17:12:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-12

dargahe-pireherat 1221Илоҳо, то омӯхтанро омӯхтам, омӯхтаро ҷумла бисӯхтам, андӯхтаро барандохтам ва андохтаро бияндӯхтам, нестро бифрӯхтам, то ҳаст бияфрӯхтам.

Илоҳо, то ягонагӣ бишинохтам, дар орзуи шодӣ бигудохтам. Кай бошад, ки гӯям, паймона бияндохтам ва аз алоиқ вопардохтам ва буди хеш ҷумла дархостам.

Байт:

Кай бошад, к-ин қафас бипардозам,

Дар боғи Илоҳӣ ошён созам.

Илоҳо, гоҳ мегӯӣ: фуруд ой. Гоҳ мегӯӣ: гурез. Гоҳ фармоӣ: биё. Гоҳ гӯӣ: парҳез. Худоё ин нишони қурбат аст, ё маҳзи растохез? Ҳаргиз башорат надидам таҳдидомез. Эй меҳрубони бурдбор, эй латифи некбор, омад ба даргоҳ, хоҳ ба ноз дору хоҳӣ хоҳ дор.

Байт:

Гар шаванд ин халқи олам бар сари хасмони ман,

Ман раво дорам, нигоро, чун ту бошӣ они ман.

Илоҳо, ин дили ман кони ҳасрат аст ва тани ман мояи дарду ғам. Худоё, наёрам гуфт, ин ҳама чаро баҳри ман?

Илоҳо то меҳри Ту пайдо гашт, ҳама меҳрҳо ҷафо гашт ва то некии Ту пайдо гашт, ҳама ҷафоҳо вафо гашт. Худовандо, мо на арзонӣ будем, то моро баргузидӣ ва на ноарзонӣ будем, ки ба ғалат баргузидӣ, балки Худ арзонӣ кардӣ, то баргузидӣ ва ҳар айб, ки медидӣ, мепӯшидӣ.

Илоҳо, номат нури дидаи ошноён, ёдат ойини манзили муштоқон, ёфтат чароғи дили муридон, меҳрат унси ҷони дӯстон.

Илоҳо, чӣ хуш рӯзе, ки хуршеди ҷалоли Ту ба мо назар мекунад. Чӣ хуш вақте, ки муштоқ аз мушоҳидаи ҷамоли Ту маро хабаре диҳад. Ҷони худро тӯъмаи боз созем, ки дар фазои талаби Ту парвозе кунад ва дили худро нисори дӯсте кунем, ки бар сари кӯй Ту овозе диҳад.

Илоҳо, насиби ин бечора аз ин корҳо дард аст. Муборак бод, ки маро ин дард фард аст. Ҳаққо, ки ҳар кас бад-ин дард нанозад, ҷавонмард аст.

Рубоӣ:

Ҳар дард, ки з-ин дилам қадам баргирад,

Дарде дигараш ба ҷой-дар бар гирад.

З-он бо мо дари суҳбат аз сар гирад,

К-оташ чу расад ба сӯхта, даргирад.

Илоҳо, аз вуҷуди ту ҳар муфлисеро насибе ва аз карами Ту ҳар касеро баҳрае ва аз бисёрии бахшиши Ту ҳар ниёзмандеро қатраест. Бар сари ҳар мӯъмин аз Ту тоҷест ва дар дили ҳар муҳиб аз Ту сироҷест. Ҳар шефтаро бо Ту сару корест ва ҳар мунтазиреро рӯзи дидорест.

Илоҳо, ин чӣ бадтар рӯзест, тарсам, ки маро аз Ту ҷуз ҳасрат на рӯзист. Худовандо , аз бахти худ чун парҳезам? Ва аз буданӣ куҷо гурезам? Каримо, дили ман кони ҳасрат аст ва тани ман мояи дарду ғам, наёрам гуфт, ки ин ҳама чаро баҳраи ман? На даст расад маро чораи ман.

Байт:

Маро то бошад ин дарди ниҳонӣ,

Туро ҷӯям, ки дармонам Ту донӣ.

Илоҳо, эй кушояндаи забони муноҷотгуён ва унсафзои хилватҳои зокирон ва ҳозири нафасҳои роздорон. Худовандо дар ҳоҷати касе назар кун, ки ӯро як ҳоҷат беш нест.

Илоҳо, маънои даъвои содиқонӣ, фурӯзандаи нафасҳои дӯстонӣ, ороми дили ғарибонӣ. Чун дар миёни ҷон ҳозирӣ, аз бедилӣ мегӯям, ки куҷоӣ? Зиндагониро ҷонӣ ва ойини зиёд ба Худ аз Худ тарҷумонӣ, ба ҳаққи Ту бар Ту, ки маро дар сояи ғурур нанишонӣ ва ба висоли Худ расонӣ.

 Илоҳо, ба ҳар сифат ки ҳастам, бар хости Ту мавқуфам, ба ҳар ном, ки маро хонанд ба бандагии Ту маъруфам, то ҷон дорам, рахт аз ин кӯй барнадорам. Ҳар кас, ки Ту они ӯйӣ, биҳишт ӯро бандааст ва он кас, ки Ту дар зиндагонии ӯҳастӣ, зиндаи ҷовид аст. Худовандо гуфтори Ту роҳати дил аст ва дидори Ту зиндагии ҷон. Забон ба ёди Ту нозаду дил ба меҳру ҷон ба аён.

 Илоҳо, агар Ту фазл кунӣ, дигарон чӣ доду бедод ва агар Ту адл кунӣ, фазли дигарон чун бод. Худовандо, он чи ман аз Ту дидам, ду гетӣ ба ёр ояд, шигифт он, ки ҷони ман аз Ту намеояд.

 Илоҳо, чанд ниҳон бошиву чанд пайдо, ки дилам ҳайрон гашту ҷон шайдо? То кай дар иститору таҷалло? Кай бувад он таҷаллои ҷовидонӣ? Худовандо чанд хониву ронӣ? Бигудохтам дар орзуи рӯзе, ки дар он рӯз Ту монӣ. То кай афканиву баргирӣ? Ин чӣ ваъда аст бад-ин дарозиву бад-ин дерӣ?

 Илоҳо, ин буда ва ҳасту буданӣ. Ман ба қадри шаъни Ту нодонам ва сазои Туро натавонам, дар бечорагии худ гардонам. Рӯз бар рӯз бар зиёнам. Чун мане чун бувад аз нигаристан дар торикӣ ба фиғонам, ки худ бар ҳеҷ чиз ҳаст мондам, надонам. Чашм бар рӯзе дорам, ки Ту монӣ ва ман намонам. Чун ман кист, агар он рӯз бинам. Агра бинам, ба ҷон фидои онам.

Илоҳо, рӯзгоре Туро меҷустам, худро меёфтам. Акнун худро меҷӯям, Туро меёбам. Эй муҳибро ёд ва унсро ёдгор, чун ҳозирӣ, ин ҷустан ба чӣ кор?

Илоҳо, ёфта меҷӯям. Бо дидавар мегӯям, ки дорам, чӣҷӯям, ки мебинам, чӣ гӯям? Шефтаи ин ҷустуҷӯм. Гирифтори ин гуфтугӯям. Эй пеш аз ҳар рӯз ва ҷудо аз ҳар кас, маро дар ин сӯз ҳазор мутриб бас.

Илоҳо, ба инояти азалӣ тухми ҳидоят коштӣ, ба рисолати пайғамбарон об додӣ, ба ёрии тавфиқ парвардӣ, ба назари Худ бор овардӣ.

Илоҳо, сазад, ки акнун самми каҳр аз он боздорӣ ва киштаи инояти азалиро ба риояти абадӣ мадад кунӣ.

Илоҳо, гоҳ гирям, ки дар ихтиёри девам аз бас торикӣ бинам. Боз ногоҳ нуре тобад, ки ҷумлаи башарият дар ҷанбаи он нопадид бувад. Худоё, гоҳ аз Ту мегуфтам ва гоҳ аз мениюшидам. Миёни ҷурми худ ва лутфи Ту меандешидам. Кашидам он чӣ кашидам. Ҳама нӯш гашт, чун овои Ту(ро) шунидам.

Илоҳо, Ту дар азал маро баргирифтӣ ва касе нагуфт, ки бардор. Акнун. ки баргирифӣ, набигзор ва дар сояи лутфи Худ медор.

Илоҳо, он чӣ нохоста ёфтанист, хоҳандаи он кист? Ва он чӣ аз подош бартар аст, пурсиш дар ҷанби он чист? Пас ҳарчӣ аз борони миннат аст, баҳори он дамест ва донишу кӯшиш меҳнати одамист.

Илоҳо, маро дардест, ки беҳӣ мабод. Ин дард маро савоб аст. Бо хурсандии дардмандӣ ба дарди худ касеро чӣҳисоб аст.

Илоҳо, гоҳе ба худ нигарам, гӯям, аз ман зортар кист? Гоҳе ба Ту нигарам, гӯям, аз ман бузургвортар кист? Банда чун беҳии худ нигарад, ба забони таҳқир аз кӯфтагиву шикастагии худ гӯяд:

Байт:

Пуроб ду дидаву пуроташ ҷигарам,

Пурбод ду дастаму пур аз хок сарам.

 Ва чун ба лутфи Илоҳиву фазли раббонӣ нигарад, ба забони шодӣ аз неъмати озодӣ гӯяд:

Қитъа:

Чӣ кунад Арш, ки ӯғошияи ман бикашад,

Чун ба дил ғошияи ҳукму қазои Ту кашам.

Бӯйи ҷон ояадам аз лаб, чу ҳадиси Ту кунам,

Шохи изз рӯядам аз дил, чу балои Ту кашам.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi