00:45:48 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СУРАЙЁИ ҚОСИМ БО ШАБНАМУ ФАРЗОНА РӮИ САҲНА МЕОЯД

Пас аз таваққуфи тӯлонӣ барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш - Шабнаму Фарзона баргузор хоҳад шуд. Ин барномаи ҳунарии Сурайёи Қосим ва духтаронаш дар ҳоле баргузор мешавад, ки чанд соли ахир атрофи номи онҳо сарусадои зиёде чарх мезад.

/images/stories/2012/05/19_shabnami-surayo_19-5-12.jpgДар ин муддат хонум Сурайё маризии тӯлониро паси сар кард ва духтари хурдияш Фарзона тақрибан ду соли умри ҷавонашро дар зиндон сипарӣ кард. Шабнам агарчӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон барномаҳои муваффақ дошт, аммо аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нопадид шуд.

-Хонум Сурайё, чӣ боис шуд, ки Шумо бо духтаронатон Шабнаму Фарзона барномаи ҳунарии муштарак баргузор намоед?

-Медонед, ки ману Шабнаму Фарзона бо иллатҳои мухталиф дар зиндагӣ рӯи саҳнаи тоҷик набаромада будем. Имрӯз шукри Худованд, ки пас аз маризӣ сиҳҳатиям хуб шудааст ва рӯи пой хестам. Фарзона ҳам дар бари мост ва мо ҳама сарҷамъ шудем. Ин баҳонае барои баргузории консерти муштарак буд. Мухлисони худро хеле пазмон шудаем ва бовар дорем, ки мухлисон низ моро хуш пазироӣ кунанд.

-Оё дар ин барномаи консертӣ ҳунармандони дигари маъруф низ ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард? Ҳатто сарусадое ҳаст, ки Манижаи Давлат ҳам ширкат мекунад...

-Агар ҳунармандони дигар ширкат мекарданд, хеле шод мешудем. вале ба иллати он ки барномаи ҳунарӣ маҳдуд, яъне ду соат аст ва мо худамон таронаҳо иҷро мекунем, бар изофа гуруҳҳои рақсӣ ҳаст, гуруҳи сиркбозон ҳаст, фикр намекунам, барои таронасароии ҳунармандони дигар имкон фароҳам шавад. Бовар дорам, дар барномаҳои ҷудогонаи ҳар яке аз мо, ки дар ояндаи наздик баргузор карданӣ ҳастем, дигар ҳунармандон ширкат ва сурудхонӣ хоҳанд кард.

-Дар эълонҳое, ки дар кӯчаҳои Душанбе гузошта шудаанд, таъкид шудааст, ки консерт бидуни сабти телевизионӣ баргузор мешавад. Ин тасмими Шумо буд, ё чизи дигар?

-Ҳунарманд бе телевизион ва радио ҳунарманд нест. Ҳамин телевизион ва радиост, ки ҳунармандро мешиносанду гӯш мекунанд. Мо ба хотире, ки ҳар нафар, хусусан наворгирҳои ғайриҳирфаӣ ин барномаи ҳунариро сабт накунанду ғайриқонунӣ ба фурӯш набароранд, чунин навиштаем. Аммо аз сӯи наворбардорҳои профессионалӣ (касбӣ)-и телевизион ин барнома сабт мешавад.

-Аммо мушоҳида кардаем, ки таронаҳои Шабнаму Фарзона дар телевизионҳои далатӣ пахш намешавад, хусусан дар Наврӯзи соли 2011 таронаи иҷрокардаи Шабнамро дар телевизион намоиш надоданд. Назари Шумо ба инчунин иқдом чист?

-Дар ин маврид чизе гуфтанӣ нестам, намедонам.

-Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳар кадоме аз Шумо бо таронаҳои нав рӯи саҳна хоҳед омад?

-Бале, ману Шабнаму Фарзона таронаҳои нав омода кардаем, ки дар он рӯз иҷро хоҳем кард. Ман як таронаи наверо бо номи "Шукронаи Ватан" иҷро хоҳам кард. Фикр мекунам, беҳтарин таронаи дар ин авохир эҷодкардаам ҳамин Шукронаи Ватан аст."
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi