00:58:26 15-уми Майи 2025 сол

РАДИОИ “МАЯК” АЗ ГУРӮҲИ “ПАРЕМ” ПУЗИШ ХОСТ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии сафорати Русия дар ин кишвар аз “шӯхиҳои” муҷриҳои шабакаи давлатии радиои “Маяк”-и Русия изҳори норизоиятӣ кардаст. Як манбаъ аз ин вазоратхона ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин нома ҳамчунин аз сӯйи бархе аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва саршиноси Тоҷикистон, аз ҷумла Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ин кишвар, имзо шудааст.

/images/stories/2011/08/26_parem304jpg.jpgГуфта мешавад, ки бозтоби барномаи консартии гурӯҳи “Парем”-и Тоҷикистон дар Маскав, дар барномаи ин шабакаи радиоӣ боъиси чунин норизоиятӣ шудааст. Гурӯҳи “Парем” рӯзи якшанбеи 24-уми июл дар яке аз марказҳои тафреҳии шаҳри Маскав ҳудуди се соъат барномаи консертӣ иҷро кард.

Муҷриҳои шабакаи радиоии “Маяк” зимни бозтоби ин хабар шӯхиомез гуфтаанд, ки “чун тоҷикон пул надоранд, ночор шудаанд консерти худро дар рӯзи якшанбе баргузор кунанд, на панҷшанбеву ҷумъа ё шанбе.”

Гузашта аз ин, яке аз муҷриҳо афзудааст, ки “куллияи тамошочиёни шумо инҷост, дар Тоҷикистон касе намондааст.” Ҳамчунин таъкид шудааст, ки “фарҳанги кишварҳои Осиёи Миёна комилан аз байн рафтааст.”

Ҳамчунин ровиҳои радиои “Маяк” аз он изҳори тааҷҷуб кардаанд, ки билети консерти гурӯҳи “Парем” як ҳазор рубли русист. Ба ишораи онҳо, чунин қимати билет барои шунидани овозхонҳои тоҷик сахт гарон будааст.

Манобеъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ирои ҷузъиёти дигари ин қазия худдорӣ карда, вале таъкид карданд, ки ин номаро набояд ба унвони номаи эътирозӣ арзёбӣ кард. Вале, Олим Ширинов, раҳбари гурӯҳи “Парем” ба Би-би-сӣ гуфт, ки дастандаркорони радиои “Маяк” рӯзи 24-уми август матни ин номаро дар яке аз барномаҳои худ қироъат карда ва пузиш хостаанд.

Вай гуфт: “Ин узрхоҳии дастандаркорони радиои “Маяк” моро то ҷое қонеъ сохт. Вале бояд бигӯям, ки ҳатто зимни узрхоҳӣ онҳо нисбати тоҷикон ҳазлҳои бемавқеъро раво медиданд.”

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Ширинов, муҷриҳои ин барномаи радиои “Маяк” изҳор доштаанд, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон “ба ҷойи ба мо нома фиристодан, ба мавзӯъи ғоратгариҳои атбои тоҷик дар Маскав машғул шавад.”

Ҳамчунин ин ровиҳо зимни пахши як таронаи гурӯҳи “Парем” афзудаанд: “Медонем, ки ҳоло мардуми тоҷик машғули сохтмон ҳастанд ё худкорҳои “Калашникуф”-ро барои ғоратгарӣ омода месозанд.”

Зимнан, дар чанд соли ахир дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон мавзӯъи “тавҳин ва таҳқири тоҷикон” дар барномаи “Наша раша” дар шабакаи телевизиюнии ТНТ-и Русия зиёд матраҳ буд.

“Равшан ва Ҷамшуд”, ду қаҳрамони ин барнома атбои Тоҷикистон унвон мешуданд ва ҳоло дар бархе аз маворид аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия машғули кор ҳастанд, бо ин исм ном бурда мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз давлати ин кишвар хоста буд, ки аз пахши ин барномаҳои шабакаи ТНТ монеъ шаванд. Дар ниҳоят, дастандаркорони ин шабакаи телевизиюнӣ тасмим гирифтанд, ки аз идомаи таҳияи “Наша раша” худдорӣ кунанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