14:04:46 01-уми Июни 2025 сол

МУШКИЛИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА ОСОНӢ ҲАЛ НАМЕШАВАД

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

 

Мушкили навиштор

Матбуоти навиштории мо, ки худ табиатан масъулияти омӯзиши забон ва имлоро дар рӯбарӯйи мардум бар уҳда дорад, ин амрро то кадом ҳадд иҷро мекунад? Воқеият ин аст, ки имрӯз забони матбуоти мо дар маҷмӯъ ба мушкили ҷиддие рӯбарӯст. Дар матбуоти навиштории мо ға¬лати имло, аз нигоҳи маънӣ истифодаи барғалати калима, ҷумлаҳои шикаста, пуриштибоҳ, бемаънӣ, гоҳе бе истифодаи хабар дар он, башиддат риоя нашудани аломатҳои китобатӣ ва чанд камбуди дигар ба дара¬ҷае зиёд шудааст, ки дар маҷмӯъ ин хатокориҳоро метавон вазъияти фав¬қулода номид.

 

Профессор КомилзодаМан бо матбуоти расмии ҳукуматӣ (нашрияҳои чопӣ) ошноийи чандоне надорам, аммо бархе аз ҳафтаномаву рӯзнома ва нашри¬яҳои чопии мустақилро аз нигоҳи забониву хабарнигорӣ қалами таҳрир задам, ки дар натиҷа сафҳаҳои онҳо манзараи ҳузнангезе гирифтааст. Як воқеият ин аст, ки имрӯз забони форсии тоҷикӣ бар асари таҳав¬ву¬лоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа дар ҳоли диграгуншавӣ ва тағйирот қарор дорад, биноан то ҳол натавонистааст шакли нормативии баён ва истифодаро касб кунад, яъне ҳанӯз забони меъёр (манзури ман меъёри забони матбуот аст) ба сурати лозим шакл нагирифтааст. Забони меъёр маънои онро дорад, ки дар истифодаи луғату вожаҳо, истилоҳоту ибо¬раҳо ҳамгунӣ ба вуҷуд меояд ва дар тамоми воситаҳои ахбор амалан аз онҳо истифодаи якранг сурат мегирад. Барои мисол, мо ин гуна меъёри истифодаро дар забони русӣ ва дар забони форсӣ дар Ирон мушоҳида мекунем. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки забони меъёри форсии тоҷикӣ вуҷуд надорад. Баръакс, забони меъёри мо хеле устувор ва побарҷост.

 

Яъне забони адабиёти классикии мо, ки бештарин унсурҳои граматикии он дар забони имрӯзии мо (дар се кишвари форсизабон) побарҷо ва устувор ҳастанд, яке аз забонҳои пурғановати дунё мебошад ва дар дарозои торих ба ҳадди лозим суфтаву коро шудааст. Таври маълум, бо ин забон ҳазорҳо осори оламшумули илмиву адабӣ иҷод шудааст ва ҳар касе, ки аз сайри торихии ин забони бузург огоҳӣ дорад, бемуҳобо мегӯяд, ки ин забон барои ифодаи пурраи андешаҳои илмӣ, фаннӣ, умури давлатдорӣ ва ҳама арсаҳойи зиндагии як миллат иқтидори шигифтангез дорад. Мисоле дар ихтиёр дорам, ки пешкашатон мекунам. Мо дар забони форсии тоҷикӣ ду калимае дорем «чатр» ва «соябон», ки ифодакунандаи ду зарурати иҷтимоӣ ҳастанд: чатр барои борон ва соябон барои офтоб. Шоир ин таъбирҳоро рӯшантар гуфтааст:

 

Ёри ман ҳар ҷо нишинад, офтоб он ҷо бувад,

Чатри хуршед аст, гӯё соябоне бар сараш.

 

Ин мисолро барои он овардам, ки ҳамин гуна имконоти бузурги вожаву калима, истилоҳу таъбир на дар ҳамаи забонҳо ба назар мерасад. Вале тавре дар боло ёдовар шудем, забони мо дар садсолаи ахир ба далели зери фишор қарор гирифтани мардум ва давлатдориамон ба чунин мушкил рӯбарӯ шудааст. Агар дақиқтар бигӯйем, мушкил дар он аст, ки мо ворисони забон ба далелҳои гуногун аз имконот ва тавонмандиҳои забонамон огоҳии кам дорем.

 

Сарчашмаи мушкилот

Амалан мушкили баёну гуфтор ва навиштор дар забони форсии тоҷикӣ боз ҳам ба мушкили сад соли ахир бармегардад. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон Ҳукумати Шӯравӣ барои иҷоди як давлати воҳиди Шӯравӣ, халқи ягонаи советӣ ва забони ягонаи советӣ (табъан забони русӣ) барномаи мушаххасеро рӯйи даст гирифт. Мутобиқи ин барнома барои амалӣ кардани се ҳадафи муҳими он, ба истилоҳ мутахассисини, ба гуфтаи худашон, «варзидае»-ро вориди ҷумҳу¬риҳои миллӣ (амалан мустамликаҳо) карданд. Ба бадбахтии мо, бо дастгирии ҳамсояҳои ғаразхоҳ сели ҳамин гуна «мутахассисон» аз ҷумлаи турктаборони шӯравӣ (аз самбӯсафурӯшу куҳнадӯз то галлабону боғбон) ба ҷумҳурии мо рехтанд.

 

Дертар ин қавмҳои кӯчитабор бо пуштибонии сардамдорони шӯравӣ тамоми умури давлатро дар Тоҷикистон ба даст гирифтанд. Русҳо дар ғами иҷоди ҳукумату забони мутта¬ҳиди шӯравӣ буданд ва умури аслии идораи давлатро дар даст доштанд. Аммо ҳама боқимонда турктаборон, ки умури фарҳангу маънавиёт ва ҳам¬замон раҳбарии сатҳи дуввумро дар даст доштанд, ҳадафҳои хоси худро дар миёни ин мардуми бечора пиёда мекарданд. Агар имрӯз забони модарии мо дар гуфтору навиштор ба ин кӯчаҳои дарҳаму барҳам ворид шудааст, дар навбати аввал заминаи ин мушкилро ҳамон «мутахассисин» гузоштаанд.

 

Онҳо, ки дигар зимоми давлатро дар даст доштанд, хиёнатҳои бузургеро дар баробари шикастану пора кардани забони мардуми мо анҷом доданд. «Ба забони омма наздик кардани забони адабии ҳозираи тоҷик», «истифодаи калимаҳои забони мардум дар забони адабии ҳозираи тоҷик» мисли ин шиорҳоеро ба зеҳни мардум ворид карда, сипас ба шикастани забони навиштор ва гуфтори мардум даст заданд ва то ҷойе муваффақ ҳам шуданд. Натиҷааш ин шуд, ки имрӯз забони гуфтори мо олуда ва ба як забони махлуту пур аз вожаҳои номафҳуми бегона табдил шудааст.

 

Ва аммо забони навишторамон тақрибан ба забони кӯчаву бозор баробар шуда ва аз пойгоҳи аслии худ забони ноби форсии тоҷикӣ (ончуноне ки мебоист буд) хеле канор рафтааст. Ва ин амалро ворисони он сиёсат, ки ҳанӯз дасти болое дар ин кишвар доранд, ҳамчун як бозёфти нодир, қаҳрамонии ифтихоромези касоне ҷилва медиҳанд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки ин гурӯҳи ҳамдиёрони мо ин ғалаткориҳоро чун бозёфт, мушахассот ва ифтихороти миллӣ қаламдод мекунанд. Дар ҳоле ки гоҳе мо маҷбур мешавем сӯҳбати як ҳамдиёрамонро барои як форсизабони дигар тарҷума кунем. Бояд иқрор кард, ки кишвари мо Тоҷикистон дар ин раҳгузар аз ҳама ҷумҳуриҳои дигар зарари бештар дидааст. Мо дар боло намунаҳое аз ин шикастапораҳоро дар гуфтору навиштор мисол овардем.

