01:17:41 16-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САИДРИЗО АЛИЗОДА, ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК, КИ ДУР АЗ ТАВАҶҶӮҲИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН МОНДААСТ

Ба муносибати 125 солагии Саидризо Ализода, олим, рӯзноманигор, тарҷумон ва маорифпаровари тоҷик дар толори маҷлисҳои АИ ҶТ таҳти унвони «Саҳми Саидризо Ализода дар илму адаби тоҷик» конференсияи илмие баргузор гардид. Кароматуллоҳ Олимов, ноиби Президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа дар суханронии ифтитоҳии худ аз хидматҳои Саидризо Ализода барои илми адаби тоҷик мхтасаран ёдовар шуд.

/images/stories/2012/05/24_saidrizo-alizoda-24512.jpgСипас Ф. Зикриёев, доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Саидризо Ализода нахустин муаллифи грамматикаи нави забони тоҷикӣ», Н. Ғаффоров, номзади илҳои таърих, дар мавзӯи «Саидризо Ализода ва ҷунбиши ҷадидия», П. Гулмуродзода, номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Саидризо Ализода- рӯзноманигор ва публитсисти маорифпарвар», М. Муродӣ, доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Саидризо Ализода ва ташаккули ҳаҷв дар матбуот» суханронӣ карданд.

Дар маҳфил дӯстон ва пайвандони Саидризо Ализода хотираҳои худро аз соҳибҷашн ба ҳозирин қисса карданд.

Бо вуҷуди он ки Саидризо Ализода дар илму адаби тоҷик саҳми хубе дорад, яъне нахустин муаллифи грамматикаи нави забони тоҷикӣ буда, асарҳои бузургони адабиёти ҷаҳониро ба забони ноби тоҷики тарҷума  кардааст ва дар журналистикаи тоҷик ҷойгоҳи худро дорад, вале дар китоби «Адибони тоҷик», ки соли 2003 дар Душанбе ба нашр расидааст, дар борааш, мутаассифона, маълумотеро пайдо карда наметавонед. Аз ӯ умуман фаромӯш кардаанд.

Муштариёни гиромӣ, шумо дар навори зерин Ҷумҳур Ҷаъфаров, набераи Саидризо Ализода, рӯзноманигори тоҷикро мебинед, ки аз ҳаёти бобои худ Саидризо Ализода чанд лаҳзаи ҷолиберо ёд мекунад. Агар тамошо кунед пушаймон нахоҳед шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi