02:26:08 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО МАВСИМИ НАВРО ТЕАТРИ ҶАВОНОН БО НАМОИШНОМАИ «РУСТАМУ СӮҲРОБ» ОҒОЗ КАРД?

Мавсуми театрии соли 2012-13-и хешро Театри давлатиии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб», ки рӯи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ онро коргардони маъруф Султон Усмонов рӯи саҳна овардааст, оғоз кард.

/images/stories/2012/09/08_1-rustam-va-suhrob-080912.jpgСпектакли мазкурро бори нахуст  Театри ҷавонон соли 2008 дар ҷашнвораи «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш гузошта буд ва он  дар байни 14 давлати иштирокчии ин ҷашнвора соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Иҷрокунандаи нақши Рустам, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбон Собиров,  ҷоизаи «Беҳтарин бозингари нақши мардона»-ро сазовор гашт.

Дирӯз низ Рустами Қурбон Собиров  ва умуман худи намоишнома ба тамошобинони сершумор, ки асосан намояндагони муассисаҳои ҳифзи сиҳати оммаи шаҳри Душанбе буданд, хеле писанд омад. Ҳунарпешаи ҷавон Қамариддин Мирзоев нақши Сӯҳроб, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Нозим Меликов нақши Бормон, ҳунарпешаи ҷавон Моҳпайкар Ёрова нақши Таҳмина, Сӯҳроб Ҷанҷолов нақши Ҳаҷир, Аҳлиддин Ҳасанов нақши Афросиёб, Заррина Бадалова нақши Гурдофарид, Бунёд Комилов нақши Жандаразм, Шервонӣ нақши бачагии Сӯҳроб ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумӯмин Шарифӣ нақши Ровиро дар ин намошинома хеле хуб бозӣ карданд.

Дар ғайби Султон Усмонов, коргардони ин намошнома, ки ду сол боз Тоҷикистонро тарк гуфтаву  дар Алмаато зиндагонӣ мекунад, хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ёрдамчии ӯ дар ин намошнома Абдумӯмин Шарифӣ, пурсон шуд, ки чаро маҳз бо ҳамин намоишнома мавсими навро театр шурӯъ кард. Дар посух Шарифӣ иброз дошт, ки дар нимаи аввали  моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ялтаи Украина ҷашнвораи байналмилалие баргузор мегардад, ки дар он аз 12 кишвари ҷаҳон гурӯҳи ҳанармандони театрӣ ширкат хоҳанд кард.

Азҷумла спектакли «Рустаму Сӯҳроб» низ ба ин ҷашнвора даъват шудааст. Аз ин рӯ мо тамринҳоро барвақтар шурӯъ кардем ва лозим донистем, ки мавсими театрии навро низ бо ҳамин намоишнома оғоз намоем. Вазъи имрӯзаи кишвар низ шояд моро ноайён водор карда бошад, ки маҳз   бо ҳамин намоишнома мавсими театриии навро оғоз кунем. Бо фоҷиаи «Рустаму Сӯҳроб» садо баланд кунем, ки «Ҳой мардум, ҳушёр бошед, ки аз нофаҳмиҳои худамону макру дасисаи душманон падар қотили писар шуданаш мумкин аст!»

«Рустаму Сӯҳроб»-и мо то кунун беш аз панҷоҳ маротиба дар рӯи саҳна ба намоиш гузошта шудааст, гуфт дар сӯҳбат Абдумӯмин Шарифӣ.

Хабарнигори сомона аз ҷараёни ин намошнома чанд лаҳзаеро аккосӣ кардааст, ки ҳамакнун онро шумо аз гӯшаи «Аксҳо»-и сомона дарёфт карда метавонед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi