01:24:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таронаҳо

Танҳоӣ

farzona-safariyon 458555Паси тирезаҳои яхбастаи хонаи сарду танҳоям, гунҷишкаки болшикастаи муҳаббатам бемор аст. Оҳ, чаро боғи ишқамро фасли поиз оғуштааст? Чаро дили бо ман ноошно ҳамоно бо ту ошност? Оре, хабар аз бемеҳриат надорад…

Дилам ҳамсояи андуҳҳо...

Парастуи муҳаббатам ба диёри танҳоиҳо бо боли шикаста дар парвоз аст. Дарвозаҳои боғи сабзи умеди ишқамро ту ба сӯи фасли поиз бикшодаӣ, азизи бегонапарастам.

Бо ман бисоз

Хомаи дасти қалбам шикаст аз бемеҳриҳои ту. Китоби хотираҳои ишқ бисӯхт аз оташи ҷудоӣ. Килки орзуям сарнагун шуд аз бетаманноиҳоят. Эй азизи аз чашм нопайдои дил. Дар ин фасли орзушикани марги сабзаҳо бо ин диле, ки мазори таманноҳост, як даме бисоз...

Ёди ӯ борон шуд

Ёди ӯ борон шуд. Садояш боз дар зери гӯшам зангӯла зад. Бо оҳанги кӯҳна. ? менолид, механдид. Баҳор мавсими сабзаҳо, сабзиши ғуссаҳои хотироти гузаштаи дил. Ва ӯ бо оҳанги фиғонаш маро дубора боз ба шаҳри хотиротат мебарад, ки ҳашт сол қабл тарки ин шаҳр карда будӣ, ё худ карда будам.

Борон меборид, борон меборид дар диламу дар дидаам, дар кӯчаву дар долонҳои холиям... Инак аз рафтани ту ҳашт сол гузашту бо ҳашт захм дар қалби танҳоям. Ин танҳоист, ки маро танҳо намегузорад…

Ёдат ҳаст, баъди борон мудом маро ба тамошои гули қоқу даъват мекардӣ. Пас аз борон дар зери нурҳои офтоб гули қоқу мешукуфт. Пироҳанҳои гулҳо тоза зи гард мешуданд ва ин тамошо туро бо шодии бегард ҳамоғӯш мекард.

Чӣ лаҳзаҳо... пас аз борони он шом гули қоқу қоқ шуд, хуршед дигар нахандид...

Марги ту марги муҳаббатам гардид. Марги ту... тавлиди ғаму поёни шодиҳоям шуд. Он шоме, ки борон мебориду аз атри шукуфаҳои аввали баҳор замин дар ноз буд, он шоме, ки дар бемористон дар бистари дард, дард бо ту дар ҷанг буд, маро бемори бемористони ишқ намудиву рафтӣ. Чӣ кунам, рафтанат бе бозгашт шуд... шоми боронӣ шоми армонии ман шуду дардам ҳаштсола шуд.

Боз мавсими баҳор. Борон меборад ва дили дардмандамро борон бо оҳанги ҳаштмақомаш зи нав сӯзан мезанаду торҳои дили хастаамро ба садо меорад. Ашкҳои ман кӯл гашту бухор шуд. Абр шуду борон шуд. Рӯйи боми бемористони бе табибам гирён шуд...

Маҳтоби ишқҷӯё

Мусаввири чашмонам, сурати туро дигар тасвир карда наметавонад. Чаро зи ёдам рафтӣ? Бори дигар о! Сурататро дар дафтари ишқномаам ҷовидона тасвир бикунам ва бо меҳр мӯҳр бизанам. Меоӣ биёву дубора зи ёдам марав, эй ишқи чашмсӯзу дилгудозам...

Атри себ

Атри себ омад бар муборакбодии суоли зиндагиям. Имшаб маҳтоби ишқҷӯёро бидидам. Аз замин ҷониби осмон сӯи он наззора кардам ва гуфтам: Хуш омадӣ аз диёри ишқ, эй чароғи шабҳои тор, баҳри ман аз шабистони ишқ ҳадяе овардӣ ё на? Аз дуриҳо нурҳои сапедашро ба кулбае, ки аз зулмати шаби тор сияҳ гашта буд, аз рӯи равзана ворид шуд ва ба дилам садо дод, ки ишқи маҳтобие овардааст, ӯ баҳри ман...

Ишқ баҳорест савсанӣ

Ишқ баҳорест савсанӣ, аммо хазон ҳам дорад медонӣ, эй дӯст?

Фасли ишқу муҳаббат баҳор аст, вале ҳар баҳореро хазоне ҳаст. Оне, ки ишқро мепарастад, ишқ дар қалби кӯчакаш ҷовидон бошад ва аз хазони фасли поиз бипарҳезад...

Нахустин суруди зиндагӣ

Шаби тору ситоразор аст. Дастони зи меҳнат обиладорат дар сари гаҳвораи тифлат, модар. Садои ингаи он тифли гирёнат, кушоят қулфи шодиро барои ту, эй модар. Нимашаб асту ҳама сармасти хобанд, танҳо ту дар сари гаҳвораи пораи ҷонат нишастиву аллаи беохир мехонӣ. Он тифли гирёнат хомӯши хомӯш аз дохили гаҳвораи нақшин бодиққат гӯш ба садои ту медиҳаду бо забони кӯдаконаи худ чизе ба ту мегӯяд. Шояд ӯ огоҳ аз он аст, ки аллаи модар нахустин суруди зиндагист...

Борон мерехт

Борон мерехт. Баргҳои заррини дарахтон ба замин гӯё нақш баста  буданд. Ӯ бар рӯи кати долон нишаста бо ёди ӯ такрори хотираҳояшро ба оинаи боронӣ менавишт ва баробари борон гиря мекард. Чаҳор мавсими умр бе азизаш паси сар шуд. Чаҳор бор табиат ҷомаашро нав карду садои шодии гумгаштааш хонаи ӯро аз нав танинандоз накард.

Ӯ миёни баҳору тирамоҳ фарқеро намедид. Дар оинаи чашмонаш фақат инъикоси хазон буд. Буруни долон борон, даруни долон дили вайрони ӯ нолон буд. Сарашро ба пештоқи оина бурд ва лаҳзае ба фаромӯшӣ фурӯ рафт. Рафту дигар аз хомӯшии хонаҳои холиаш бедор нашуд. Субҳи боронӣ шом шуд ва ӯ бедор. Касе дари ӯро мекӯбад. Дар боз шуд, меҳмон-танҳоӣ

Фарзонаи Сафариён, донишҷӯи соли саввуми факултети журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi