овозхон бисёр устокорона корбаст менамояд.
Дар китоби устод Султони Ҳамад бо номи «Садои ишқ асту дилтагӣ» (Душанбе, нашриёти «Эр-Граф» -2021), мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ бо номи «Аҳмад Зоҳир шоир ҳам буд» низ ҷой дода шуда, ин мақола дар сомонаи маъруфи «Рӯзгор» низ чарх мезанад. Дар ин мақола устод Гулназар оиди шоир будани Аҳмад Зоҳир гуфта гузаштааст. Аслан дар ин хусус дар кишвари мо оиди шоирии Аҳмад Зоҳир ва эҷоди шеър камтар гуфтаву навиштаанд. Худи сарлавҳаи мақола аниқан ошиқони овози Аҳмад Зоҳирро ба андешаи шоир будани овозхон сахт моилу онҳоро аз ин тарафи истеъдоди ҳунарманд хело огоҳ сохт.
Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ, муаллифи китоби «Садои қарн»-маҷмӯъаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир» ва мудири масъули маҷаллаи «Солномаи Аҳмад Зоҳир», ки соле як маротиба нашр мешавад, дар китобаш менависад, ки Аҳмад Зоҳир бори аввал дар ҳаёташ бо хонум Ноҷия издивоҷ мекунад ва ин издивоҷ самараи солҳои дерини ошиқии Аҳмад Зоҳир бо хонуми дилдодааш будааст. Ин пайванд муттаасифона дер напоида ба ҷудоӣ меанҷомад. Хуросонӣ менигорад,ки иллати асосии ин ҷудоӣ норозигии Ноҷия аз Аҳмад Зоҳир ба хотири иртибот бо як идаи душманони дӯстнамо ва ҳарза будааст, ки заминаҳои хатарнокеро барои Аҳмад Зоҳир мусоид месохтаанд. Меандешам,ки ин андеша хело дурусту саҳеҳ низ ҳаст, зеро баъди ҷудоии Аҳмад Зоҳир аз завҷааш, баъди чанд муддат овозхон бо устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ риштаи дӯстӣ ва бародариро миёни ҳам бо меҳру муҳаббати беандоза пайванд мезананд. Падари Аҳмад Зоҳир, Доктор Зоҳир аз чунин риштаи дӯстии писараш бо устод Ҷӯрабек Назрӣ сахт хушнуд мешавад ва дар сӯҳбат бо устоди зиндаёд иброз медорад, ки эй кошки ҳамаи дӯстони писарам мисли шумо мебуданд. Бо ибораи дигар падари Аҳмад Зоҳир низ дӯсти нонию забонӣ ва душмани дӯстнамо будани атрофиёни писарашро низ хуб медонистааст ва дар ташвиш низ будааст( шарҳи Варқаи Зайниддин).
Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар ҳамин навиштааш саҳеҳан дуруст андеша менамояд, ки «ҷудоии овозхон аз Ноҷия, бузургтарин авомили ошиқсарории Аҳмад Зоҳир метавонад бошад, чи басо таронаҳои ҷонсӯз, ки дар андӯҳи ин фироқ аз гулӯи ӯ баромад».
Ҷои дигар менигорад: «Аҳмад Зоҳир бо он,ки аз Ноҷия як писар дошт бо номи Аҳмад Ришод, аммо аз он,ки ӯ низ аз вай дур буд ва бо модараш буд ,ҷуз худояш каси дигар надошт».
Ин суханҳо низ сад андар сад нисбати ҳасби ҳоли Аҳмад Зоҳири тани танҳо дурустанд. Агар ба болои ин омил, омилҳои дигар, хусусан бахилию бадбинӣ, нотавонбинии қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва хосатан сифлагонро, ки аслан онҳо дастовари ягон фардро хуш надоранд, ҳамчунин хуш напазируфтани овозхон аз ҷониби «Ошёни дворянҳо», ки дар ин хусус дар боло ишораҳо намудем ва одатан дар ҳукумат паштунтаборҳо ҷаъм гаштаву ба овозхоне, ки лаҳни дариро барои ҳазорон сол дар меҳвари Хуросон, шаҳри Кобул мехкӯб намуда буд он қадар чеҳраи хуш надоштанд (бубинед ин ҳукуматдорони ноҷинсро,ки ҳатто овозхони ҳамаи давру замонҳои Хуросонзаминро барои сабти наворҳои телевизионӣ низ роҳ надодаву ӯро бо ҳар роҳ сангборон мекарданд) зам намоем, он гоҳ хоҳем дид, ки дар ҳақиқат ҷуз худованд касе он замон бо ӯ набуд. Аҳмад Зоҳир низ, зери нишони оини ҷавонмардӣ ҳама вақт ба хотири худованди поку ишқи поки худовандӣ шеърҳои мондагореро зери оҳангҳои басо дилчасп барои садсолаҳо, барои инсоният ба ёдгор монд.
Фикр мекунам, ки устухонҳои душманонаш, авлодону наберагонашон низ имрӯз дар гӯрҳои тангу тор пӯсида рафта, лекин касе дар олам аз вуҷуди онҳо огоҳ нест ва онҳо касе низ ёд намекунад ва як каф дуо низ барояшон намефиристад.
Овозхонии Аҳмад Зоҳирро бошад садҳо миллион одамон даҳсолаҳо шунидаву аминам,ки боз садсолахо миллиардҳо нафар одамон шунида, аз ин ашъори орифонаву сӯфиёна ғизои маънавию рӯҳӣ гирифта, дар ҳақаш фарзандони инсоният дуои нек хоҳан кард (беҳуда нагуфтаанд, ба худодагон ситеза макун, худо мезанад).
Ба саволи хабарнигори маҷаллаи «Жвандун» Рауфи Росиб дар соли 1974, Аҳмад Зоҳир ҷавоб медиҳад, ки танҳоӣ мушкил аст ва хотироти дардовареро ҳамроҳӣ мекунад. Ба саволи дигари ин рӯзноманигор оиди хотираи дардоваре,ки овозхонро азоб медиҳад чист, Аҳмад Зоҳир ҷавоб медиҳад,ки ҷудоӣ аз хонум.
Дар ҳақиқат ин зарбаи тақдир ва зарбаҳои дигар мисли вафоти модар, тӯҳмат ва ба ҳабс кашидани овозхон, дарди овозхонро аз чорҷубаи овозхонӣ ва оҳангсозӣ берун бурд ва ин чорчӯбаро ба таври математикӣ агар ифода кунем, формулаи «О-О» (овозхонӣ-оҳангсозӣ) дарди дили овозхонро таскин намебахшид ва овозхон рӯ овард ба навиштани шеър ва бо навиштани шеъру ба оҳанг даровардани онҳо дар шакли формулаи математикии «Ш-О-О) (шоирӣ-оҳангсозӣ-овозхонӣ) ба ин хунёгари ҳамаи давру замонҳо он давра нешдоруе барои таскин дил гашт.
Чи тавре,ки дар боло ишора намудем, як омили ба шеърнависӣ рӯ овардани ҳунарманд вафоти модари азизаш, ки худ аз тарафи душманонаш ғайриқонунӣ ба маҳбаскашида шуда буду натавонист дар ҷанозаи модар иштирок ва пояи тобути модарро бардорад гашта буд.
Дар ин асос дар китоби устод Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб», (соли 2012, нашриёти «Душанбе») дар бахши «Муҳаммад Исмоил Аъзамӣ», оҳангсоз ва дӯсти Аҳмад Зоҳир, аз гуфти писари Исмоил Аъзамӣ , бо номи Ҳайдар Аъзамӣ оварда шудааст, ки шеъри «Бинозам қалби покат модари ман»-ро аз маҳбасхона ба падари эшон Исмоил Аъзамӣ равона карда хоҳиш менамояд, ки онро ба риштаи оҳанг кашад.Баъди аз маҳбас баромадан Аҳмад Зоҳир рост ба сари қабри модар рафта ин шеърро бо оҳанги дилрешкунанда хондааст (бояд гуфт,ки дар дигар сарчашмаҳое ки ишора намудем, ин оҳанг марбути худи Аҳмад Зоҳир нишон дода шудааст).
Ба ҳамин монанд дар муколламаи овозхон бо нашрияи «Паштун Жағ» , ки аз Аҳмад Зоҳир суол карда шудааст, ки оҳанги «Хоб аз чашмонам рабудӣ», шеъраш аз кист? Овозхон ҷавоб додааст, ки шеъри худам ҳаст ва ба суоли дигари рӯзономанигор:Шумо шеър ҳам менависед? Ҷавоб гардонидааст, ки идаои шоирӣ надорам, вале баъзе вақтҳо мекӯшам ба навъе, эҳсоси худамро бо калимоте шарҳ диҳам ва ин корро бо оҳанг мехоҳам амалӣ намоям(он чи ки гуфтем дар ҳақиқат хоси аҳволӣ Аҳмад Зоҳир будааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Ба ҳамин тариқ аз ин навишта ва андешаи худ каминаи камтарин чунин рамуз мегирам, ки Аҳмад Зоҳир шахсияти бузурги фарҳангӣ, овозхон ва оҳангсози маъруф агарчанде, ки шоири касбӣ набуд ва худро шоир низ намешумурд ва даъвои онро низ надошт, бо он истеъдоди худовандии доштааш, дар давраи вазнини зарбаҳои рӯзгор ва қисмат гоҳ-гоҳе ба навиштану эҷоди шеър рӯ меовард. Агарчанде аз тарафи душманону нотавонибонаш ранҷи зиёде кашид, ин шоири бо иборае «Худованди Ишқ» ҳамон замони дардкашиву азоби беандозаи рӯҳиву фишорҳо тавонист, ба рағми душманони дину фарҳангу забони ноби тоҷикӣ (порси мегӯӣ, дарӣ мегӯӣ варо, ҳачӣ мегӯӣ бигӯ-устод Мӯъмин Қаноат) ва ба хушбахтии инсоният, шеърҳои зебоеро эҷод ва зери оҳангҳои басо дилрешкунандаи эҷоднамудааш хосатан дар васфи модари азизаш офарид. Бинобар бузургии офаридаҳояш онҳо барои тамоми модарони гетӣ офарида шудаанд. Айни замон дар тамоми қитъаҳои олам ин шеърҳои эҷоднамуда, зери оҳангҳои дилрешкунанда бо садои басо аламовари овозхон садо медиҳанд ва сайёраи Замину башариятро такон медиҳанд!
Ин андешаҳои худро хонандаи азиз бо мисраъҳои устоди шеъри тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Низом Қосим ҳусни анҷом мебахшам:
Ба рӯди зиндагӣ ҷӯр аст,
Суруди Аҳмади Зоҳир.
Зи сад роз аст гӯётар,
Сукути Аҳмади Зоҳир.
Оре инҷо шоири мо басо дуруст ва рамзӣ вобаста ба ҳаёту мамоти овозхони дардкашидаи ҳамаи давру замонҳои башарият гуфтааст ва мо низ ба ин сатрҳои олии шоир ҳамнавоем.
Рӯҳи Аҳмад Зоҳири бузург шоду хонаи охираташ пурнур бошад. Омин!
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон
















