17:20:35 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Кӯлоб бе Маҳтоб монд...

Шеъри Маҳтоб содда аст, аммо соддаи пур  аз ҳузну сурур, пур аз мураккабиҳои зиндагии пуртазод ва дилнишин. Гулрухсор, сарсухан ба китоби «Барги сабз», Душанбе, нашриёти «Адиб», соли  1987

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рӯзгори бонуи сухан Маҳтоби Зокир. Оне, ки умре порсо зист, оддӣ ва миёни анбӯҳи мардум танҳо зист. Ва бо ҳамин танҳоӣ аз ин олам бирафт. Бо дардҳо, бо ғуссаҳо ва бо сад алам ва захмҳо дар қалби ҳассосаш бирафт. Дарди бедавои ӯ ҳамин ишқи номуродаш буд ва ҳама дардҳову ранҷҳои дигар гирди ин давр мезаданд. Ба масали моҳу ситорагон, ки дар меҳвари як офтоби сӯзанда давр мезаданд. Аммо ин ишқи сӯзон билохира худи ӯро дар кураи оташ сӯзонд.

1.kulob-mahtob-2013Аз хотираи духтархондаш Парвина:

-Ӯро надидӣ

-Қабл аз аёдати Шумо дидам (ба таскини дили бемораш дурӯғ мегуфтам).

-Маро напурсид, -меафзуд ӯ.

-Пурсид ва ҳатто хоҳиши кӯмак ҳам кард, агар розӣ бошед, - мегуфтам Маҳтовбиро.

Ӯ хуб медонист, ки ҳама гуфтори нишотоварандае аз забони ман «ҷуз дурӯғи маслиҳатомез» чизи дигаре нест, вале шод мегашту сухан мечид:

ӯзи дидор ҳатман мерасад, ки гуфтаанд:

Рӯзи васли ошиқи бечора дур уфтодааст,

Дар қиёмат мекунад Маҷнун ба Лайло зиндагӣ”. 

Ин хотирапора гувоҳ аст, ки Маҳтоб то охирин лаҳзаҳои умр вуруди маҳбуби дилашро ба кулбаи бемориаш мунтазир буд. Вале ӯ наёмад. Ва худи Маҳтоб ҳам медонист, ки ин як интизории беҳуда аст. Ӯ наметавонист баргардад. Касе, ки хонаву кошонаи нав сохт, ба кулбаи фақиронаи зане, ки таркашро раво дида буд, барнамегардад. Ва Маҳтоби нимбемор инро хуб медонист. Вале боз ҳам интизорӣ мекашид, зеро вай ба ишқ бовар дошт ва худ таронасарои ҳамин ишқи поку поянда буд.

Хаёлпараст набуд, танҳо ба ҳақиқати зиндагонӣ бовар дошт, ҳарчанд боз ҳам медонист, ки арзишҳое, ки дар пиндори ӯ ҳақиқат номида мешуданд, дар ин ҷомеа дигар мавқеъ надоштанд. Маҳтоб консепсияи ҳақиқати худро дошт ва дар доираи ҳамон консепсия зиндагонӣ мекард. Дар он ишқ пок аст, инсонҳо хиёнат намекунанд, мардону занон вафо ба аҳду паймон доранд, Инсон мавҷуди озод аст, олам басо зебост, чун он аз нури маърифати ҳамин ишқ бунёд шудааст. Ва Маҳтоб берун аз ҳамин пиндору ҳамин арзишҳо наметавонист бизияд.

Ва ваъдаи дидорро ба қиёмат бурд, бо умеде азми сафари охират кард, ки ба дидори азизи дилаш бирасад. Лайливор ва бо умеди висол оламеро, ки пайваста дарди фироқро бояд кашад, тарк кард. Рафт, вале дарду доғаш дар дили ҳампешагонаш, дӯстонаш боқӣ монд. Баъд аз сари ӯ дар фироқаш даҳҳо шеър эҷод шуд ва чун фотеҳаи вопасин сари гӯри Лайлии сонӣ фурӯ рехт.

Руҷуъи аввал

«Камнавис буд Маҳтоб. Шеърҳояш олӣ буданд. Суфтаву равон, пурмаънӣ ва хеле зуд метавонистанд аз бар карда шаванд.

Зиндагиро басо дӯст медошт. Нигоҳаш саршор аз меҳру садоқат буд. Намехост касеро бад гӯяд, забонаш ба ҳарфи бад намерафт. Ёд дорам, ки боре барои кор дар шӯъбаи адабиёти рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ” ҳидоят шуда буд ва дар утоқии кории ман, ки мудири ҳамин шӯъба будам, менишаст. Як аҳли ҳунар ва ғижжакнавози варзида, ки машқи шеър ҳам мекард (номашро намегирам, ки пайвандонаш наранҷанд), наздам омад ва гуфт, ки ба солгарди таъсиси СССР шеъре навиштааст ва онро дар газет чоп кунем. Шеърро хондам, се ё чор мисраи он сакта дошт, бар замми ин таҳрири маъно ҳам мехост. Гуфтам, ки шеърат хуб асту бояд ин мисраҳоро таҳрир кунӣ, то боз ҳам хубтар шавад.

Гуфт, ки худат таҳрир кун. Ман гуфтам агар ман таҳрир мекунам, пас ин шеъри ман мешавад, зеро ман биниши худро менависам. Пас ин корро худат бояд кунӣ. Баҳсамон боло гирифт. Мард дар қаҳр шуд ва билохира коғазро пора-пора карду лаънатгӯён бо ҳамон асабоният тарки утоқи корӣ кард. Маҳтоб аз ҷояш боло шуд ва гуфт, ки ҳоло ҳидоят шуда буд, ки дар ин шӯъба кор кунад, вале мебинад, ки наметавонад. Пурсидам, ки чаро? Гуфт, агар ҳар шоиру навшоир ин гуна муносибат кунад, ман наметавонам бардошт кунам. Гуфтам, на, аслан чунин ҳам нест, вале агар рафту касе баҳс кунад, бо ман мекунад. Ту бидуни истиҳола биё ва кор кун. Рад кард, Маҳтоб рафту дигар наёмад. Яъне, вай касеро ранҷонида наметавонист, наметавонист, ки касе бо коре наздаш ояду норозӣ равад. Ва пай бурда буд, ки дар шӯъбаи адабиёт ҳар гоҳу ногоҳ чунин баҳсҳое мешаванд, ки метавонанд барои ӯ ноҳинҷор бошанд.

Бале, чунин як Маҳтобе буд. Рафт, аммо шеърҳояш ногуфта монданд, хеле зиёд мехост бигӯяду бинвисад, вале умр вафо накард...”.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун, шоир

Мо ва ду дарди Маҳтоб

2.kulob-mahtob-2013Ман ӯро аслан намешинохтам. Дар гузашта агар шеърашро дар ягон нашрия ҳам хонда бошам, вале худашро ҳаргиз надидаам. Танҳо аксаш ҳоло пеши ман аст ва маҷмӯъаи электронии китоби ашъораш. Шеърҳои саропо дардолуд, сурадаҳои шигифтангез. Дарди як зане, ки аз муроду номуродӣ навиштааст, дарде, ки илоҷи давои он пайдо нашуда ва бо ҳамин пойи ӯро аз олами фано кандаву ба дунёи бақо бурдааст.

Аммо дар ашъораш ман ду дардро дидаму мушоҳида кардам: яке дарди ишқ, ки номуродӣ дунболгираш будааст ва дигар дарди ҷисмаш, ки тадриҷан тани ӯро абгор кардаву дар тозабаҳори зиндагонӣ, дар айёме, ки бояд ҳоло шеърашро мегуфту менавишт, дар ҳоле, ки мурдан барояш хеле бармаҳал буд, аз олами мо бурдааст. Аммо ин ду дард тавъам буданд.

Дарди ишқ ӯро бештар аз дарди ҷисм абгор карда буд ва шояд як иллати маризиаш ҳамин нокомӣ дар зиндагӣ ва зиндаҷудоии абадӣ аз шахсе буд, ки баробар бо ҷони ширинаш дӯсташ медошт ва танҳо ба иллати бефарзандӣ аз ҳам ҷудо шуда буданд. Ҳарчанд кӯшид, натавонист он риштаи муҳаббатро бо каси дигар васл кунад. Бо дарди ҳамон ошиқаш зист. Хаёлан бо ӯ худро тасаввур кард, ӯро ҳамдами розҳояш намуд. Ва ӯ, то охири умр ҳамон ишқашро азиз шумурд ва ошиқашро ба қаҳрамони ҳама шеърҳои лирикии худ табдил дод.

Биё, ки интизори туст Маҳтоб

Маҳтоби озода паси ҷустуҷӯи персонаж нагашт. Ошиқи қадима ҳамеша ва қадам ба қадам бо ӯ буд. Лаҳзае ҳам ӯро дур аз худ надид. Ҳарчанд намедонист ӯ чӣ эҳсосе баъди ҷудоӣ аз ин бонуи ҳунар дошт. Вале барои Маҳтоб ин чандон муҳим набуд. Муҳим он буд, ки чеҳраи гарми ошиқ ҳамеша пеши назараш бошад, хиёнаташро хиёнат напиндорад, балки рафтанаш ҳарчанд ҳамешагӣ буд, вале дар ашъори Маҳтоб рамзи рафтану баргаштан дошт.

Тохтӣ сӯям дами рақсиданам,

Дастҳо бар гарданам  андохтӣ.

“Не намегардам  дигар аз ту ҷудо!”

Оқибат гӯё маро бишнохтӣ.

Ин хоби ӯст. Дар хоб дид, ки ошиқаш, оне, ки сахт дӯсташ медошт, оне, ки орзуи дилаш ва муроди қалбаш буд, ёри нав гирифтааст. Маҳтоб ҳақиқатро дар хоб дид, вале дар хоб ҳам ба ин ҳақиқат бовар накард ва он ошиқи зор чуноне дар бедорӣ инро дар тасаввури шоиронааш ғунҷонида буд, дар хоб ба наздаш баргашт ва гуфт: “Не, намегардам аз ту ҷудо...”.

Маҳтоб ҳамин ғояи бозгашти ошиқ ба назди маъшуқро дар дил мепарварид ва худро бо ҳамин орзуи амалинашаванда аз шарру шури ишқҳои нопойдор ва ҳавасҳои парешон дур нигаҳ медошт. Вай бовар дошт, ки ин кор, яъне бозгашти ошиқ як орзуи амалинашавандаест, вале намехост он бовар ва он андеша ҳақиқат дошта бошад. Мехост ӯ баргардад, ақалан ба олами тахайюлоти рангини шоиронаи ӯ баргардад.   

Зи нури офтоби оламоро,

Ҳама яхҳои бомат мешавад об.

Чу яхҳои дили ту об гардад,

Биё, ки интизори  туст Маҳтоб

Ва боз бовар дорад, ки акнун ин ҷудоӣ барояшон абадист, ҳамешагист ва гоҳе иқрор мешавад, ки дигар висол бо ошиқ имкон надорад ва мегӯяд, ки ӯ рафтаву Маҳтоб дар Кӯлоб монда:

Руҷуъи дуюм 

Маҳтобро дар Кӯлоб ҳама дӯст медоштанд. Инсон бо тамоми маънияш буд. Тамоми хислатҳои беҳтарини инсониро дошт. Маҳфилҳои мо аксаран дар хонаи ӯ мегузаштанд ва мо маъмулан соати 7-и бегоҳ маҳфил меоростем ва то дили шаб идома мекард. Ҳар шеърро таҳлил мекардем. Ҳам одаму одамгарӣ ва ҳам шеъраш хуб буд. Чеҳрааш ҳаргиз аз пеши назар намеравад. Надидам, ки бо садои баланд сӯҳбат карда бошад. Вай худ аз фаъолтарин шахсон дар маҳфили мо буд. Нек буд ва ба ҳама некӣ мекард.

Номаш ба худаш монанд  буд. Мисли Маҳтоби осмонӣ рӯи гирду зардина дошт. Мисли ҳамон маҳтоб торикиҳои зиндагии моро рушан мекард, ба назарам ҳама ҷое ки ӯ буд, атроф аз нури рӯяш рушан буд. Шеъраш аз назари ман хеле шеъри баланд буд. Маънирас буд ва ҳар мисрааш бори маънӣ мекашид”.

Хайрандеш, шоир

“Танҳо наям, ман бу туам...”

3.kulob-mahtob-2013Замони ҷанги ҳамватанӣ барои Маҳтоб низ як замони саршор аз мушкилоти зиндагонӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра танаш аз дард ранҷур гашт, вуҷудашро беморие, ки тадриҷан пояшро ба бистари марг кашид, фаро гирифт. Дар ҳамин айём  буд, ки шеърҳояш бӯи шиква аз замон мекарданд, вай бори аввал ноумедӣ аз зиндагиро дар қолаби мисраҳои ноб аз танури дилаш берун рехт. Вай бори аввал эҳсос кард, ки замона бемуруват ва мардум ба якдигар бемуҳаббат шудаанд. Вай эҳсос кард, ки замонаи дигар фаро расидааст, ки арзишҳои инсониро мехӯрад, муҳаббат тӯъмаи бемеҳрӣ шудааст. Ва ҳеҷ замоне ин гуна рӯҳафтода набуд, ки гӯяд:

Фозилонро ғамгусоре нест,

Ҷоҳилонро бахт ғамхор аст.

Ва тири ғосибонаи бемеҳриву беилтифотӣӯро ҳам ба нишон гирифт, вай пайваста аз ину он меҳру вафо ҷусту наёфт ва як хастаҳолии рӯҳӣӯро фаро гирифт ва суруд:

Ман, ки бо морон напайвастам,

Қалби ман пайваста бемор аст.

Бо Ватан пурдард Маҳтоб,

Беватан пурдард Бозор аст.

Бо вуҷуди ин ҳама озорҳо ва шикастагиҳои рӯҳӣ вай иқрор намешавад, ки дар анбуҳи мушкилоти зиндагӣ тани танҳост. Дар як шеъри хеле соддаву равон ва саршор аз муҳаббати инсонӣ дунёи дили танҳои худро хулоса мекунад ва мегӯяд: “Танҳо наям, ман бо туам...”. Шоираи бедордил шабона азми сафари олами афсонаҳои ҷавонии худ мекунад ва ҳар куҷо, ки хаёлаш ба парвоз меояд, гоҳ ба моҳу гоҳ ба ситора мепарад ва гоҳи дигар ба Замин менишинад, боз ҳам ӯро дар паҳлуи худ мебинад. Ва Маҳтобе, ки аз ҳама рамзҳои зиндагӣ танҳо хушиҳои рӯзгорро интизор буд, наметавонист рози танҳо будани худро ифшо созад. На, ӯ на танҳост, балки маҳбуби дилаш ҳамоно бо ӯст:

Ҳар шаб нигоҳи мову ту

Печад ба авҷи осмон,

Аз чашми ман то чашми ту,

Роҳи сафеди Каҳкашон,

Аз хонаам то хонаат

Дунёи ишқу ормон,

Ҳарчанд бо ман нестӣ

Сад шукр дар рӯйи ҷахон

Танҳо наям, ман бо туам.

«Дӯстам Муҳаммад Ғоиб! Имрӯз ҷони ҷавони ман байни маргу зиндагӣ авлонҷ мехӯрад...”

Яъсу ноумедӣ барои Маҳтоб бегона буд. Вай мекӯшид дар ҳама ҳолат умедвори лутфи Илоҳӣ бошад, ки ба висол мерасад. Висол барои Маҳтоб раҳоӣ аз ҳама ранҷи олами ҳастӣ ба шумор меомад. Аз ин рӯ интизор он рӯз буд, он рӯзе, ки дар олами пиндорҳояш омаданӣ ва шуданӣ. Аммо чун танаш ранҷуру нотавон шуд ва дар ба дари табибон гашту илоҷи бемориашро наёфтанд, дар бемористон аз ифшои асрори маризии ӯ лол монданд, тадриҷан бӯи ноумедӣ ба машомаш расид.

Рӯзноманигор ва овозхони шинохта Зиёвиддини Нурзод менависад: “Ба номаи коғазҳояш зардшуда чашм давондам. Маҳтоб навишта буд: “Акнун яъсу ноумедӣ маро фаро гирифтааст. Шабҳои дарози фикру андешаву бехобӣ сар шуд. Чӣ бояд кард? Ғаму ғуссаи зиёд маро ба бистари  беморӣ афканд. Худо медонад, ки аз ин дарди қаттол раҳоӣ меёбам ё на? Вале дилам месӯзад. Барои худам на, барои шеърҳои ятимам…”

Вале Маҳтобро сӯхтаниҳои дигар ҳам буданд. Сарнавишти ду тифлаке, ки ба умед калонашон мекард, наметавонист нигаронаш накунад. Духтархондаш мегӯяд борҳо мегуфт, ки ман агар мирам, ҳоли инҳо чӣ мешавад. “Ман бояд зинда бимонам, ман бояд ин ду танро калон кунам”.

4.kulob-mahtob-2013Баъди ҷудоӣ аз шавҳар, ки иллати он бефарзандӣ буд, Маҳтоб дунболи хонаободӣ бо марди дигар нашуд, балки Нодираи хурдакакро аз ятимхона ва Зайдулло-писари бародараш Намозалиро гирифт ва калон кард. Ва орзу дошт тӯи хонадории ин ду танро бо чашмонаш бубинад. Вале ҳайҳот, ки ин муяссараш нагашт. Дарди ҷонкоҳ вуҷудашро хаставу нотавон мекард, тани ранҷураш дигар тавони бардошти дардро надошт. Тадриҷан ин ҳама хастагиву нотавонӣ рӯҳану ҷисман ӯро шикаста мекард. Ва ба дӯсти шоираш Муҳаммад Ғоиб номае навишта буд, ки бо ин ҷумлаҳо оғоз мешуданд: “Дӯстам Муҳаммад Ғоиб, салом. Имрӯз ҷони ҷавони ман байни маргу зиндагӣ авлонҷ мехӯрад...”

Духтархонадаш Парвина дигар ёд надорад Маҳтоб ба Муҳаммад Ғоиб боз чӣ менавишт, чун ёрои он надошт, ки ба ҷуз ин ду ҷумла ба идомаи мактуб чашм давонад. Яқинан дар ин нома вай аз ҳолу аҳволаш ба дӯсти шоираш менавишт. Ва ин гуна ноумедиҳо пайваста ӯро фаро мегирифтанд. Ба назар мерасид аз паёмади мудҳиш ва аз поёни умри ҷавонаш дар ин олами пир овое шунида буд.

Табибон бо ҳар ташхис ӯро аз даре ба дари дигар мефиристоданд. Аммо касе наметавонист дуруст ва мушаххас дарди ӯро ташхис кунад. Танҳо дар бемористони шаҳраки тиббӣ доктори соҳибтаҷриба Абдурауф Турақулов баъди муоинаи чашмонаш ва аз назар гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба хулоса омад, ки Маҳтоб гирифтори бемории саратон аст. Оби сард ба сари ҳама бастагонаш рехт, гиря гулугирашон кард, вақте Турақулов гуфт, ки ба маркази саратоншиносӣ баранд. Бурданд ва ҳамин ташхис тайид шуд. Аммо аллакай дер шуда буд. Ҳатто амали ҷарроҳӣ ҳам натавонист дарду ранҷи ӯро кам кунад.

Руҷуъи сеюм

«Замоне, ки аз мо рафтӣ, сардиҳои зимистон буд. То дами иншои ин гуфтаҳо табиат аз райъаш намегардад. Ҳамоно сард асту сард. Ё шояд дили ман аз зиндагӣ сард гаштааст?

Худоё! Маҳтоб, боварам намеояд, ки бо мо нестӣ. Охир дирӯз буд, ки дар маҳфил як шеъракатро қироат кардӣ. Ҳарчанд аз ҳар мисраи он бӯи навмедиву рӯҳафтодагиат меомад, вале ба ин зудӣ аз миёни дӯстон рафтанатро дарак намедод. Аҳли дард атрофи шамъи шеъри маҳфили Хайрандеш турову гуфтаҳоятро бо дард ёд мекунем...»

 Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, рӯзноманигор

Васият ба маҳбуб: “Маҳтоби интизори ту будам наёмадӣ..”

Ва охирин васияташ ҳам аз ишқаш буд. Вай натавонист ҳатто баъде донист, ки акнун ғайр аз мурдан чора нест, ишқашро, ошиқашро фаромӯш кунад. Вай бо ҳамон ихлосу ҳамон муҳаббат барояш охирин шеърашро навишт ва ба духтархондаш васият кард: “Шояд як рӯзаке паймонаи умри ман пур шаваду набошам, ин амонаташро ба дасташ бисупор, ҳатман бисупор, бигзор бидонад, ки танҳо Маҳтоби шабистони ӯ будам:

Имрӯз интизори ту будам, наёмадӣ,

Безори хешу зори ту будам, наёмадӣ.

Биншаста дар канори ғаму ҳасрати зиёд,

Дар ҳасрати канори ту будам, наёмадӣ.

Бе ту баҳори умри маро рангу бӯ намонд,

Хушрангу бӯ баҳори ту будам, наёмадӣ.

Хуршеди рӯшани кӣ будӣ, моҳи шоми кӣ?

Маҳтоби интизори ту будам, наёмадӣ.

Бо ҳамин ҳасрат дар як рӯзи сарди зимистон, дар шаҳри дӯстдоштааш Кӯлоби барфпӯш дида аз олам барбаст ва ташнагони ашъору ошиқони шеърҳои дилошӯбашро ҳасратӣ кард. Рафтани ӯ рафтани абадӣ, сафари ӯ сафари бебозгашт буд. Издиҳоми мотамӣ дӯстдоштатарин фарзанди ин шаҳри қадимиро зери наҳваи азизони пайвандонаш ба хок супурд. Аз резиши барфи нав қабри ӯро сафедии абадӣ фаро гирифт ва гӯё баробар ба навҳаи пайвандону дӯстон месуруд:

Замин дар зери бори барф хомӯш,

Нафас гирад ба умеди баҳорон.

Дили аз сардиҳои ту ғаминам,

Зи ту дорад умеди лутфу эҳсон.

Ва шояд дар ҳамон лаҳзаҳои ҷонсӯз буд, ки Нуруллоҳи Ориф мисраъҳои ӯро ёд кард, вале навишт, на ки Маҳтоб дар Кӯлоб монд, балки Кӯлоб бе Маҳтоб монд:

Дар шеъраке худ гуфта буд,

"Маҳтоб дар Кӯлоб монд".

Ҳайфо, ки ӯро чашм хӯрд,

Кӯлоб бе Маҳтоб монд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi