21:02:57 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Китоби нав Тоҷикистонро дар доираҳои сайёҳии Олмон муаррифӣ хоҳад кард

Тоҷикистон кишвари дорои баландтарин, бузургтарин ва дарозтарин кӯххою пиряхҳост. Кӯҳҳои сарбафалаки барфпӯш, обанборҳои бузурги ба мисли парии хуфта, пиряхҳои дарозтарин ва либосҳои рангоранги хонумони қашанги ин сарзамин аз ҷумлаи ормонҳои як нафар сайёҳи мағрибӣ ба ҳисоб меравад.

tadschikistan_455445.jpgШилдирроси дарёчаҳо дар қаъри дараҳои сабзу зебо ва кӯлҳои сокит, кӯҳҳои сабзпӯшу теппаҳои гулафшон ва ё биёбонҳои сарди бе долу дарахт, шаҳрҳои сабзу бозорҳои фаровони серодам ва баландиҳои пурасрору аз панҷаи саноатикунонӣ дурмонда хоси Тоҷикистон буда, ба кас оромии рӯҳу равон ва қуввати ҷисму ҷон ато менамоянд. Заминаи хубу кофист, то кас борхалтаро ба пушт партофта, озими Тоҷикистон гардад. Табиати ин кишвар бемислу монанд буда, мафҳуми вақт дигар гуна фаҳмида мешавад. Кишваре ки чӣ табиати он ва чӣҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиаш ҳар лаҳза ва ҳар соат дар ҳоли тағйирёбӣ буда, вохӯрӣ бо одамони наҷибу мухталиф ба кас эҳсоси худӣ ва фаромӯшношуданӣ ато мекунад.

Cайёҳе боре дар ёддоштҳои худ чунин нигошта буд: «Ҳама гуна китобчаи роҳнамо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба бозорҳо кӯҳна мегардад, зеро ҳаёт дар кишварҳои ин минтақа тағйирёбанда ва дар ҳоли рушд аст.».

Ин аст, ки нашриёти Трешер Ферлаги Олмон (Trescher Verlag) китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон»-ро зери унвони «Тоҷикистон» маротибаи дуюм таҳрир, чоп ва пешкаши ҳаводорони олмонизабон намуд. Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣҷой дода шудаанд. Ба фарқ аз шумораи якуми он, ки соли 2010 чоп шуда буд, оид ба шаҳри Душанбе, кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон маълумоти бештар гирд оварда шудааст.

Дар изҳороти матбуотии нашриёт, ки шоми 8 январ нашр шуд, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун ´Швейтсарияи Осиёи Марказӣ´ ҳисобида мешавад. Роҳнамо дар таҳрири нав ба сайёҳон дар омода намудани сафар ба Тоҷикистон маслиҳатҳои хубу нодир пешниҳод мекунад. Дар ин китоб дар бораи имкониятҳои шабгузаронӣ, хатсайрҳои мавҷуда, имконоти сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар ва ҷойҳои дидании кишвар пешниҳоду маслиҳатҳои муфид гирд оварда шудаанд.

Китоб ҳамчунин барои нафароне низ тавсия мегардад, ки мехоҳанд сафари фарҳангӣ анҷом диҳанд. Зимни сафар ба Тоҷикистон кас имкон дорад, ба фарҳанги давраҳои томасеҳӣ, то бутпарастӣ ва тоисломӣ назар андохта, аз меҳмоннавозии самимии мардуми таҳҷоӣ ва дигар саргузаштҳои ғалатӣҳаловат барад». Китоб имрӯз дар мағоза ва нуқтаҳои китобфурӯшии Олмон ба фурӯш гузошта шуда, ба рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба мо хабар доданд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi