ОЁ САЙИДУ ЭШОНЗОДАҲО БЕГУНОҲАНД?
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»Вақте ки фард худхоҳу худноогоҳ мешавад, интисоб ба гузаштагонашро мояи ифтихор медонад. Вале бехабар аз он, ки Худованди алим фармудааст: «Ҳар ойина, Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин шумор кардаем!»(Ёсин, ояи 12). Ва ё ин, ки «Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад!» (Зилзол, оятҳои 7-8).
Инсон хатокор аст. Ҳазрати Одам низ бо ҳамсари хеш Ҳавво вақти содир кардани хато фармудаи Парвардгори худро фаромӯш карданд ва бо сабаби иштибоҳе, ки аз эшон содир шуд, аз биҳишти барин ба замин фурӯд оварда шуданд. Вақте гурӯҳе бо номи саййиду эшонзода, худро як сару гардан аз дигар мардум болотар медонанд, даъвои аз насли Пайғомбари Худо (с) буданро мекунанд ва мегӯянд, ки Худо дар ҳаққи мо гуфтааст:
«Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад» бо далелҳои зайл аз ҷумла ин, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Ҳар як фарзанди Одам хатокор аст ва беҳтарини хатокорон тавбакунандагонанд» (ривоят аз Аҳмад, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва..) эшон чун фарзанди Одаманд, иштибоҳ мекунанд ва низ давъои онҳо мантиқӣ буда наметавонад. Илова бар ин онҳо мафҳуми ояи каримаро дуруст дарк накардаанд.
Мардуми араб вожаи «аҳл+байт ва ол+байт»-ро ба зану хонавода истифода мекарданд. Куръони карим низ бо забони фасеҳи арабӣ нозил шуд ва ин калимаро дар оятҳои зайл ба кор бурд, ки дар ҳеч яке аз ин ояҳо ишора нашудааст, ки мурод аз аҳли байт давоми насли эшон асту он насл низ маъсум боқӣ хоҳанд монад: Худой таъоло хитоб ба ҳамсарони Муҳаммад(с) бо корбурди шакли ҷамъбандии занона мефармояд: «Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй «аҳлал байт» аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад»(Аҳзоб, ояи 33).
Ӯ таъоло, ибораи аҳли байтро дар бораи ҳазрати Иборҳим(а) ва ҳамсараш низ ба кор гирифтааст: «Гуфтанд: «Оё аз қудрати Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо, «аҳлал байт» (мурод аз он завҷаи Иброҳим (а) аст-А.Н.) аҳли ин хона арзонӣ бод. Ҳаройина, ӯ сутуданитар ва воломақомтар аст!» (Ҳуд, ояи 73).
Ҳаққ таъоло вожаи аҳлро дар қиссаи ҳазрати Мӯсо се маротиба мавриди истифода қарор додааст, ки мурод аз ҳар сеи онҳо ҳамсару хонавода аст:
Вақте Мӯсо(а) дар сандуқи андохта дар об равонаш мекунанду об ӯро ба қасри Фиръавн мерасонад, Худованд чунин байн мекунад: «Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба «аҳли байтин» (мурод аз ин ибора модари Мӯсо, хоҳарони ӯ ва ҳамаи оилаашон- (а) аст-А.Н.)-аҳли хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯ ро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?» (Қасас, оятҳои 12-13)
Бори дувум вақте Мӯсо(а) хидматро ба анҷом мерасонаду бо духтари ҳазрати Шуъайб(а) хонадор мешавад, мефармояд: «Чун Мӯсо муддатро ба сар овард ва «биаҳлиҳи»( яъне ҳамсари Мӯсо А.Н.) бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба аҳли худ гуфт: «Ин ҷо истед. Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед». (Қасас, ояи 29) ва дар ҷои дигар чунин мефармояд: «Мӯсо ба «лиаҳлиҳи» ( яъне ҳамсари Мӯсо А.Н.)-хонаводаи худ гуфт:
«Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед». (Намл, ояи 7). Имом Бухорӣ ва Имом Муслим низ ривоят кардаанд, Расули Худо (вақте аз масҷид хориҷ мешуд) ба назди тамоми ҳамсаронаш, ки ҳуҷраҳои алоҳида доштанд, рафта «Ас-салому ъалайки ё аҳлалбайтӣ» гуфта аз эшон аҳволпурсӣ мекарданд…
Аз ин оёту ривоятҳо бармеояд, ки ҳазф кардани дигар фарзандону наберагон ва ҳамсарони Паёмбари Худо Муҳаммад(с) аз «аҳли байт» яъне хонаводааш на танҳо иштибоҳ, балки хатои бузургест.
