ҶАШНВОРАИ “ШАШМАҚОМ” БЕ ҲУЗУРИ ХУНЁГАРОНИ ЭРОНӢ ВА ӮЗБАК
Дар ҷашнвораи байналмилалии “Шашмақом” дар Тоҷикистон, ки аз 10 то 14 май идома хоҳад ёфт, гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Озарбойҷону Ӯзбакистон ва Эрон ширкат надоранд.
Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 11 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки як гурӯҳи ҳунарии 12-нафарӣ аз Эрон ба ҷашнвора даъват шуда ва ин гурӯҳ даъватро пазируфта буд. Аммо баъдан ин гурӯҳ ба далоили номаълум ба шаҳри Душанбе наомадааст.
Алӣасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфт, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ин ҷашнвора аз Эрон гурӯҳи мусиқии донишкадаи мусиқии Донишгоҳи Теҳронро даъват карда буд. Вале ба гуфтаи оқои Шеърдӯст, ба далоили фаннӣ ин гурӯҳи мусиқӣ дар ҷашнвораи “Шашмақом” ҳузур наёфта ва танҳо раҳбари он ба Тоҷикистон омадааст.
Дар ҳамин ҳол, вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард, ки ин дуюмин мавриди ширкат накардани гурӯҳҳои ҳунарии Эрон дар ҷашнвораҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, дар ҷашнвораии теотрии “Наврӯз” дар шаҳри Душанбе низ, ки дар моҳи гузашта доир шуд, як теотри эронии даъватшуда ба ҷашнвора бидуни шарҳи далоил ширкат накард.
Оқои Шеърдӯст ба навбаи худ гуфт, ки дар соли ҷорӣ ҷашнвораи теотрии “Наврӯз” як ҷашнвораи байналмилалӣ маҳсуб намешуд ва аз ин лиҳоз, теотри “Лоҳутӣ”-и Эрон, ки қарор буд ба шаҳри Душанбе ворид шавад, аз ширкат дар ин ҳамоиши фарҳангӣ худдорӣ кардааст.
Вале соҳибназарон далели аслии ширкат накардани гурӯҳҳои ҳунарии Эрон дар ҷашнвораҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ин авохирро ба норизоятии ҷониби Эрон нисбат ба сатҳи пазироӣ ва баргузории рӯзҳои фарҳангии он кишвар дар Тоҷикистон марбут хондаанд.
Ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон, гурӯҳҳои мусиқии клосикӣ аз Ӯзбакистон ва Озарбойҷон ҳам, ки суннатҳои муштараки мусиқӣ бо тоҷикон доранд, ба ҷашнвора даъват шуда буданд, вале ба далоили номаълум онҳо низ дар ҷашнвора ширкат надоранд.
Дар гузашта, миёни фарҳангиёни тоҷику ӯзбак бар сари ин ки "Шашмақом" бештар мероси кадоме аз ин ду мардум аст, баҳсу ихтилофоте вуҷуд доштааст. Ҳамакнун худдории намояндагони Ӯзбакистон аз ширкат дар ин ҷашнвораро бархеҳо ба ихтилофоти сиёсии ду кишвар марбут мехонанд.
"Дарки комили “Шашмақом” сахт аст"
Дар симпозиюм ё ҳамоиши илмии мусиқидонҳои ватанию хориҷӣ бо номи “Мактаби клоссикии "Шашмақом"-и тоҷик” дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 май доир шуд, Ангелика Юнг, мусиқидоне олмонӣ, “Шашмақом”-ро шабеҳи уқёнусе хонд, ки “барои касе дарки ҳамаҷониба ва комили он муяссар нахоҳад шуд.”
Ба гуфтаи хонуми Юнг, оҳангҳои “Шашмақом” бо риъояти қонуниятҳои вижа иҷро мешаванд ва шунаванда барои дарки онҳо бояд аз олами мусиқӣ огоҳии хуб дошта бошад. Ӯ гуфт, ин вазъ дар ҳамаи анвоъи мусиқии клосики ҷаҳон яксон аст. Масалан, гуфтан душвор аст, ки куллияи мардуми Олмон ё Урупо симфунии Бетховен, мусиқидони бузурги олмониро, ба таври комил дарк мекунанд.
Ҳамзамон, Ангелика Юнг таъкид кард, ки донишмандони бахши мусиқӣ бо ҷамъоварӣ ва ташреҳи бахшҳои “Шашмақом” ин навъи мусиқии клоссикро ба шунаванда муъаррифӣ мекунанд, ки ин амр ба роҳ ёфтани “Шашмақом” ба қалби шунавадагон ва болоравии маҳбубияти он мунҷар хоҳад шуд.
Ӯ ба унвони мисол аз чопи китоби “Шашмақом” дар Олмон хабар дод, ки барои аввалин бор дар он 332 асари марбут ба шаш мақоми мусиқӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Зимнан, дар китоби шашҷилдаи Фазлиддин Шаҳобов, мусиқидони маъруфи тоҷик, теъдоди ашъор ва таронаҳои “Шашмақом” 263 ададро ташкил медиҳад.
Ин китоб бо саъйу талошҳои тӯлонии Алӣ Бобохонов, мусиқидони саршинос аз шаҳри Бухоро, ки аз хонаводаи Левича Бобохонов, мақомсарои маъруф бархоста ва акнун ба Олмон ҳиҷрат кардааст, таҳия шудааст. Дар ин китоб дар нотаҳо ё адвори мусиқӣ ашъори 73 шоъири 7 қарни ахир ҷой дода шудаанд ва дар миёни шуъаро ашъоре аз Машраб, шоъири қарни 19-и ӯзбак, низ мавҷуд аст.
Шебу фарози “Шашмақом”
Ба эътиқоди пажӯҳишгарон, бахше аз оҳангҳои “Шашмақом” аз даврони Борбади Марвазӣ, хунёгари дарбори Сосониён, сарчашма гирифта ва дар қуруни баъдӣ рушду такомул ёфтааст.
Дар пайи ба тасарруфи арабҳо даромадани Хуросону Мовароуннаҳр мусиқии “12 парда”-и форсӣ номи “Дувоздаҳмақом”-ро гирифт. Фароғат Азизӣ, мусиқидони тоҷик, гуфт, ки “Шашмақом”-и феълӣ дар қарни 18-и милодӣ дар шаҳри Бухоро ва танҳо бар пояи мусиқию ашъори форсӣ таҳия шудааст.
Ба гуфтаи хонуми Азизӣ, пас аз Инқилоби Октябр ва марзбандии ҷамоҳири шӯравии сусиёлистӣ, ки Бухорою Самарқанд, шаҳрҳои бостонӣ, дар ҳудуди Ӯзбакистон боқӣ монданд, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев, мусиқидонҳои маъруфи тоҷик, мактаби “Шашмақом”-и Бухороро ба шаҳри Душанбе кӯч доданд.
Ӯ гуфт, ки “Шашмақом” дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон узви ин иттиҳод маҳсуб мешуд, сарнавишти талхе дошт ва барои рушди он мушкилоту мавонеъи зиёде пайдо шуд. Нахуст, мусиқидонҳои шӯравӣ “Шашмақом”-ро ба унвони як асари бузурги мусиқии клоссикӣ эътироф накарданд ва онро ба феҳристи осори мусиқии фулклурик шомил карданд. Бар асоси ин шинохт, зарурати ҷамъоварии “Шашмақом” ва дар нота навиштани мусиқии он аз миён рафт.
Гузашта аз ин, табдили ҳуруфи форсӣ ба сириллик мӯҷиб шуд, ки пайванди меросбарони “Шашмақом” бо осор ва мероси бостонӣ то ҳадде гусаста шавад. Вале ба гуфтаи хонуми Азизӣ, чопи китоби Фазлиддин Шаҳобов бо номи “Баёзҳои “Шашмақом” ва талошҳои мусиқидонҳои клоссик барои таъсиси бахши “Шашмақом” дар мактаби мусиқии шиҳри Душанбе ин навъи мусиқиро аз хатари афтодан ба коми фаромӯшӣ наҷот додааст.
Гуфта мешавад, пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 таваҷҷӯҳи давлат ба эҳё ва рушди мусиқии “Шашмақом" бештар шуда ва дар соли 2002 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо судури фармоне 12 майро “Рӯзи Шашмақом” эълом кард.
Ҳамчунин, Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНЕСКО соли 2003 “Шашмақом”-ро шоҳкори ҳунари ҷаҳонӣ эълом кард ва дар соли 2008 онро ба феҳристи осори ҷаҳонии ғайримоддӣ шомил намуд.
Аз “Дувоздаҳмақом” то “Шашмақом”
Дуктур Аслиддин Низомов, мусиқидони саршинос, мегӯяд “Шашмақом” аз даврони сулолаи Сосониён бо номи “Дувоздаҳ парда” зуҳур карда ва пас аз густариши ислом дар Эрону Осиёи Марказӣ “парда”-и форсӣ бо “мақом”-и арабӣ иваз шудааст.
Гуфта мешавад, то ҳол дар Эрон, Афғонистон ва Уйғуристони Чин “Дувоздаҳмақом” бо таъбиру номҳои мухталифе боқӣ монда ва дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ин навъи мусиқӣ бо номи “Шашмақом” роиҷ аст.
Зимнан, суннатҳои мусиқии клосикии мақом дар миёни бисёре аз мардумони Ховари Миёна, монанди арабҳову курдҳо ва туркҳо, низ роиҷ аст ва онҳо ба мактабҳои мусиқии суннати худ "мақом" мегӯянд. Мусиқишиносон ҳамчунин мегӯянд, ки мақомсароӣ бо мусиқиҳои суннатии ҳиндӣ бо номи "рогоҳо" низ пайвандҳои деринаи таърихӣ дорад.
Қосими Ромишгар, мусиқидон аз Афғонистон, ки дар раъси як гурӯҳи 5-нафарӣ барои ширкат дар ҷашнвораи “Шашмақом” ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, “Дувоздаҳмақом” ва “Шашмақом” “решаи амиқ дар мусиқии ориёӣ дошта ва аз ҷумлаи сармояҳои маънавии башарӣ маҳсуб мешаванд.”
Аммо ба гуфтаи оқои Ромишгар, дар Афғонистон бештар савту навоҳои дилхушкунандаю рақсӣ имрӯзҳо ривоҷ ёфта, аммо ба мусиқии рӯҳафзо ба мисли “Дувоздаҳмақом” таваҷҷӯҳ камтар аст.
Ӯ гуфт, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон дар Афғонистон мусиқии клоссикии “Дувоздаҳмақом” дар мактабҳои мусиқӣ ё донишгоҳҳо тадрис намешавад ва кунсертҳои ин навъи мусиқӣ низ баргузор намегардад.
Қосими Ромишгар далели ин вазъро ба ҷанги сисолаи дохилӣ дар Афғонистон ва фирори мусиқидонҳои ҳирфаӣ аз кишвар ва ҳунари волою дарки душвор будани мусиқии мақом марбут хонд.
Зимнан, мусиқии “Шашмақом” дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ривоҷ ёфта ва акнун дар канори ду дастаи давлатии шашмақомхонҳои Филромунӣ ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дар Душанбе дар шаҳри Хуҷанд низ гурӯҳи маъруфи “Нури Хуҷанд” фаъолият мекунад.
Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи мақом, қабл аз даргузашташ дар ин даста фаъолият мекард. Ҳоло Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи саршинос, низ дар ҳайъати гурӯҳи "Нури Хуҷанд" фаъолият мекунад ва тайи беш аз даҳ соли ахир ба таблиғи мусиқии клоссикӣ машғул аст.
Ҳамчунин, дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Турсунзода ва дар ноҳияи Файзобод низ дастаҳои мақомсароён таъсис шудаанд.
Мардони Муҳаммад, Би-Би-Си, Душанбе
Шарҳҳо
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.
Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
RSS Обуна