00:02:32 03-уми Июни 2025 сол

ПАЗМОНИ ТУЕМ, МОҲИ САҲНА – МАНИЖАИ ДАВЛАТ!

Ҳарчанд Манижа - бонуи саропо ҳунар имрӯзҳо рӯи саҳна нест, вале ин маънои онро надорад, ки ҳаводоронаш ӯро фаромӯш кардаанд. Ҳама медонанд, ки ҳар ҳафта дар ин ё он нашрия мактуб ё пайғоме бо унвони ин бонуи зебо нашр мешавад ва ин гувоҳи он аст, ки ҳаводорони асилаш ҳаргиз ӯро аз ёд набаровардаанд ва доимо пазмонаш ҳастанд.

/images/stories/2011/10/20_manija_davlat_2011.jpgМан низ чун дӯстдор ва ошиқи таронаҳои ин хонуми хушхиром ҳастам, пайваста ёдаш мекунам ва мехоҳам тез-тез расмашро дар муқоваи нашрияҳо бубинам, зеро ин маро хеле зиёд шод мекунад. Охир, мухлиси асил онест, ки пайваста ҳунарманди дӯстдоштаи худро ёд мекунад ва доимо дар ҷустуҷӯи пайдо намудани хабари нав дар бораи ӯст. Манижа сарояндаест, ки дар як муддати кӯтоҳ рӯи саҳна ҷилвакунон машҳур гашт. Ӯ ҳамагӣ 5-сол дар саҳнаи ҳунар фаъолият намуд, вале шӯҳрати садсоларо ба даст овард. Ҳастанд санъаткороне, ки 20-25 сол рӯи саҳнаанд, аммо то ҳол касе онҳоро намешиносаду эътироф намекунад, вале Манижаро…

Ӯ аз сарояндагони машҳуру маҳбуби мо ба шумор мерафт, вале бо сабабҳои номаълум пас аз сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсоя Афғонистон тарки саҳна намуд ва ҳаводорони хешро танҳо гузошт. Пас аз ин сару садоҳо гирди номаш зиёд шуд. Яке мегӯяд, ки Манижа бо хоҳиши худ аз саҳна рафту дуюмӣ ин муамморо ба таври дигар шарҳ медиҳад. Худи Манижа бошад, калиди розҳояшро ба касе намедиҳад, то мухлисонаш аз дарди дилаш огоҳ шаванд.

 

Худованд ба Манижа на танҳо садои ширину форам ва ширадор, балки симои зебо низ ато намуда, ки агар як қисм мухлисонашро садову таронаҳояш мафтун карда бошад, пас қисми дигарро чеҳраи зебояш ба худ ҷалб намуд. Таронаҳои ӯ саропо маънӣ буданд. Вай ба воситаи сурудҳояш васфи ишқу муҳаббатро тараннум мекард, матнҳои интихобнамудааш дили шунавандаро тасхир менамуд, ба дунёи умеду орзуҳои ширин ворид мекард, ба ростӣ, ки ҳама аз шунидани эҷодиёти ӯ лаззат мебурд.

Сурудҳои соли 2002-2003 – юм сароидаи Манижа ҳанӯз ҳам шунавандаи худро доранд ва кӯҳна нагаштаанд. Дар дӯконҳои фиттафурӯш бошад, ҳама он фиттаҳое, ки расми ӯ ҳаст, харидори худро доранд. Азбаски ман ба овозхонӣ меҳри беандоза дорам ва кӯшиши омода намудани таронаҳои худро низ мекунам, борҳо дар студияи «Аҳлиддин» шоҳиди он будам, ки аксари сарояндаҳои дигари мо бо сабку услуби хеш таронаҳои ӯро барои тӯю маъракаҳо аз сари нав сабт менамуданд ва барои хуб хондан ҳаракат низ мекарданд, вале… Манижа Манижа аст ва фикр мекунам, ки касе наметавонад мисли ӯ ҳунарнамоӣ бикунад.

Таронаҳои ӯ кӯҳнанашавандаанд. Агар мушоҳида карда бошед, имрӯз баъзе аз сарояндагони мо, азбаски матни пасту бемазмунро интихоб мекунанд, сурудашон ҳамагӣ як сол умр мебинад ва баъди ин ба тамом фаромӯш мешавад, аммо таронаҳои Манижа фаромӯшнашавандаанд.

Сурудҳои ӯ дар ҳар кошона танинандозанд, пиру ҷавон гӯш мекунад онҳоро, ба дили кас намезананд. Аз соли 2008 то 2010 Манижа ҳамагӣ се сурудро бе навор сабт кард, вале онҳо аз он сурудҳое, ки сарояндагонашон рӯи саҳнаанд машҳуртаранд ва шунавандаи худро доранд. Боварӣ дорам, ки Манижа пазмони мо, мухлисонаш, шудааст, вале боз хомӯширо пеша намуда, ки инро албатта сабабе ҳаст.

Ба ҳар ҳол мо, мухлисонаш, орзуманди сиҳатмандии ӯем ва гуфтанӣ ҳастем, ки агар ба саҳна баромадан нахоҳад, касе наметавонад варо маҷбур созад, бигзор хонашиниро идома диҳад, аммо барои ташнагони ҳунараш тарона пешкаш намояд.

Бо эҳтиром Абдураҳмон Ҳакимзода, аз ноҳияи Ҳамадонӣ, «Зан ва мард»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Мансур 03.01.2013 13:23
988949646
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854