00:46:40 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/09_--01-a-aaaaaansamblidaryo_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/09_--01-a-aaaaaansamblidaryo_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/09_--01-a-aaaaaansamblidaryo_2.jpg'

ДАРЁДИЛӢ КУНЕМ, ТО БА ҚАДРИ «ДАРЁ» БИРАСЕМ

Дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе консерти  ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таҳти унвони «Замзамаи дарё» баргузор гардид. Ансамбли мазкур аз сӯйи мақомоти марбута барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар  соли 2010 номзад пешниҳод гардидааст. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Султони Ҳамад дар мақолаи худ «Дарёдилӣ кунем, то ба қадри «Дарё» бирасем», ки ҳамакнун пешниҳоди шумо муштариёни гиромии сомона мегардад, аз таърихчаи хидматҳои ин ансамбли овозадор ёдовар шуда ин иқдомро дастгирӣ кардааст.

 

Соли 1989 раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар паҳлӯи ансамбли Шашмақом боз як ансамбли дигари созиву овозиро созмон бидиҳад. Ҳайати ансамбли тозатаъсис агар қисман бо роҳи озмуне, ки сарҳаками он Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов буд, интихоб шуда бошад, қисмати асосии онро ҳунармандоне ташкил медоданд, ки аз ин пеш дар Ансамбли «Шашмақом» кору фаъолият мекарданд. Ин иқдом ба хотири рушди ҳам ҳунари мусиқии классикӣ ва ҳам мусиқии муосиру анъанавӣ гузошта шуд.

 

Таъсиси ансамбли мусиқии анъанавӣ ва муосир на танҳо ба он мусоидат мекард, ки суруду таронаҳои ҷавобгӯйи замон эҷод шуда, таронаҳои мардумии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҷамъоварӣ гарданд ва аз сари нав ба алоқамандони ҳунарӣ мусиқӣ дар шакли мукаммалтаре пешкаш шаванд, балки дар ин замина шароиту имконият пайдо мешуд, ки худи мусиқии классикии «Шашмақом» аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманде, ки  баъдан ба ҷойҳои холишудаи ин ансамбл пазируфта мешуданд, рушду нумӯ кунад.

 

Раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион аз рӯзҳои аввал  масъулияти сарварии ансамбли тозатаъсисро ба дӯши овозхони боистеъдод ва маъруф Саидқул Билолов вогузор кард. Раҳбари ҷавон бо аҳли ансамбл дар ҷустуҷӯи номи муносибе барои дастаи ҳунарӣ шуданд. Бо иттифоқи назар ба хулосае омаданд, ки «Дарё» исмест, ки ҷавобгӯйи мақсаду мароми аҳли ин дастаи ҳунарӣ  буда метавонад. Дарёи об  агар  заминҳоро ҳосилхез, дашту биёбонро ба боғу бӯстон табдил бидиҳад, «Дарё»-и суруду мусиқӣ дар замини қалбҳо тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, башардӯстиву ватанпарастӣ хоҳад кошт ва самараи неке барои инсонҳо ба бор хоҳад дошт.

 

 Дар яке аз шабҳои моҳи сентябри соли 1989 бо як барномаи консертии телевизионӣ, ки коргардонии онро шодравон Масъудшоҳ Ҳимматшоев, яке аз ҳунармандони лаёқатманди кишвар ба ӯҳда дошт, пеши маҷрои ин «Дарё»-и нури маърифат кушода шуд. Субҳи рӯзи дигар дар забонҳои ташнадилони шеъру навои ҷумҳурӣ таърифи ин «Дарё»-и мусиқиву таронаҳои ноб мерафту овозхонҳои хушлаҳну мутрибони чирадасти он.

 

Масалан он шаб барои нахустин бор аз телевизиони тоҷик суруди мардумии «Илоҳӣ оҳ кашам дар гирӣ» дар иҷрои солисткаи  хушовози ансамбл Муҳарамма Шарифова садо дод. Ҳамин як барнома кифоя буд, ки фардои он рӯз суруди мазкур ва номи сарояндаи он вирди забони даҳҳо нафар мухлисони шеъру наво гардад…

 

Инак аз он рӯзҳо бештар аз 20 сол мегузарад. Ансамбли «Дарё» тайи ин муддат ба миллату давлат чӣ хизмат кард, ки имсол онро  мақомоти марбута барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди хукумати ҶТ пешбарӣ намудаанд? Барои ба ин савол посух гуфтан бояд  таърихи 20 соли ахири кишварро варақ бизанем. Бист соле, ки дар таърихи миллати тоҷик солҳои хеле душвору сарнавиштсоз ба назар мерасанд. Бист соле, ки «Дарё» маҷрои худро дигар накарду ҳамоно замини қалбҳои ташнаи алоқамандони мусиқии нобро пайваста шодоб мекард.

 

Солҳои аввали таъсисёбии ин ансамбл дар назди он вазифаи хеле муҳим ва мушаххас меистод. Яъне мусоидат кардан ба рушду тараққии ҳунари мусиқии касбии муосири тоҷик ва эҳё кардани суруду оҳангҳои мардумии манотиқи мухталифи Тоҷикистони азиз. Кор асосан дар ҳамин ду самт ҷараён мегирифт. Оҳангсозони шинохтаи кишвар аз қабили Хайруллоҳ Абдуллоев, Миратуллоҳ Атоев, Талабшоҳ Сатторов, Фаттоҳ Одинаев, Қудратуллоҳ Яҳёев, Амирбек Мӯсоев, оҳангсозону мутрибон Муборакшо Ҷумъаев, Гулбек Саодатов, овозхону оҳангсоз Саидқул Билолов ва боз чандин нафари дигар талош мекарданд, ки суруду таронаҳои эҷод намудаи онҳо ҳам шаклан ва мазмунан дар сатҳи баланди профессионалӣ бошанд ва ҳам ба дарди мардум бихӯранд.

 

Аз сӯйи дигар овозхонҳои ансамбл, ки худ зодаи навоҳӣ ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон буданд, суруду таронаҳои фаромӯшшудаи эҷодиёти даҳанакии халқи  маҳалҳои гуногуни Тоҷикистонро чун дурру марворид аз уқёнуси хотираҳои мардум кашф намуда, онҳоро бо каме такмил пешкаши алоқамандони мусиқӣ мекарданд. Суруди таронаҳои мардумии водии Зарафшон дар иҷрои Лола Азизова, суруду таронаҳои яғнобӣ дар иҷрои Абдуллоҳ Султонов, сурудҳои мардумии водии Рашт дар иҷрои Моҳрухсор Сафиева, сурудҳои мардумии Ванҷу Дарвоз дар иҷрои Дона Баҳромов бо як шукӯҳу таровати дигаре садо медоданд.

 

Таронаҳои бадахшониро Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, таронаҳои мардуми  водии Ҳисорро  Азиз Ваҳҳобов, таронаҳои мардумии Хатлонзаминро Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов бо лаҳни зебои худ пешкаши ҳаводорони ҳунари мусиқӣ мекарданд. Метавон аз даҳҳо сурудҳои мардумии маҳалҳои мухталифи Ватани азизамон  ном гирифт, ки ба туфайли сайъу талоши ҳунармандони ин ансамбл умри дубора диданд. Имрӯз ин таронаҳо хазинаи тиллоии ҳунари мусиқии муосири тоҷикро чун дурдонаҳои муҷалло оро медиҳанд.

 

Ансамбли «Дарё» аз ҳамон рӯзҳои таъсисаш пайваста боз як кор дигари муфидро анҷом дода меояд. Ин ҳам дубора зинда кардани суруду таронаҳои машҳури овозхонҳо ва оҳангсозоне, ки феълан дар қайди ҳаёт нестанд, мебошад. Намунаи чунин суруду таронаҳоро мо дар репертуари солисткаи умедбахши ин дастаи ҳунарӣ Нигина Амонқулова ва овозхонҳои дигари ин ансамбли овозадор дида метавонем. Ин шеваи кор агар аз як сӯ мухлисони савту наворо ба ёди рӯзгори тайшуда бубарад, аз сӯйи дигар номи оҳангсозону овозхонҳои ин таронаҳоро намегузорад, ки аз ёдҳо фаромӯш шаванд ва тарафи дигар ин амал ба овозхонҳои ҷавон сабақу дарсе хоҳад шуд.

 

 Бояд махсус қайд кард, ки як сабаби асосии  комёбии ансамбли «Дарё» дар он аст, ки раҳбарияти он аз аввал то ба имрӯз дар масъалаи интихоб ва ҷо ба ҷо гузории овозхонҳову мутрибон ба меъёрҳои санҷидашуда, яъне соҳибистеъдод  будану садоқати комил ба пешаи интихобнамудаи  худ доштани ҳунармандон такя мекунанд. Ансамбли «Дарё»-ро метавон коллективе номид, ки дар он шиори ваҳдати миллӣ амалан татбиқи худро ёфтааст. Дар ин дастаи на чандон калони ҳунарӣ намояндагони қариб тамоми шаҳру навоҳӣ ва манотиқи Тоҷикистонро пайдо кардан мумкин аст.

 

Чунин коллективе, ки мураккаб аз намояндагони маҳалҳои мухталифи кишвар бошад, бо амри тасодуф зуҳур накардааст, балки онро бо машаққот ва  заҳамоти хеле зиёд ба чунин поя расондаанд. Маҳз чунин даста метавонад тараннумгари ғояҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ бошад, мубаллиғи ваҳдатӣ миллӣ ва якпорчагии ин кишвар шавад, дӯстиву рафоқатро васф созад. Ҳамеша ҳамқадами замон бошад.

 

Солҳои душвори ҷанги  таҳмилӣ ҳайати ин ансамбл аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Бисёриҳо гумон доштанд, ки аъзои ин ансамбл ба мисли бархе аз гурӯҳҳои ноогоҳи кишвар ба сангарҳо тақсим мешавад ва ё  зери фишору таҳдидҳо тарки диёр карда ба хориҷ аз кишвар фирор мекунад. Алорағми бадхоҳони миллат ва ба бахти мардуми кишвар чунин нашуд. Баръакс, раҳбарияти он тавонист, ки дар лаҳзаҳои барои миллат душвортарин ҳайати ин ансамблро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад ва онҳоро ба эҷоди асарҳое ҳидоят созад, ки дар ҳақиқат онҳо шифобахши дарди ҷомеъа буданд.

 

Имрӯз ҳар як сокини ҷумҳурӣ бе мушкилӣ гуфта метавонад, ки суруду таронаҳои Саидқул Билолов, Малика Саидова, Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев барин овозхонҳои ансамбли «Дарё»чӣ хизмате дар он солҳои пурошӯб барои ин миллату ин кишвар карданд. Мутаассифона, бархе аз зиёиёни эҷодкор таъсири сухан ва суруду таронаро дар рӯзгори мо нодида мегиранд, аз рӯйи инсоф арзёбӣ намекунанд. Ба қадри заҳмати миёншикани шоирону оҳангсозон, мутрибону овозхонҳо намерасанд. Бовар надоранд, ки бо зӯри сухан метавон дунёро ҳам сӯхт ва ҳам сохт. Фаъолияти ансамли «Дарё» аз аввал то ба ин дам созанда буд.

 

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои душвори баъди ҷанг эҷод шудани сурудҳои якка аз қабили «Ватан», «Тоҷикистон», Душанбе», «Якто», «Суруди садоқат», «Таронаи ваҳдат», «Тоҷикистон-ёдгори оли Сомон», «Тоҷикистон, эй диёри некномон», «Сарзамини камзамини беканор», «Ёди Ватан», «Дидори Ватан» «Давлати ман», «Аспи саманд», «Фасли навбаҳор», «Рӯди Сир», «Фалак», «Ширинлаб» суруду таронаҳои умумии «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Меҳрнома», «Аз хуни Сиёвушем», «Маъвои Роғун», «Шукӯҳи бахти тоҷикон», «Ориёно», «Оташи меҳр», «Дарахти дӯстӣ», «Минбару тахти ман», «Ғамхори ҳам бошем», «Сайқали дунё», «Шаҳри умед» сюитаҳои «Асрори ишқ», «Нози чаман», «Гулдастаи наврӯзӣ» худ далели онанд, ки ин ансамбл баробар бо замон қадам мезад ва гоми он ҳамеша ба манфиати давлати тоҷикон ва ин миллати сарбаланд буд.

 

Хидмати ансамбли «Дарё» дар тарғибу таблиғи ҳунари мусиқии профессионалии муосири тоҷик берун аз кишвар низ кам нест. «Дарё» коми муштоқони савту навои тоҷикиро дар бештар аз бист кишвари ҷаҳон шодоб намудааст. Хусусан барномаи консертиеро, ки «Дарё»  чанд сол пеш дар мақари ЮНЕСКО, дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж баргузор кард, то ба имрӯз ҳаводорони савту наво дар аксари кишварҳои узви ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ бо сипосгузорӣ ёд мекунанд. Дар ҷашнвораҳое, ки ҳамасола дар кишвар ба ин ва ё он муносибат таҷлил мешаванд, ин ансамбл ҳамеша бо дастовезҳои арзандае рӯйи саҳна меояд. Имрӯз ҳам дар ғаму шодии мардум шариканд. Дарди ӯро мегӯянду васфи ӯро месароянд.

 

Як ҷиҳати хоси ансамбли «Дарё» ин аст, ки  он  ҳамчун тарғибгари мусиқии волои муосири тоҷик   кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳам шеър ва ҳам оҳанге, ки дар либоси тарона пешкаши мухлисон мегардад, аз ҷиҳати шаклу мазмун камбудие надошта бошанд, дар сатҳи баланди профессионалӣ эҷод шуда бошанд. Суруду мусиқии дар иҷрои ансамбли «Дарё» садодода аз сӯи шунавандагон ва мусиқашиносони ҳирфаӣ маъмулан ҳамчун мусиқии нобу касбӣ истиқбол мегардад. Мутрибони ин ансамбл ҳамагӣ нозукиҳои касби худро бо ҷузъиёташ медонанд ва дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи беҳтарин навозандаҳо ба шумор мераванд.

 

Овозхонҳои «Дарё» низ аз шеваву усул ва техникаи овозхонии хеле хуб бархурдоранд. Имрӯз ҳам ҳар як суруди хондаи Саидқул Билолов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова намунаи хубест барои  овозхонҳои насли ҷавон, барои онҳое, ки овозхониро пешаи асосӣ дар  зиндагии худ кардаанд. Ҳамин аст, ки дар ҷумҳурӣ сафи ҷавононе, ки ба сарояндагони ансамбли «Дарё» пайравӣ мекунанд, мехоҳанд мисли онҳо бошанд, меафзояд. Ин хоҳиши ҷавононро ба назар гирифта ва  ба хотири гусаста нашудани пайванди наслҳо  дар назди  ансамбли «Дарё» як Маркази таълимӣ бо номи «Хунёгар» таъсис дода шудааст.

 

Дар ин Марказ ҳам мутрибон ва ҳам овозхонҳои ансамбли «Дарё» ба ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд, ки маъмулан хатмкунандагони  коллеҷ, мактабҳои мусиқӣ, донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарҳои зебо  ва Консерватория мебошанд, нозукиҳои касби худро дар амал ба онҳо меомӯзонанд,  таҷрибаи  бои хешро бо онҳо дар миён мегузоранд. Имсол сафи мутрибон ва овозхонҳои ансамбли «Дарё» аз ҳисоби ҷавононе, ки дар ҳамин Марказ аз устодон таҷриба гирифтанд, боз чаҳор нафар афзуд…

 

Хидматҳои бархе аз аъзои ин ансамбли овозадор, ки солҳо ба дилҳо шодиву сурур мебахшиданд, аз сӯйи ҳукумати ҷумҳурӣ бо унвон ва мукофотҳои сазовор қадр шуда бошанд ҳам, вале на ҳамаи онҳо чунин иззату икромро дидаанд. Ба хусус онҳое, ки қабл аз фаро расидани даврони соҳибистиқлолӣ саҳнаи ҳунарро тарк кардаанд. Имрӯз ҳакамони Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шанси таърихӣ доранд, ки  бо як тасмими худ дили даҳҳо нафар ҳунармандони ин ансамбл ва ҳазорҳо нафар мухлисони онҳоро хурсанд бисозанд.

 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

 

PS. Дар ин консерти ба навъи худ ҳисоботӣ овозхонҳои «Дарё» чанд суруди тозаи худро ба ҳозирини толор, ки миёнашон ҳайати ҳакамони Кумитаи ҷоизаҳои давлатиии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ низ буданд, пешкаш карданд. Дар зер шумо, муштариёни гиромӣ, метавонед  яке аз чунин таронаҳои тоза, суруди «Наврӯзи Данғара»-ро, ки  матнаш аз Низом Қосим ва оҳангаш аз Саидқул Билолов мебошад ва онро хабарнигори мо аз толор сабт кардааст, тамошо кунед.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2273--lr-.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 14.05.2010 11:09
durud bar khonandai somonai Ruzgor. Tashakkur baroi in hama Daryodilon!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854