11:13:51 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28 29 30      

Аз "Машъал" то ба "Истиқбол"

Дар факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯриву мулоқот бо матбуотчиёни варзидаи кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде қабл сӯҳбати донишҷӯён бо ҳайъати кории маҷаллаи "Истиқбол", аз ҷумла бо яке аз рӯзноманигорони корозмуда, шоираи хушсалиқа Латофат Кенҷаева баргузор гардид. Латофат Кенҷаева парвардаи донишгоҳи мазкур буда, то ҳол нафасе ҳам аз аз матбуот ва дафтару хома дур нагаштааст. Ҳамзамон сардабирии маҷаллаи "Истиқбол"-ро ба ӯҳда дошта, муассиси Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии "Истиқбол" низ ҳаст.

latofat-kenjaeva002Маҳфилро таҳти унвони "Аз "Машъал" то "Истиқбол"" устоди кафедраи рӯзноманигорӣ Мурод Муродӣ ҳусни оғоз бахшид. Ташкилкунандаи нишаст устод Шарипов Қироншо аз ранҷу машаққатҳои муллима Л. Кенҷаева дар пойдории маҷаллаи наврасон "Машъал" (имрӯза "Истиқбол") сухан кард ва ёдовар шуд, ки солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ байни чанд рӯзномаҳои сиёсӣ, ки онҳо ҳам ангуштшумор буданд, маҷаллаи "Машъал" ягона маҷаллае буд, ки аз чоп боз намонд. Як ҳарфаке ё як расмаке барои кӯдакону наврасон таҳия мекард, то ҳадди имкон боғи маънавиёти насли наврасро сабз медошт.

Устод Ш. Қироншо дар поёни суханаш бо ифтихор афзуд: "Мо худ бевосита гувоҳ ҳастем,ки дар бинои "Шарқи озод" (собиқ ГЖК) муаллима бо вуҷуди набудани барқ, норасоии коғаз ва мушкилоти дигар "Машъал"-ро мунтазам интишор медоданд. Хушбахтона, чопи маҷалларо аз сӣ саҳифа то ба ду сад саҳифа расониданд ва имрӯз бо як перояву ороиши аҷиб дастраси мову шумо аст. Ҷонбозиҳои муаллима дар роҳи матбуот намунаи барҷастаи мардонагӣ буда, барои рӯзноманигорони ҷавон дарси ибрат бояд бошад".

Дар қисмати дуюми мулоқот донишҷӯёни факултети рӯзноманигорӣ ба саволҳои худ посухҳо гирифта, оид ба нақши матбуот дар ҷомеа сӯҳбати озод барпо намуданд. Шоира Латофат Кенҷаева низ қаноатмандию хушнудии худро аз истиқболи гарми устодону донишҷӯён изҳор дошт ва чанд ғазалу таронаҳои баҳориашро ҳадяи ҳозирин намуд. Дар фарҷоми маҳфил бо як зарофати шоирона афзуд: "Барои истиқболи самимии "Истиқбол" ташаккур"!

Бузургмеҳри Баҳодур барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi