10:53:08 06-уми Июни 2025 сол

ЭРОН АЗ ДОСТОНҲОИ "ШОҲНОМА" ФИЛМ МЕСОЗАД

Эрон эълом кардааст, ки барои бори нахуст дар бораи Абулқосим Фирдавсӣ як филми ҳунарӣ ва бар асоси достонҳои “Шоҳнома” сериёле месозад. Дар ин бора Исфандиёр Раҳим Машоӣ, мушовири олии раиси ҷумҳурии Эрон дар умури эрониёни хориҷ аз кишвар ва раиси дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки ҳамчунин раёсати кумисиюни фарҳангии давлати Эронро ба ӯҳда дорад, рӯзи сешанбеи 13 июл дар поёни дидори худ аз Душанбе иттилоъ дод.

 

Ин мақоми баландпояи эронӣ дар ҳоле аз тасмими давлаташ дар бораи таҳияи нахустин филмҳо бар асоси ин ҳамосаи миллии эрониён хабар дод, ки зимни суҳбат бо хабарнигорон аз фарҳанг ва тамаддуни Эрони Бостон, бавижа нақши Куруши Бузург, дар "лағви бардадорӣ дар Бобил" ситоиш мекард.

 

Вай дар посух ба саволи хабарнигори Би-би-сӣ, ки чаро Эрон бо ин ки меросбари аслии фарҳанги гузаштаи форсӣ аст, то ҳол аз ин шоҳкори адабиёти ҷаҳонии мутаъаллиқ ба форсизабонон дар арсаи синемо коре накардааст гуфт: "Ин интиқод баҷост ва ман ҳам ин интиқодро дорам."

 

Оқои Машоӣ афзуд, ки чанд моҳ қабл ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, ки дар бораи зиндагии Абулқосим Фирдавсӣ, филме синемоӣ ва бар асоси достонҳои мухталифи "Шоҳнома" сериёлҳое таҳия шавад. Вай ҳамзамон эълом кард, ки давлати Эрон ҳамчунин тасмим гирифтааст аз сад рисолаи дуктурии донишгоҳӣ дар бораи Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и вай ҳимояти молӣ кунад.

 

Ин мақоми давлати Эрон далели чунин тасмимҳоро чунин шарҳ дод: "Дар мондагории таърихи форсӣ мо ҳама ба Фирдавсӣ бидеҳкорем. Агар Фирдавсӣ набуд, Ҳофизу Саъдӣ набуданд. Аввал Рӯдакӣ ва баъд Фирдавсӣ воқеъан забони форсиро ҳифз карданд. Он сол ки Рудакӣ фавт кард, ҳамон сол Фирдавсӣ ба дунё омад, ки ин хеле зебост. Ин нишон медиҳад, ки Худованд масъулиятҳои таърихӣ бар дӯши онҳо гузошта ва онҳо онро анҷом доданд."

 

Талошҳо барои коҳиши аҳаммияти “Шоҳнома”

Тасмими давлати Эрон барои таҳияи филмҳое бар асоси “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар ҳолест, ки тазоддҳое дар бархӯрди мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин ҳамосаи форсӣ вуҷуд доштааст. Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷик, ки муддате дар Эрон зиндагӣ кардааст, мегӯяд ҳарчанд Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ба унвони намод дар Эрон пайваста матраҳ будааст, аммо пас аз расидан ба қудрат Ҷумҳурии Исломӣ талошҳое ба харҷ дод, то "аз убуҳат ва бузургии Фирдавсӣ бикоҳад."

 

Оқои Раҷабиён мегӯяд: "Ҳатто дар даврони инқилоби исломӣ барои тахриби оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс ҳаракоте сурат гирифт ва афроде низ тақозо карданд, ки муҷассамаи Фирдавсӣ аз Теҳрон бардошта шавад."

 

Бархеҳо аз ин ки дар филмҳои эронӣ номи қаҳрамонони бад аксаран Рустам, Сӯҳроб ва ё қаҳрамони дигари “Шоҳнома” интихоб мешаванд, интиқод мекунанд, ки эҳтимолан ин амр барои таблиғ алайҳи номгузории форсӣ дар Эрон дар баробари номҳои арабӣ сурат мегирад.

 

Дориюши Раҷабиён бо ин ки аз тасмими давлати Эрон барои таҳияи сериёли “Шоҳнома” истиқбол кард, гуфт: "Ба назар мерасад, ки Ҷумҳурии Исломӣ бахубӣ дарк кардааст, ки “Шоҳнома” чизест, ки ба таври сатҳӣ дар фарҳанги Эрон ҳузур надорад, балки дар мағз-мағзи мардуми Эрон ҷо гирифтааст. Шумо метавонед ҳузури Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-ро дар зиндагии рӯзмарраи мардуми Эрон хуб эҳсос бикунед."

 

Вай афзуд ин падида ҳатто мавзӯъи китобе аз Николас Ҷоббер, муҳаққиқи инглис, таҳти унвони "Арақнӯшӣ бар риши оятуллоҳ" қарор гирифтааст. “Шоҳнома” ҳамеша ба унвони нумод ё самбули якпорчагӣ ва ваҳдати Эрон шинохта шудааст ва ба бовари оқои Раҷабиён, ин амр метавонад яке дигар аз далоили тасмими давлати Эрон барои таҳияи силсилаи филмҳо бар рӯйи достонҳои “Шоҳнома” бошад.

 

"Ҳамосаҳои "Шоҳнома" якпорчагиро дар миёни ақвоми мухталиф дар Эрон пайваста таъмин карданд. Ҳар давлате, ки дар Эрон бошад, талош мекунад аз ин нумоди якпорчагии Эрон истифода бикунад ва ба ваҳдате, ки мехоҳад шоҳидаш бошад, бирасад."

 

"Шоҳнома", нумоди якпорчагии Эрони Бузург

 

Аммо Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик, бар аҳаммияти ин иқдоми давлати Эрон барои на танҳо ваҳдати ақвом дар дохили Эрон, балки ваҳдати мардуми форсизабони Эрон ва Осиёи Марказӣ таъкид мекунад. Вай мегӯяд аҳаммияти ин асар на танҳо дар зарфи ҳазор сол коста нашуда, балки дар бархе аз фаслҳои таърихӣ аҳаммияташ барҷастатар шудааст. Ба гуфтаи вай, имрӯз яке аз он фаслҳои таърих аст, ки бахусус Тоҷикистон ба наздикӣ бо Эрон ва Афғонистон ниёзи мубраме дорад.

 

Оқои Шакурӣ афзуд: "Барои ин ки Тоҷикистони мо, ки як кишвари начандон бузург аст ва дар муҳосира аст, бомуваффақият ҳастии худро идома бидиҳад, наздикии мо, ҳамкорию ҳамдастии мо бо Афғонистон ва Эрон зарурист, ногузир аст, ҳатмист."

 

Вай зимни истиқбол аз тасмими Эрон ба таҳияи филмҳои бадеъӣ дар бораи Фирдавсӣ ва достонҳои “Шоҳнома”, таъкид кард, ки ин филмҳо бояд бо ширкати ҳунармандони эронӣ ва тоҷики Тоҷикистон ва Афғонистон таҳия шаванд. Ҷалби ҳунармандони тоҷик ва афғон барои иҷрои нақшҳо дар филмҳои эронӣ аз таҷрубаҳои тозае дар ҳамкории фарҳангии миёни ин се кишвари форсизабон дар солҳои ахир аст. Коргардонҳои эронӣ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон ва Афғонистон бо истифода аз ҳунармандони ин кишварҳо филмҳое таҳия кардаанд.

 

Филми ҳамосӢ сармояи зиёд мехоҳад

Гуфта мешавад яке аз далоили ин ки дар Эрон то ҳол ҳеҷ филме дар асоси достонҳои “Шоҳнома” таҳия нашудааст, ин буда, ки таҳияи филмҳои ҳамосӣ ба ҳазинаи зиёде ниёз дорад, вале ширкатҳои хусусӣ тавони сармоягузорӣ дар чунин филмҳоро надоштаанд. Таҳияи чунин филмҳои ҳамосӣ дар ин кишвар ба ҳимояти молии ниҳодҳои давлатӣ ниёз дошта, вале давлати Эрон тоза ба анҷоми чунин коре ибрози алоқа кардааст.

 

Дар Тоҷикистон ҳам камбуди манобеъи молӣ далели аслии таҳия нашудани филмҳо бар пояи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ будааст. Вале дар даҳаҳои 1960 ва 1970 мелодӣ давлати Шӯравӣ аз таҳияи чаҳор филми "Парчами Коваи оҳангар" (1961), "Достони Рустам" (1971), "Рустам ва Суҳроб" (1971) ва "Достони Сиёвуш" (1976) ҳимояти молӣ кардааст.

 

Ин филмҳо ба коргардони худ Борис Кимёгаров, коргардони яҳудитабори тоҷик, шӯҳрати зиёде оварда ва номи ӯро дар зеҳнҳои мардуми тоҷик бо “Шоҳнома” тавъам сохтааст. Аввалин бор дар соли 1963 филмсози ҳиндӣ Вишрам Бедекар низ филме дар бораи достони "Рустам ва Суҳроб" сохта буд, ки он то кунун яке аз шоҳкорҳои синемои Ҳинд маҳсуб мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2692----qq--.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854