05:02:18 27-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУИН: «ДИЛАМ МЕХОҲАД БА ТОҶИКИСТОН БАРГАРДАМ…»

 

 Рӯзҳои 20-21-уми июн дар «Кохи Борбад» консерти дилангези ситораи маъруфи Шарқ - Муин шукӯҳи хоса дошт. 

Ҳар як суруду таронаҳои овозхони шинохтаро дӯстдорону ҳаводоронаш бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом, бо меҳру муҳаббат, самимият ва бо гулу гулдастаҳои тару тоза гарм истиқбол мегирифтанд, ки он ҳама шаҳодати ҳунари асили сарояндагӣ ва маҳбубияти бештари Муин дар байни мардуми тоҷик буд.

 

Дар Тоҷикистон хонадонеро пайдо кардан мушкил аст, ки суруду таронаҳои дилошӯби ин сарояндаи маҳбубро нашунаванд. Воқеан, Муин овозхони асил ва дорои истеъдоди бузурги сарояндагист. Ҳангоме, ки дар толор дар назди ҳаводоронаш бидуни асбобҳои мусиқӣ ва баландгӯяк таронаеро ба таври табиӣ - 

Ҳар кас ба таманнои касе лаб ба ниёз аст, 
Ҳар кас ба сӯи қиблаи худ рӯ ба намоз аст. 


замзама намуд, ҳаводоронаш аз садои дилошӯби Муин ба ваҷд омаданд. Маҳз фазилатҳои неки инсонӣ -фурӯтанию таҳаммулпазирӣ, заковатмандиаш бо ҳунари асили сарояндагиаш омезиш ёфта, ба ӯ имкон додаанд, ки қуллаҳои баланди овозхониро фатҳ намуда, маҳбуби қалбҳои миллионҳо нафар мардумони форсизабон гардад. 

Овозхони маъруфи эронӣ- Муин муддати 27 сол аст, ки дур аз ватан дар ғурбат дар шаҳри Лос -Анҷелеси Амрико умр ба сар мебарад. Оҳанги машҳури ӯ «Дилам меход ба Исфаҳон баргардам» бозгӯи дарди ҷудоии ӯ аз зодгоҳи азизаш- Исфаҳон аст. Нахустин суруди Муин «Якеро дӯст дорам» аст, ки ҳанӯз соли 1980 дар Эрон сароида буд. 

Муин дар тӯли қариб се даҳсолаи фаъолияти ҳунари овозхонияш 23 албоми таронаҳои дилангезашро пешкаши дӯстдорони ҳунари волояш гардонидааст. Таронаҳояш тараннумгари ишқу муҳаббати поку беолоиш, садоқату вафодорӣ ва таҷассумгари сарнавишту рӯзгор ва эҳсоси Муин аст. 

Ӯ бори нахуст бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омад ва муддати ду рӯз меҳмони мардуми тоҷик гашта, бо суруду таронаҳои шурангезаш табъи ҳаводорони худро дар Душанбе шоду масрур гардонд. Муин зимни сафари ҳунариаш аз баъзе ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзари Тоҷикистон, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор дидан намуда, субҳи 22 июн аз Душанбе роҳ сӯи Амрико пеш гирифт. 

-Қаблан қадами Шуморо ба сарзамини мардумони форсизабон - Тоҷикистон хайрмақдам мегӯям. Мехостам бифаҳмам, ки ин сарзаминро чӣ гуна дарёфтед? Яъне таассуроти Шумо аз Тоҷикистон чӣ гуна? 

-Хеле хушҳолам, ки аввалин бор ба Тоҷикистон ташриф овардам. Аз ин ҳама лутфу муҳаббат ва самимияти мардуми тоҷик хеле мамнун ҳастам. Хеле сафари хуб буд барои ман. Ман қаблан дар бораи Тоҷикистон ғоибона иттилоъ доштам. Шунида будам, ки мардуми азизи Тоҷикистон форсизабон, меҳмоннавоз ва бо фарҳангу хеле бо муҳаббат ҳастанд. Мисли масали маъруф, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан». 

Аз ин рӯ, омадам ба Тоҷикистон. Вақте, ки ба ин сарзамин ворид шудам дидам, ки ҳарчӣ дар барои ин мардуми азиз гуфтаанд, воқеъист ва кам аст. Хеле хушҳолам, ки дар ҷамъи азизон ва дӯстдорони оҳангҳои худ дар Тоҷикистон будам. Умедворам, ки дуюмбора фурсат пайдо кунам ва ин ҷо биёям. 

-Муин исми ҳунарии Шумост ё исми хонаводагӣ? 

-Муин ҳам исми ҳунарӣ аст ва ҳам фомилам. 

- Оҳанги «Дилам меход ба Исфаҳон баргардам»- ро хеле табиӣ ва таъсирбахш офаридаед. Дур будан аз ватан барои ҳар як шахс мушкил аст ва дар ғурбат умр ба сар бурдан ба фаъолияти эҷодии Шумо таъсир намерасонад?

-Хеле мушкил аст. Дар ҳудуди 27 соле, ки дур аз Ватанам. Суруди «Исфаҳон» воқеан аз тамоми вуҷудам бархостааст ва он садои қалбам аст. Ду байти аввалаш «Дилам меход ба Исфаҳон баргардам, Боз ба он нисфи ҷаҳон баргардам»- ро худам сароидам ва дигар бандҳояш моли як шоири арҷманд аст.

-Мусаллам аст, ки дӯстдорони ҳунари волои Шумо дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Барои чӣ ин қадар ба Тоҷикистон дер омадед?

-Худам дар тааҷубам чаро сафари ман ба Тоҷикистон дер анҷом шуд. Дилам хеле мехост ба Тоҷикистон биёям ва қаблан чанд барномаи сафарӣ таҳия шуда буд, ки дар Тоҷикистон консерт намоиш диҳам. Аммо барномаҳои сафари ҳунариям ҳар вақт тағйир меёфт. Зеро салоне, ки барои консерти ман гирифта буданд ба вақти ман мувофиқ намеомад ва ғайра. Ин дафъа ҳам, ки оғои Шафиқ /Продюсер аз Лондон/ занг зад вақт ҳам надоштам. 

Бори дигар ба Шафиқ гуфтам, ки ин дафъа фурсате, пайдо мекунам ва ҳатман ба Тоҷикистон меоям. Аз баҳри дигар корҳо гузаштам ва омадам бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон. Ончунон шефтаи сарзамин ва ҳавои фораму хуши Тоҷикистон шудаам, ки мехоҳам дар оянда ба муддати ду ҳафта ё як моҳ барои истироҳат инҷо биоям. 

-Дар шоҳроҳи ҳунари овозхонӣ бо кадоме аз оҳангсозон ҳамкорӣ менамоед?

- Чандто оҳангсозони хубе дорем, ки наметавонам гӯям, ки кадомашон беҳтар аст. Яке аз онҳо Оғои Шабоизода ҳаст, воқеъан оҳангҳое хубе мисли оҳангҳои «Лаҳзаҳо», «Милод»-ро офаридааст, оғои Парвизи Зулол, ки беҳтарин оҳангҳоро ба ман ҳадя кардаанд. Ин оҳангҳои «Сафар», «Паричеҳр»- «Куфр», «Ишқи ман маро садо кун», «Дилсӯхта» дар ҳудуди 12- 13 оҳангҳо аз эшон аст, оғои Ҳайдарӣ «Субҳи ба хайр азизам», «Бибигул» ва ғайра. Оҳангсозоне хеле ҷавону хубе ҳастанд дар Эрон, ки бо онҳо кор мекунам, оҳангҳои «Тулӯъ», «Мулоқот» ва чанд корҳои ҷадид аст, ки болои онҳо кор мебарам.

- Дар Тоҷикистон баъзе аз сарояндагон ба садою шеваи сурудхонии Шумо тақлид мекунанд ва назари Шумо ба ин мавзӯъ? 

-Ман шод ҳастам, ки дар ҷодаи сарояндагӣ маро сармашқи кори худ интихоб кардаанд.Чун худи ман низ дар ҷавонӣ идеоли худро доштам. Аммо барои пешрафти кори худашон бояд роҳ ва сабки худашонро дошта бошанд. Вале хушҳолам, ки сурудаҳои маро месароянд дар ин сарзамин.

- Бисёр аз мухсилони Шумо ба он таваҷҷӯҳ доранд, ки Муин бештар сурудаҳои ғамангез месароянд. Дар ҳоле, ки дар ҷаҳони муосир бештар оҳангҳои шӯхро истиқбол менамоянд?

-Арз кунам, ки аслан ин тавр нест. Се чор оҳанг дорам, ба мисли «Имшаб аз он шабҳоест» ё «Ҷудоӣ», ки дардноку ғамангез аст ва он аз тақдиру сарнавишти ман нақл менамояд. Бахусус, аз ҷудоиҳо, вале бештари сурудаҳои ман хеле ошиқонаю ба истилоҳ романтик ва хеле шеърҳои шоду хеле умедбахш аст. Мисли шеърҳои «Ишқи ман маро садо кун», «Сафар кардам, «Тулӯъ», «Мелод» ва ғайраҳо. Дар ин таронаҳо танҳо сӯҳбат аз ҳасрату дарду ҷудоӣ нест, ҳамааш ишқу умед, садоқату вафодорӣ ва роҳ ба сӯи саодати абадият аст. 

-Баъди бозгашт ба Амрико дар сурудаҳои Шумо оё таронаҳои тоҷикӣ ҷо хоҳанд ёфт? 

-Сад дар сад. Чандто оҳангҳое, ки гӯш кардам хеле оҳангҳои хуб буданд. Иншоолоҳ кӯшиш мекунам, ки баъди бозгашт ба Амрико чанд оҳанги тоҷикӣ бихонам. Зеро ман сурудҳои тоҷикиро хеле дӯст медорам.

-Ҳамкории Шумо бо ҳунармандони тоҷик чӣ гуна аст? 

-Алъон бо хонуми Фарзона ва Садриддин ва дигаре хонум Фирӯза, ки оҳанге хонданд бо номи «Ҷигарам месӯзад» ва оҳанги хеле ҳам хуб буданд, шиносоӣ дорам.

-Шумо дар Тоҷиистон худро дар ғурбат эҳсос накардед?

-Бо дидани Тоҷикистон ман худро дар ватанам -Исфаҳон эҳсос кардам. Дар ин сарзамин ҳама ба забони форсӣ сухан мегӯянд, ин қадар меҳру муҳаббат ва самимият доранд, фарҳангдӯсту меҳмоннавозанд. Дар ғурбат худро эҳсос накардам, Зеро Тоҷикистон шабеҳи ватанам аст 

-Аз сурудҳои албомҳои Шумо кадомашон хоси зиндагии Шумо, яъне аз рӯзгору сарнавиштатон қисса мекунад? Ва чаро чанд соли охир албоми нави Шумо ба дасти ҳаводоронатон нарасида аст? 

-Воқеъан, ман натавонистам панҷ соли охир албоми наве дастраси дӯстдорони ҳунари худ гардонам. Зеро яке аз сабабҳо ин масъалаи хонаводагӣ - талоқу ҷудоиҳо буд. Албоми охир «Ҷудоӣ» тӯли 5-6 сол тӯл кашид. Дар ин албом суруду оҳангҳое ҷамъ омадаанд, ки аз эҳсос, ҷудоиҳо ва сарнавишти гузаштаи ман дар зиндагӣ қисса мекунад. Баъди чор соли ҷудоиҳо бо ҳамсарам бо ҳам омадем ва шурӯъ кардам ба офаридани оҳангҳои шоду умедбахш, ба мисли «Гузаштаҳо гузаште», «Чӣ хандон» ва ғайра.

-Аз синни чандсолагӣ қадам ба арсаи ҳунари сарояндагӣ гузоштед? 

-Ман аз соли 1980 аввалин маротиба ба арсаи ҳунар қадам гузоштам ва нахустин албомам таҳти унвони «Якеро дӯст медорам» буд. Ва баъди ду сол ба Амрико рафтам. 8-сол муқаддам аз инқилоб дар Исфаҳон овозхонӣ мекардам.

-Чӣ боис шуд, ки Шумо тарки ватан кардед? 

-Яке аз сабабҳо тағйири низоми давлат дар Эрон аст. Зеро баъди инқилоб мусиқӣ мамнӯъ буд. Ба ин хотир ба хориҷ рафтам ва дар онҷо фаъолияити сарояндагиро идома додам.

-Дар кадом кишварҳои дунё дар сафари ҳунарӣ будед?

-Дар аксари кишварҳои дунё барномаи ҳунарӣ доштам. Дар Канада, Британияи Кабир, Олмон, кишварҳои Скандинавӣ- Норвегия, Шветсия, Дания, Австрия, инчунин дар Дубай ва ғайраҳо. 

-Шумо аввал матнро интихоб мекунед ё оҳангро?

-Баъзе мавридҳо аввал матнро интихоб менамоям баъдан оҳангро. Дар баъзе ҳолатҳо нахуст оҳангро. 

-Ҳамкории Шумо бо ҳунармандони эронитабори муқими Амрико дар кадом сатҳ аст? 

-Ҳамаашонро дӯст медорам ва баъзан як ҷо ҷамъ мешавем. Бо ҳамаашон ҳамкории комил дорам.

-Назари Шумо атрофи мафҳуми рақобати эҷодӣ? 

-Ба назари ман рақобати солим кори хуб аст. Ман фикр мекунам, ки рақобат набошад пешрафту комёбӣ нест. Аз ин рӯ, рақобатҳо бояд солиму хуб ва дар доираи фарҳанги ҳунарӣ сурат гиранд.

-Таманнои Шумо ба мардуми тоҷик?

-Таманно дорам, ки ҳеҷ кас дарди ҷудоӣ накашад. Ҳама бо хонаводаи худ сарҷамъ бошанд ва бо ишқу муҳаббат ва умед зиндагӣ намоянд. Зеро зиндагӣ бе ишқу муҳаббат ҳеҷ аст. Орзу дорам, онҳое, ки ошиқанд ошиқтар бишаванд ва шеърҳои ман боиси бештар пайвастани қалбҳо бошад. Аз самими қалб мардуми тоҷикро дӯст медорам. Умед дорам ва дилам меҳоҳад боз ба Тоҷикистон баргардам. Зеро воқеан худамро дар ватанам дар Эрон эҳсос кардам. 

Мусоҳиб Марзия Саидова, 
хабарнигори АМИТ «Ховар» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi