12:55:14 14-уми Июни 2026 сол
САДОИ ҶОВИДОНИ БУЛБУЛИ ШАРҚ: ДАР ДУШАНБЕ 80-СОЛАГИИ АҲМАД ЗОҲИРРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД 14.06.2026 14:44 15
Имрӯз дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, маҳфили хотирмон ва бошукӯҳе бахшида ба 80-солагии Султони қалбҳо ва нобиғаи такрорнашавандаи ҳунар, Аҳмад Зоҳир, баргузор гардид.
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд 18.05.2026 19:35 170
Бо ибтикори сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба бузургдошти шоири барҷастаи тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ шоми эҷодӣ баргузор гардид.
«Духтаре аз «Хонаи Павлов» 18.05.2026 19:15 195
Тамоми ҷаҳониён дар бораи мудофиаи қаҳрамононаи хонаи Павлов дар маркази шаҳри Сталинград, ки онро немисҳо «қалъаи ифротгароёни рус» меномиданд шунидаанд. Табиист,ки муддати 58 шабонарӯз гитлерчиён ҳуҷум карда кӯшиши гирифтани ин бинои чорошёнаи дар майдони нейтралӣ воқеъгардидаро намуданд, лекин натавонистанд мардонагӣ ва истодагарии муҳофизони онҳоро шикананд.
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд 19.04.2026 14:28 354
16 апрел раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф иштирок намуд.
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!» 19.03.2026 23:09 543
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардуми оринажод, азҷумла мардуми тоҷик ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи бузург аз насли Пешдодиён бо номи Ҷамшед буд.Тибқи мушоҳидаи мунаҷиммон аз замони шоҳ Ҷамшед 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи ....
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод! 19.03.2026 23:06 522
Бо самимияти беандоза Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бузургу таърихии Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик ва муборакбод мегӯям. Наврӯз ҳамчун яке аз қадимтарин ҷашнҳои башарият, ки аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, барои мардуми мо рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ, оғози нав ва ниятҳои неку созанда мебошад.
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад 19.03.2026 23:04 504
Ҷашни Наврӯз, ки аз таърихи куҳани мардуми ориёӣ то ба имрӯз расидааст, гузаштаи таърихии мо — тоҷиконро бо имрӯзу оянда пайванд медиҳад. Ин ҷашн, чи дар гузашта ва чи имрӯз, талқини зебопарастӣ, ба оянда некбин будан ва намоди сулҳу ваҳдату ҳамзистии осоишта дар байни миллатҳои мухталиф мебошад.
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд 10.12.2025 17:06 1253
Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок ....
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!» 12.11.2025 14:38 828
Давлатхоҷа Довудӣ, санаи 11- умии ноябри соли 1950 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.Волидайнаш аз соли 1951 аввалан дар шаҳри Кӯлоб ва баъдан дар шаҳри Бохтар зиндагии доимиро ихтиёр менамоянд.
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!» 24.09.2025 19:57 1073
Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, хосатан тариқи сомонаҳои интернетии гуногун андеша ва баҳсҳо оиди ба кадом халқ тааллуқ доштани Абӯалӣ Ибни Сино давом дорад.Азҷумла, дар торномаи интернетии оҷонсии «Центр-Азия» нисбати диди Вазири вақти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!» 24.09.2025 19:54 1849
Миллати сарбаланди тоҷик дар таърихи басо қадима ва пурѓановати худ ба ҷаҳониён, аҳли башар фарзандони бузургеро зодаву тарбия намудааст, ки номи онҳо на танҳо дар таърих ва марзу буми Фарохнои Ориё-сарзамини қадимаи имрӯзаи Осиёи Вусто ва Хуросони бузург...
«Забони мо ҷаҳони мо!» 24.09.2025 19:51 1348
Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дур мондаро дубора таҷдиди назар намуда, бар замми ин асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем.
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ 21.09.2025 15:05 756
Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории ҳар қавму миллат буда, воситаи эҷокунандаи ифтихори миллӣ дониста мешавад. Он сарчашмаи ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳию доштани ҳувияти миллист, ки дар заминаи хотироти таърихӣ ...
“Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Мӯъмин Қаноат!” 02.08.2025 13:08 1150
Имсол ба мавлуди бузургтарин шоири ғазалсарои мардуми порсилисон, ба гуфти шоири маъруфи олмонӣ Иоҳан Гёте, яке аз пайғамбарони шеъри порсӣ Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ расо 700 сол пур мешавад.
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!” 17.07.2025 18:32 966
Акнун дар бораи ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо шоир, бастакор ва овозхони номвари Афғонистон Зиё Қоризода мехоҳам каме андешаронӣ намоям. Зиё Қоризода аз насли шоиронест, ки зери таъсири шеъри ба истиллоҳ “мудерн” дар адабиёти навини ҳавзаи порсизабонони ...