| ОЁ «ШЕРИ НУҚРАГИН»-РО МЕТАВОНЕМ ТИЛОӢ КУНЕМ? |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 01.09.2010 06:18 | |||
|
«Шери нуқрагин», дувумин мукофоти ҷашнвора барои коргардони беҳтарин дода мешавад. Ду «Ҷоми Волпӣ» барои беҳтарин нақшҳои мардонаву занона ва инчунин мукофоти ба номи Марчелло Мастрояннӣ ба беҳтарин ҳунарманди ҷавон супурда мешавад. Кинофестивал расман бо филми ҳунарии Даррен Аронофски «Қуи сиёҳ» оғоз меёбад. Д усол пеш як филми дигари ҳамин режиссёр бо номи «Рестлер» ғолиби ҳамин фестивал дониста шуда буд.
Филми коргардони лаҳистонӣ Ежи Сколимовский «Куштор аз рӯйи зарурат» дар арафаи шурӯъи ин фестивал бьа ин озмун дохил карда шуд. Филм дар бораи як афғоне ҳикоя мекунад, ки ба таври пинҳонӣ тавассути амрикоиҳо аз Кобул дуздида шуда ба Аврупо оварда мешавад. ӯ дар ин ҷо аз маҳбас фирор карда, ногузир даст куштор ба мезанад.
Миёни довталабони ҷоизаи «Шери тилоӣ» коргардонҳои машҳуре ба мисли София Каппола («Дар ким-куҷо»), Том Тыквер («Се», Ҷулиан Шнабел («Мирал») ва ғайраро дидан мумкин аст. Имсол ҳайти жюриро коргардони машҳури Голливуд Кветин Таррантино роҳбарӣ мекунад. Ба ин ҳайат сенариянависи мексикоӣ Гилермо Арриага, коргардони фаронсавӣ Арно Деплешен, оҳансози америкоӣ Денни Элфман ва ду синамогар аз Итолиё-Лука Гваданино ва Габриэлле Салваторес ва ягона зан Ингеборга Дапкунайте дохил шудаанд.
Дар тӯли 10 рӯзе, ки кинофестивал давом мекунад, дар чаҳорчӯбаи он 79 нахустнамоиш баргузор мегардад. Миёни коргардонҳои машҳури дунё беш аз дигарон филмҳои бузургтарин коргардон Лукино Висконтӣ (Итолиё) панҷ маротиба сазовори ҷоизаҳои ин кинофестивал гардидаанд. Филмҳои русӣ низ аз қабили «Баҳор»-и коргардон Г. Александров, «Қасам»-и М. Чиаурелӣ, «Адмирал Нахимов»-и В. Пудовкин, «Гамлет»-и Г. Козинсев, «Бачагии Иван»-и А. Тарковский, «Урга»-и Н. Михалков дар солҳои мухталиф сазовори ҷоизаҳои кинофестивали Венетсия шуда буданд.
Коргардони тоҷик Мунаввар Мансурхӯҷаев гуфт, ки баъди тақрибан ним аср, яъне дар соли 1994, дар кинофестивали Венетсия киноматографияи тоҷик комёбии бесобиқаеро ноил мегардад. Мелодрамаи ҳунарии коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Қош ба қош» сазовори ҷоизаи дувум – «Шери нуқрагин» – шуд. Филмномаи онро худи коргардони ҳамин филм Бахтиёр Худоназаров дар якҷоягӣ бо Леонид Маҳкамови хурдӣ навиштааст.
Нақшҳоро ҳунармандон Далер Маҷидов, Раҷаб Ҳусейнов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Баҳодур Ҷӯраев ва ситораи испониёи синемо Паолина Галвес бозидаанд. Оё киноматографияи тоҷик қодир аст, ки дар ояндаи наздик «Шери нуқрагин»-ро ба ба «Шери тилоӣ» иваз бикунад?
«Имрӯз имкониятҳои синемои тоҷик ниҳоят маҳдуданд, – мегӯяд М. Мансурхӯҷаев. – Мо имрӯз дар фикри он ҳастем, ки аз куҷо маблағ ёбем, то 12 – 16-уми октябр кинофестивали байнулмилалии «Дидор»-ро дар Душанбе доир кунем». Рушди синемо – ин соҳаи муҳимми фарҳанг – иқдомҳои ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба худро талаб мекунад. Агар мо мехоҳем, ки ҷоизаҳои баланди ҷашнвораҳои филми ҷаҳонро, ба вижа «Шери тилоӣ»-ро, сазовор гардем.
Султони Ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3021--l-r----.html
|












