06:19:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Садриддин: Дар ҳеч ҷои дунё мисли Тоҷикистон роҳат буда наметавонам

Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят таронаи як замон маъруфи Кароматуллои Қурбонро бозхонӣ кардаанд, ки тайи як ҳафтаи охир дар дискфурӯшиҳо аз ҷумлаи пурхаридорон будааст.

sadriddin_va_ghazal-5496565.jpgОҳангу таронаи Кароматуллои Қурбон, овозхони зиндаёд, бо номи "Ҷони ман..." дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят - сарояндагони маъруфи тоҷику афғон дигарбора ин таронаро сари забонҳо овард ва тайи як ҳафтаи охир дар бозори дискфурӯшии Тоҷикистон аз ҷумлаи пурхаридорон будааст. Ин таронаро Кароматуллои Қурбон тақрибан сӣ соли пеш бо Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва ҳарчанд баъди марги ин овозхони маъруф аз ёд нарафтааст, аммо хеле кам шунида мешуд. Матни ин тарона аз Лоиқ Шералист.

Ширинмоҳ Ниҳолова, ҳунарманди тоҷик, рӯзи якшанбеи 30 август дар сӯҳбат бо мо гуфт, "ин таронаро Садриддин ва Ғизол дар алоҳидагӣ хеле хуб хондаанд, аммо дар шакли дугона овозашон чандон ба якдигар ҷӯр нашудааст. Садриддин худро аз пайравони Кароматуллои Қурбон медонад ва садояш ба овози ӯ шабоҳат дорад, вале садои зан дар ин оҳанг бояд хеле бориктар аз садои Ғизол бошад."

Ширинимоҳ ният дорад, барои дубора зинда кардани ин ва боз чандин сурудҳое, ки якҷоя бо Кароматуллои Қурбон иҷро кардааст, ҳамаи онҳоро аз нав сабт намояд. "Ҳоло ки таронаи мазкурро аз миёни садҳо таронаи дигар Садриддин ва Ғизол интихоб кардаву сурудаанд, пас ин оҳанг, воқеан, муваффақ будааст," - афзуд ӯ.

Клипи таронаи "Ҷони ман..."-ро Садриддину Ғизол дар бинои Китобхонаи Миллӣ ва Кохи Наврӯзи Душанбе сабт карда, ҳамин ҳафта дар Ютуб низ гузоштаанд. Ғизол моҳи июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буд ва таҳияи клипи онҳо бо Садриддин дар нимаи дувуми моҳи август ба поён расидааст. Ҳардуи ин овозхон дар шарҳи дуэти худ гуфтаанд, ки онҳо аз қабл орзуи ҳамкориро доштанд ва бо ҳимояти "Қиём Ентертейнмент" тавонистаанд аввалин таронаашонро сабт ва пешниҳоди ҳаводорони худ дар Тоҷикистону Афғонистон намоянд.

Ғизол Иноят худро овозхони “хушшонc”-е медонад, ки тавонистааст бо Садриддини Наҷмиддин якҷоя оҳанг иҷро кунад. Ӯ мегӯяд, дер боз орзу дошт, бо ин сарояндаи тоҷик оҳанги дугона бихонад ва ба гуфтаи ӯ хушбахтона чунин шароит барояш фароҳам омадааст.

“Ман мутамаин ҳастам, ки ҳунармандони зиёде орзуи ҳамкорӣ бо Садриддинро доранд, ки, албатта, дар ин миён ман хушшонс будам. Яке аз дигар далоиле, ки чунин имконият барои ман даст дод ва худи Садриддин ҳам ба ҳамкорӣ розӣ шуд, ҳаммавҷ будани садои мо буд,” -- изҳор доштааст Ғизол Иноят.

Дар баробари ин, ба иқрори худи Садриддин, Ғизол, ки аксаран бо шеваи ҳиндуӣ тарона иҷро мекунад, ӯро кайҳо шефта карда буд ва ӯ итминон дошт, ки дар ҳамовозӣ бо якдигар метавонанд таронаи хубе ба бозор бароранд. “Аз нигоҳи ман, садои мо бо ҳам ҷӯр меоянд, аз ин хотир қарор додем, бо якдигар ҳамкорӣ намоем,” - гуфт ӯ.

Садриддини Наҷмиддин, ки асосан клипҳои таронаҳояшро дар хориҷ аз кишвар наворбардорӣ мекард, мегӯяд, ин дафъа тасмим гирифтааст, оҳанги “Ҷони ман” ва боз чандин таронаи дигарашро маҳз дар Тоҷикистон филмбардорӣ кунад: "Шахсан ин тасмими ман дар якҷоягӣ бо тими Қиём Ентертейнмент буд, ки оҳангҳоро дар Тоҷикистон сабт намоем. Чун ватан, ватан аст ва дигар дар ҳеч ҷои дунё мисли ин ҷо роҳат будан наметавонем."

Садриддин ва Ғизол на танҳо аз садо, балки аз хислати ҳамдигар низ тавсиф мекунанд, ки ҳамкориро барояшон осон ва роҳат кард. Аз ҷумла, Садриддин аз Ғазал чун бонуи шӯхтабиат ва хоксор ном мебарад, ки барояш ғайричашмдошт будааст. "Аслан гумон надоштам, ки Ғизол ин гуна шахси заминист ва ба ман чунин менамояд, ки кайҳо бо ҳам кор мекунем. Мисли ду дӯст будем. Ӯ дар саҳна ва дар зиндагӣҳамон як шахс аст ва хеле хушбахтам, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо ӯро доштам. Ман фикр мекунам, ки ҳамокриҳои мо дар оянда низ идома хоҳад кард," - илова кард овозхони тоҷик. 

Ғизол Иноят ҳам, ки аваллин бор дар Тоҷикистон қарор доштааст, мегӯяд, мардуми кишварро ба мисли Афғонистон самимиву меҳмоннавоз ёфт ва бовар дорад, ки ин оғози ҳамкориҳояш бо Садриддин ва дар маҷмӯъ барномаҳои наваш дар Тоҷикистон аст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi