БОЗ ДИДА БА «ДИДОР» МЕРАСАД
7-уми сентябр, кумитаи ташкилии кинофестивали байналмилалии «Дидор» барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ дар Хонаи кинои пойтахт, ки акнун дар кинотеатри Зебуннисо ҷойгир шудааст, нишасти матбуотӣ доир кард. Дар ин нишаст масоили ташкил ва гузаронидани чаҳорумин ҷашнвораи байналмилалии синамогарон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар иртибот бо ин чорабинӣ хабарнигори «ИмрӯзNews» бо Сафар Ҳақдодов, директори кинофестивали байналмилалии «Дидор», сӯҳбате дошт, ки мӯҳтавои онро пешкашатон менамоем.
-Ин ҷашнвора имсол кай баргузор мегардад ва маблағгузориион аз ҳисоби кадом ташкилот аст?
-Имсол чаҳорумин кинофестивали байналмилалии «Дидор» аз 12 то 16-уми октябри соли ҷорӣ бо истифода аз бурсҳои ҷудонамудаи Институти Ҷомеаи кушоди Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки ин ҷашнвора имсол бори аввал дар кинотеатри Зебунисои пойтахт, ки ба тозагӣ тармим шуда, бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз гаридааст, барпо хоҳад шуд.
Ҷашнвораи нахустини байналмилалии синамогарон «Дидор» соли 2004 бо иштироки намояндагони 12 кишвари ҷаҳон барпо гардида буд. Ин ҷашвора дар ҳар ду сол як бор доир мегардад. Соли 2006 кӯшидем, ки ин фестивал дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул баргузор гардад, вале бо сабабҳои ноором будани вазъ дар ин кишвари ҳамсоя мо ба ин нияти худ ноил нагардидем. Даври дуввуми ин фестивал соли 2006 ва даври саввуми он соли 2008 боз ҳам дар Душанбе баргузор шуданд.
Имсол яке аз синамогарони шинохтаи Эрон, коргардони маъруфи филмҳои мустанад, ки дар ҷаҳони кино обрӯву манзалати бузург доранд, Комрони Шердил, розӣ шуданд, ки сарварии ҳайати доварони даври чоруми ин кинофестивалро ба ӯҳда бигиранд.Дар омади гап бояд бигӯям, ки оқои Комрони Шердил як рӯз баъди хатми кинофестивали мо ба Канада парвоз хоҳад кард, зеро дар он ҷо низ дар як ҷашнвораи байналмилалии синамогарон раисии ҳайати доваронро ба ӯҳда дорад.
Ин ҳунарманди шинохта аз мактаби маъруфи синамогарони Итолиё гузаштааст. Шогирди Россилини ва Позолинии машҳур мебошад. Дар ҳайати панҷнафараи ҳакамон инчунин як намоянда аз Аврупо, як намоянда аз Маскав ва Алӣ Ҳамроев, собиқ коргардони «Тоҷикфилм», ки феълан дар Маскав зиндагонӣ мекунад, ҳастанд.
-Имсол чанд кишвар ибрози омодагӣ кардааст, ки дар ин ҷашнвора ширкат варзад?
- Чун ҳарвақта дар ин ҷашнвора 12 кишвари ҷаҳон бо дувоздаҳ филми баланд ё худ пурраметраж ва 12 филми кӯтаҳметраж ширкат хоҳанд кард. Ин филмҳо дар бахши асосии ҷашнвора, бахши байналмилалӣ, доварӣ хоҳанд шуд. Филмҳо бояд, ки дар ду соли ахир ба навор гирифта шуда бошанд ва дар онҳо масоили иҷтимоӣ мавриди инъикос қарор гирифта шуда бошанд. Ин ҷашнвора боз як бахши хеле муҳим, бахши филмҳои синамогарони кишварҳои форсзабонро дорад.
Дар ин ҷо ҳам филмҳои ҳунарӣ, ҳам филмҳои мустанад ва инчунин зери унвони «Назаре ба кишварҳои форсзабон» филмҳои коргардонҳои ғайрифорс барои тамошо пешниҳод мешаванд. Аллакай як филм бо номи «Ситораи сарбоз», ки коргардони фаронсавӣ марҳум Кристоф де Понфилӣ онро ба навор гирифта буд, дар ин бахш пешниҳод карда шудааст.
Филм дар бораи сарлашкари ҷасур Аҳмадшоҳи Масъуд қисса мекунад. Вале ин бахш берун аз конкурс, берун аз доварист. Боз як бахши дигар дорем бо номи мурур ба осор (ретроспективный показ). Имсол мехоҳем ба маърази тамошои ширкаткунандагони кинофестивал филмҳои коргардони маъруфи кишварамон марҳум Борис Кимёгаровро пешниҳод кунем.
-Кинофестивали байналмилалии «Дидор» оё ҷоиза дорад?
- Бале, кинофестивал панҷ ҷоиза дорад ва онро Дафтари швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таъсис медиҳад. Шоҳҷоизаи швейтсарии беҳтарин филми пурраметраж, Шоҳҷоизаи швейтсарии беҳтарин филми кӯтоҳметраж, Ҷоизаи вижаи жюри байналмилалии беҳтарин коргардонӣ, Шоҳҷоизаи швейтсарии беҳтарин филми тоҷикӣ аз назари тамошобинон ва ҷоизае барои беҳтарин ҳунарпеша.
Ин ҷоизаҳо маблағи муайяне доранд, ки баробар аст бо ҳамон маблағи ҷоизаҳое, ки дар тамоми кинофестивалҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ ба ғолибони озмунҳо супурда мешаванд. Кинофестивал рамзи худро дорад, ки он пайкараи «Шоҳу арӯсак» ном дорад.Тахминан дарозиаш 20-25 сантиметр буда, ҳудуди як кило вазн дорад ва аз сангҳои қимматбаҳои кишварамон сохта шудааст. Муаллифи ин рамзи кинофестивал рассоми маъруфи мамлакат Сабзалӣ Шарифов мебошанд.
Барои ҳар як ғолиб якдонагӣ аз ҳамин «Шоҳу арӯсак» дода мешавад. Як чизи ҷолибро бояд бигӯям, ки мутаассифона, то ба ҳол ба синамогарони тоҷик муяссар нашудааст, ки дар ҷашнвораи «Дидор» боре ҳам ғолиб биёянд. Аз ҳама бештар Шоҳҷоизаҳои моро синамогарони Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даст овардаанд.
-Филмҳоро барои ширкат кардан дар кинофестивал кӣ ва чӣ гуна интихоб мекунад?
- Дар маъмурияти кинофестивал як нафаре ҳаст, ки махсус бо ҳамин кор машғул аст. Ин кас киношинос, доктори илмҳои фалсафа Саъдуллоҳ Раҳимов мебошанд. Ҳаққи интихоби филмҳоро он кас доранд. Чунин тарзи кор дар бисёр кишварҳо роиҷ аст.
- Ба шумо комёбӣ орзумандем.
-Ташаккур
Султони Ҳамад, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3072----lr-.html