 

Вале пештар аз ин, тарҳ ё плони барномаҳои омӯзишии забони мо¬дарӣ ва фанҳои дигар ба манфиати ғаразхон хеле моҳирона роҳандозӣ шуда буданд. Грамматикаи забон ва барномаи ҳамаи фанҳои дигар то сатҳи мушаххас дар асоси барономаҳои мактабҳои русӣ сохта ва барномаҳои Вазорати маориф амалан аз онҳо рӯйбардор шуда буданд. Барои омӯзиши забони тоҷикӣ он қадар қоидаҳои гуногун ва мушкилро эҷод кардаанд, ки шогирдони мактабҳои мо то охири умр онҳоро аз бар карда наметавонистанд. Бадтар аз ин, омӯзиш дар мактабҳои мо тарзе буд, ки шогирдон амалан ба қоидаазёдкунӣ мепардохтанд, вале аз тафаккури худӣ ё андешаи шахсӣ, баёни андешаи худ, баёни ҳатто гуфтори оддӣ дар ҳузури дигарон ва ба хусус мақомдорон комилан ва ба таври шигифтангез дур нигоҳ дошта мешуданд.

 

Ҳатто дар миёни мардум ба дараҷае тарс ворид карда буданд, ки дар ҳузури мақомдорон ҳеч гуна сухане набояд гуфта шавад. Ҳоло мо ҳамагӣ медонем, ки бештарини мо ҷуръат надорем, ки дар ҳузури як мақомдор ё як фарди баландмартаба сурати оддӣ бигӯем, ки «Ман мехоҳам бо Шумо сӯҳбат кунам!» Таъсири он сиёсат, ки муттассифона, ҳанӯз ҳам идома дорад, ба устодони маҳалии мо ҳам комилан асар гузошта буд. Ба ёд биёрем, ки омӯзгорону устодони мо дар мактабу донишгоҳҳо дар бештар маврид ба мо иҷозат намедодаанд, ки суханамонро озоду ошкор бигӯем ва барои гуфтани сухани ҳаққ ва андешаи худ шояд борҳо гирифтори маломату сарзаниш шудаем.

 

Яъне дар мактабу донишгоҳҳои кишвари мо ҷуръати баёни андешаи худӣ ва дархости хоҳи¬ши шахсӣ амалан саркӯб мешуд. Бо таассуф, ин раванд як навъ хусусияти умумии донишомӯзӣ ва он чи, ки таълимаш мехонанд, дар ҳама сатҳи омӯзишии кишвари мо мавҷуд буд. Борҳо дар кишварҳои Русия, Афғо¬нистон ва Ирон бо хоҳиши худ дар дарсҳои шогирдони мактабҳо ширкат кардаам. Чун далерона ва бо ҷуръат сухан гуфтани шогирдони мактабҳо ва пуртоқату солорона гӯш додани устодони мактабҳои ин кишврҳоро медидам ва ҳамеша орзӯ мекардам, ки дар ватани ман ҳам чунин бошад.

 

Агар як далели хараҷу мараҷи имрӯзӣ дар табдили иҷбории алифбо аз сӯйи ҳукуматдорони Шӯравӣ бошад, далели дигари ба ҳадди лозим рушд наёфтани забони имрӯзии мо боз дубора ба сиёсати ҳамон ҳукумат бармегардад. Чунки забонҳо, назар ба табиату ҳамрангӣ, решаҳои торихӣ, ҳамзистии минтақавӣ ба ҳамдигар хеле таъсиргузор мебошанд. Табиист, ки забони форсии тоҷикӣ бояд аз кишварҳои Ирон ва Афғонистон, ки ҳамин забон дар онҳо роиҷ аст, луғату истилоҳот, вожаву номҳои навро мавриди истифода қарор дода, бо онҳо рушди мураттаб меёфт. Ончуноне ки имрӯз ворисони забони форсӣ ҳам дар Ирон ва ҳам дар Афғонис¬тон аз нигоҳи истифодаи васеъи забони муштараки форсӣ иртиботи ногусас¬танӣ доранд ва ҳамгун ҳастанд ва ҳамдигарро ёриву пуштибонӣ ва рушду нумӯъ мебахшанд.

 

Аммо, мутаассифона, забони форсии Вароруд ба далелҳои дар боло номбурда аз ин раванди пешрафт ва меъёрӣ шудан дар канор мондааст. Гуфтанист, ки шурӯъ аз оғози даҳаи 80-и садаи гузашта таъсири забони форсӣ аз Ирону Афғонистон ба форсии мо (яъне форсии тоҷикӣ) хеле чашмрас будааст. Ҳамчунон вожаҳои хоси забони имрӯзии мо на танҳо ба Ирону Афғонистон, балки ба забонҳои дигари минтақа ҳам ворид ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Албата ин мавзӯъ қобили таҳлил ва барасии хос аст, ки маҷоли ин навишта нест.

 

Саҳми телевизион дар заъфи забономӮзӢ зиёд аст

Дар коҳиш ёфтани фасоҳату асолати забони модарии мо, мутаассифона, шаба¬каҳои телевизионии кишварамон (албатта, то ҳадде) нақши манфӣ мебозанд. Гоҳе ба назар мерасад, ки шабакаҳои телевизионии мо ба забони адабии тоҷикӣ назари сатҳӣ доранд. Ба далели беэътинойӣ, камтаҷрибагӣ, мавҷуд набудани касбият дар миёни кормандои гуногуни ин навъи ВАО амалан касоне, ки аз забони тоҷикӣ огоҳии кам доранд, бо истифода аз ин минбар озодона ба баёни андешаҳои ғалат, бегона, бадтар аз ин, ба камбудиҳои фоҳиш роҳ медиҳанд ва аз даричаи ин воситаи муҳими тарбияи мардум аз навиштаҳои пурғалат чашм наканда сактахонӣ мекунанд.

 

Имрӯзҳо саҳнаи телевизионҳо ба майдони худна¬мо¬йи¬ҳоиҳо табдил шудааст. Касоне, ки аз илми журналистика ва сухано¬фаринӣ огоҳие надоранд ва ба мавзӯъҳойи мавриди баҳс комилан ошно нестанд, микрофонро гирифта аз рӯйи матнҳои сохтаву бофта бо ҷумлаҳои худсохта ва талаффузи ғалат мардумро ба сӯйи гумроҳӣ мебаранд. Омӯз¬горон ва устодоне, ки мутахассиси соҳаҳои дигари илму омӯзиш ҳастанд, ноогоҳона ва барғалат дар бораи забон ва соҳаҳои барои онҳо комилан номафҳум ҳукми девонсолорона мебароранд.

 

Ва кор ба ҷойе кашидааст, ки ҳатто хонан¬даҳои синфҳои болоийи мактабҳо аз пардаи телевизион бо гӯйиши ғалату вожаву ҷумлаҳои шикаста мардумро ақл ёд медиҳанд, насиҳат мекунанд. Ин дар ҳолест ки духтарону писарони зебову хушқади мо ба унвони гӯяндаи барнома, бидуни он ки ин гуфтору андешаҳои барғалатро ислоҳ кунанд, дубора ҳамин гуна саволҳои ғайримантиқиро дар барномаҳо матраҳ мекунанд. Маълум аст, ки ин ҷавонони хушгил, ки ба дасташон микрофони барои як журналисти огоҳро додаанд, худашон аз мавзӯи баҳс, дониши забонӣ ва ҳунари гӯяндагӣ огоҳии комил надоранд.

 

(идома дорад)

 

Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4490-mushkili-zabon-dar-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854