Дар ин ҳол суоли дигаре низ дар зеҳни фард халқ мешавад, дар ҳоле, ки ҳазрати Муҳаммад(с) пешво ва улгӯи тамоми башарият аст, тамоми ҳамсарону фарзандонашро ба истиснои Фотима ва набераҳояш ҳазароти Ҳасану Ҳусейн чигуна аз қайди хонаводааш хориҷ месозад ва ин арабмарди ҷаҳон чӣ гуна метавонад улгӯ бошад?
Бузурге гуфтааст, ки яке аз номҳои гузошта шуда бар бани одам ин вожаи «инсон» аст ва инсонро гӯянд, ки маъхуз аз нисён-фаромӯшхотирӣ мебошад, аз ин рӯ як фарзанди Одам, ки болиғу оқил аст, наметавонад даъво кунад, ки бесаҳву хато ва иштибоҳ дар ин дунё зиндагӣ карда метавонад? Пас мизони адолати Худовандӣ низ тақозо мекунад, ки ҳар фарде, ки дар ин дунё ба сар мебарад иштибоҳ мекунад, аммо ин ман-маниву насҷӯӣ ва ифтихор ба гузаштагони худ, ба касе нафъ намебахшад.
Чун, ки агар ҳам чунин мебуд, Канъон писари ҳазрати Нӯҳ ғарқ намешуд, ҳамсари ҳазрати Лӯт(а), кофир намешуд, падари ҳазрати Иброҳим(а) Озар бутпараст намешуд, амакҳои ҳазрати Муҳаммад(с) Абӯтолибу дигарон беимон намегузаштанд. Қуръони карим низ дар ҳеч яке аз оёти худ ба сароҳат қайд накардааст, ки аҳли байти Паёмбар(с) иборат аз панҷ нафар яъне Муҳаммад(с), духтарашон ҳазрати Фотима, домоду амакбачаашон ҳазрати Алӣ ва набераҳояшон Ҳасану Ҳусейн мебошанд ва ҳар касе, ки аз насли эшон ба дунё биёяд, аз тамоми саҳву хато ва иштибоҳу гуноҳ ва аз ҳад гузаштанҳо маъсум мемонад.
Дар ривояте мехонем, ки ҳазрати Муҳаммад(с) хитоб ба мӯъминон гуфт: "Эй Қурайшиён! Худро аз Аллоҳ бигиред, ки ман наметавонам заррае аз азоби Аллоҳро аз шумо дур кунам. Эй Аббос бин Абдулмутталиб! Ман наметавонам заррае аз азоби Аллоҳро аз ту дафъ кунам. Эй Сафия, аммаи Расули Аллоҳ! Ман наметавонам чизе аз азоби Аллоҳро аз ту дафъ кунам.
Эй Фотима, духтари Муҳаммад! Аз моли дунёи ман ҳар чӣ металабӣ аз ман биталаб! Аммо чизе аз азоби Аллоҳро аз ту наметавонам дур кунам". Агар авлоди Фотимаи Заҳро маъсум мебуданд, ҳеҷ гоҳ Расули Худо хитоба ба Фотима намегуфт, ки ман азоби Худоро аз ту дур карда наметавонам. Мантиқ ҳам чунин аст, касе бугуноҳ ҷазо намегирад ва гунаҳкор аст, ки бояд сазои гуноҳашро сазовор шавад.
Онҳое, ки даъвии эшону сайидзода буданро мекунанд ба ҷуз ин ки гирифтани садақа бар эшон раво нест, ҳеҷ бартарие аз дигарон надоранд. Далел ҳам ривоятҳои зайл мебошанд, ки Расули Худо фармудааст: "Барои Оли Муҳаммад (с) садақа муносиб нест, зеро ки садақа чирки моли мардум аст". Ва ба ривояти дигар: "Бешак, барои Оли Муҳаммад, садақа ҳалол нест".
Худойи карим ҳам дар Қуръони хеш таъкид карда фардмудаанд: «Эй мардум, ҳаройина, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Ҳаройина, Худо огоҳ ва бохабар аст!»(Ҳуҷурот, ояи 13)
-
20.10.2026 15:45
224
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
179
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
355
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
287
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
275
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
195
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
313
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
182
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
255
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
428
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
235
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
262
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2454
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
317
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
484
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
inna akramakum indallohi atqokum
RSS Обуна