| ТАҶЛИЛ АЗ 70-СОЛАГИИ ШОИР ШИРИН БУНЁД |
| Мақолаҳо - Адабиёт ва фарҳанг | |||
| 14.12.2011 09:15 | |||
Раиси ВМКБ Қодири Қосим қайд кард, ки агарчӣ шоир Ширин Бунёд имрӯз бо мо нест, вале тавассути осори эҷодкардааш дар дил ва хотираҳои мо ҳамеша боқӣ мемонад. Раиси вилоят пешниҳод кард, ки дар мактаби миёнаи зодгоҳи шоир осорхонаи ӯ таъсис ва дар вилоят ягон муассиссаи давлатӣ ба номаш номгузорӣ карда шавад. Оромгоҳашро ба зиёратгоҳи аҳли адабу фарҳанг табдил бидиҳанд. Ӯ барқияи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он тамоми мардуми Бадахшон ва аҳли хонаводаи шодравон Ширин Бунёдро бо муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир табрик намудаанд, қироат намуд. Роҳбари бахши Бадахшонии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан Ширин Бунёдро фидоии ватану ваҳдатсарои асил номида аз даврони ҷавонии шодравон хотироти худро қисса намуд. Ширин Бунёд 14-уми декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Шуғнони Бадахшон таваллуд шудааст. Шоир муаллифи китобҳои «Зартеғ», «Бомдод», «Шоҳи Тирандоз», «Шерозаи ваҳдат» ва «Номае дар барги ҳасрат» буда, ашъори бой дорад. Ширин Бунёд асосгузори маҳфили Бадахшонии Иттифоқи адибони Тоҷикистон мебошад. Ширин Бунёд 4-уми июли соли равон дар зодгоҳаш аз олам даргузашт. Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ
|






