21:53:19 08-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Таҳқиқ ва ифшои румузи шуаро

Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. – Душанбе: «Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии  Эрон дар Тоҷикистон», 2012. – 476 саҳ.

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ

Робитаҳои адабию фарҳангии тоҷикону эрониёнро дар давоми асрҳои мозиву охир метавон гуфт, ки ҳамеша вуҷуд дошт. Гарчанде дар даврони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шамъи ин равобит чандон дурахшон набошад ҳам, ба куллӣ хомӯш нагашта буд. Дар даврони Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз оғози ифтитоҳёбии сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ин робитаҳо беш аз пеш доман паҳн карданд.

aliasghar-sherdust 16072013Гарчанде дар мамлакатамон то ба имрӯз чандин маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи шуарои муосири Эрон ба табъ расида бошанд ҳам хумори дӯстдорони каломи мавзун то ҳанӯз нашикастааст. Агар ба робитаҳои адабии начандон дури ин сарзаминҳо назар андозем мебинем, ки дар ин самт аз ҷониби аҳли илму адаб гомҳои неке гузошта шудаанд. Чунончи, соли 1973 аз тарафи донишмандон Аълохон Афсаҳзод ва Ҷобул Додалишоҳ (арвоҳашон шод бод!) ба муносибати Анҷумани адибони Осиё ва Африқо дар Олмаото намунаҳои ашъори сиву се тан шоири эронӣ бори аввал дар Тоҷикистон бо номи «Амвоҷи Корун» ба нашр расид, ки дар шиносонидани шеъри муосири Эрон иқдоми хайре ба шумор мерафт.

Баъдтар ин иқдомро С.Мерганов, С.Фатҳуллоев ва Ҷ. Шарифов идома дода, соли 1987 маҷмӯаеро бо унвони «Пайванд» интишор намуданд, ки дар он дар қатори намунаҳои ашъори шоирони кишварҳои ҳамзабон: Афғонистон, Тоҷикистон ва Ҳинду Покистон баргузидаи шеърҳои бисту нӯҳ шоири эронӣ низ ҷойгузин шуда буд. Ҳамчунин хонандаи тоҷик тавассути маҷмӯаи «Баёзи меҳр» («Матбуот, 2006»), ки фарогири шеърҳои шоирони форсизабон мебошад, ба намунаҳои шеъри шоирони имрӯзи Эрон ошноӣ дорад.

Соли 2009 бо кумак ва дастгирии Алиасғари Шеърдӯст китоби муаллифи ин сутур бо номи «Гулистони ғазал» ба табъ расид, ки  дар он ғазалҳои 205 шоири муосири Эрон ҷой дода шуда буд ва китоб аз ҷониби хонандаи тоҷик ҳамовозие гарме ба бор овард.

Инчунин дар Тоҷикистон интишор гардидани маҷмӯаҳои шеърии шоирони эронӣ: Абулқосими Лоҳутӣ, Жола Бадеъ, Маликушшуаро Баҳор (1958), Халили Сомонӣ (1958), Эраҷ Мирзо (1963), Фаррухии Яздӣ (1980), Фурӯғи Фаррухзод (1983), Шаҳриёр (1983), Тарбият Фохир (1985), Парвини Эътисомӣ (1986), Сиёвуши Касроӣ (1988), Ҳазрати Имом Хумайнӣ (1993), Нодири Нодирпур (1995), Сайид Алӣ Мӯсавии Гарморӯдӣ (2002), Алиризои Қазва (2005) ва Сӯҳроби Сипеҳрӣ (2005), Симини Беҳбаҳонӣ (2012), Тоҳираи Саффорзода (2013) дар байни хонандагони тоҷик маҳбубияти зиёде касб кард.

Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз тарафи донишмандони ин кишварҳо як қатор пажӯҳишоте оид ба шеъру шоирӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифтанд, ки дар муносибот ва равобити адабию фарҳангии тоҷикону эрониён иқдоми шоистае ба шумор меравад.

Дар ин самт хидматҳои сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Алиасғари Шеърдӯст хеле арзанда мебошад. Алиасғари Шеърдӯстро хонандаи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабиётшиноси варзида аз солҳои 90-уми асри гузашта хуб мешиносад. Мавсуф солҳои зиёдест, ки ҳамчун пайвандгари дӯстӣ ва робитаҳои илмию адабӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва таҳкимбахшандаи сулҳу дӯстӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон пайваста талош меварзад. Бо кӯмак ва дастгирии эшон китобҳои зиёди адибону олимони Тоҷикистону Эрон дар ин ҷумҳуриҳо ба табъ расидаанд, ки дар бархурди илмиву адабӣ ва фарҳангии мардуми ин ду кишвар кори басо хайре ба ҳисоб меравад.

Алиасғари Шеърдӯст дар ин давра китобҳои зиёде ба монанди «Чашмаи хуршед» (андеша ва зиндагии Мулло Муҳаммади Фузулӣ), «Кимиёи калом» (1347), «Ёди Озарбойҷон» (1371), «Бӯи ҷон» (гузидаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ва Шаҳриёр (1375), «Чашмандози шеъри муосири Тоҷикистон» (1997), «Ёдгори рӯзгор» (2002), «Омӯзиши забони форсӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон», «Маҷлиснишини қудс», «Нақши шоирони Озарбойҷон дар ғинои адаби форсӣ», «Нақши айём» (2009), «Эрон дар шеъри муосири Тоҷикистон» (2011), «Дар мактаби шоирони Озарбойҷон»-ро таълиф намуда, дар робитаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии байни кишварҳои ҳамзабон нақши бузурге гузоштааст.

Соли гузашта «Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон» китоби навбатии Алиасғари Шеърдӯстро бо номи «Шеъри муосири Эрон» дар ҳаҷми 476 саҳифа бо хатти имрӯзаи тоҷикӣ ба  табъ расонид, ки хонандагони тоҷик аз андешаронии густурдаи муаллиф нисбат ба шеъру шуарои муосири Эрон ва аз осори адибони ин сарзамин дар яклухтӣ баҳравар гардиданд.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб таърихи бостонӣ доштани шеъру адаби порсиро зикр намуда, аз «Готҳо»-и китоби муқаддаси «Авасто», нахустин шуарои  форсигӯ, падари шеъри форсӣ – Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар шоирони замони ӯ ёдрас мешавад, ки осори эшон барои шоирони баъдина роҳкушову роҳнамое будаанд.

Дар китоб барҳақ оварда шудааст, ки «дар дунё мо бо камтар адабиёте рӯ ба рӯ ҳастем, ки тулу арз ва умқи он чи аз назари каммӣ (миқдорӣ, Р.Х.) ва чи аз назари кайфӣ (сифатӣ, чи гунагӣ, Р.Х.) битавонад ҳампояи адабиёти мансур ва манзуми Эронзамин ва Хуросони Бузург бошад» (саҳ. 8).

Азбаски китоб мушаххасан дар мавзӯи чигунагии авзои шеъри муосири Эрон бахшида шудааст, бинобар ин муаллиф ба ҷараён ва сабку шеваҳои адабии дигар асрҳо иҷмолан назар карда, бештар рӯи ин масъала нуқтаи назари худро ироа намудааст. Аз ҳамин лиҳоз ӯ замина ва зарурати пайдоиши шеъри даврони Машрутият ва баъди онро мавриди тадқиқ қарор дода, инчунин ба масъалҳои авзоъ ва аҳволи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии он замон низ мухтасаран дахл намудааст. Ӯ дар қисмати аввали китоб дар бораи давлати Қоҷор, инқилоби Машрутият ва шуарои ин давра, авзои адабии даврони Ризошоҳ Паҳлавӣ ва Муҳаммадризо Паҳлавӣ мухтасар маълумот додааст.

Алиасғари Шеърдӯст дар китоби хеш зимни тадқиқ, тарҷумаи ҳол ва порчаҳои ашъори 60 нафар шоирони давраи Машрутият, сулолаи Паҳлавӣ, муосир ва пас аз инқилобро намуна овардааст, ки хонандаи тоҷик ба баъзеи ин шеърҳо бори нахуст рӯ ба рӯ мешавад.

Мавсуф дар қисматҳои «Нигоҳе ба давлати Қоҷор», «Заминаҳои инқилоби Машрутият» ва «Асри Паҳлавӣ» доир ба авзои парешон доштани Эрон  ва бозиҳои сиёсии ҳукуматдорони Қоҷору Паҳлавӣ ва кашмакашҳои дохиливу берунии мардуми Эрон, истеъмори кишварҳои абарқудрат ба монанди Англия, Русия ва Амрико ба хонанда мухтасаран маълумот додааст. Хонанда дар китоб ба номи баъзе фарзандони асил, чеҳраҳои намоёни сиёсиву динии онвақтаи Эрон ва ба ҷонфидоии эшон ба мисли Муҳаммади Мусаддиқ, Оятуллоҳ Кошонӣ, Оятуллоҳ Хумайнӣ, Шайх Муҳаммади Хиёбонӣ ва дигарон ошно мегардад.

Дар мақолаи «Нимнигоҳе ба шеъру шоирони Машрута» муаллиф мунсифона нигоштааст, ки «бинобар зарурати таърихӣ ва иҷтимоӣ шеър аз ҳолати дарборӣ ва мадҳу маддоҳонаи шоҳон ва дарбориён берун омад ва шеъру шуаро ба зиндагии айнӣ ва авзоу аҳволи асафбору ғамбори мардум наздик ва наздиктар шуд ва дар ҳақиқат шеър ойинаи тамомнамои ҷомеа гашт ва шуаро барои огоҳию бедории мардум ва мубориза бо истеъмору давлат бо забоне сода ва ҳатто забони кӯчаву бозор ашъори сиёсиву иҷтимоӣ ва озодихоҳона суруданд ва чандон дар қайди зебоию форм ва сурат ё сохтор мустаҳкам ва мунсаҷим ва зебоишиносонаи шеър набуданд ва муҳтавои шеърашон озодию озодихоҳӣ ва фарёд алайҳи истеъмор ва диктотурӣ ва беадолатии давлат буд» (саҳ. 25).

Чунин вазъият аз як тараф ва аз сӯи дигар ошноӣ ба адабиёти Туркияи усмонӣ ва Аврупо дар шеъри шоирони ин давра бетаъсир намонд. Баъзе шоирон барои ифодаи эҳсоси исёнгароёнаи худ маҷбур буданд, ки дар баробари қолаб ва сохторҳои шеъри суннатӣ ё бо сабки омиёнаву сода ва ё аз шакли дигари шеърии озодтаре бидуни қонуниятҳои арӯзӣ истифода намоянд. Бо вуҷуди навпардозӣ дар шаклу сохт ва мавзую муҳтаво шоироне чун Адиби Нишопурӣ, Адиби Пешоварӣ, Сафои Исфаҳонӣ, Шӯридаи Шерозӣ, Ибрати Нойибӣ ва дигарон «бе таваҷҷуҳ ба масоили иҷтимоию сиёсӣ ва шароити ошубзадаи ҷомеа ҳамчунон шеваи деринаи классик ва маҳофими такрории онро дар шеър идома доданд» (саҳ. 26).

Ҳамчунин маълум мегардад, ки иддаи дигари шоирони давраи Машрутият ба монанди Мирзода Ишқӣ, Орифи Қазвинӣ, Маликушшуаро Баҳор, Фаррухии Яздӣ, Алиакбари Деҳхудо, Эраҷ Мирзо, Сайид Ашрафи Гелонӣ ба авзои замон рӯ оварда, афкори мазомини таҷадудгароёна ва рӯҳи исёндоштаи худро бо забони сода дар шеърҳояшон ҷой додаанд.

Доир ба пайдоиши шеъри нав муаллиф нигоштааст, ки «Нимо бо баҳрагирӣ аз суннату модернизм ва адабиёти классику мутолиоте, ки дар заминаи шеъри Араб ва адабиёти Ғарб дошт, тавонист роҳнамо ва роҳгушоии сабке бо номи «шеъри нав бошад» (саҳ. 27).

Ҳамчунин хонанда дармеёбад, ки дар фосилаи солҳои 1942 – 1979  шеъру шоирӣ дар Эрон бо ҷӯшу хурӯш эҷод мешуд ва адибону муҳақиқон дар баробари шеъри суннатӣ бо тарзи нимоӣ низ шеър гуфтаанд. Дар ин давра, достонсароӣ, тарҷумаи осори адибони Ғарб ва тадқиқу таҳқиқи адабӣ, инчунин нақди адабӣ низ ба миён омадааст.

Аз гуфтаи муаллиф бармеояд, ки дар давраи Муҳаммадризои Паҳлавӣ назар ба замони Ризошоҳ барои эҷоди осори манзуму мансур, ашъори иҷтимоию муқовиматӣ шароити хубтаре фароҳамтар гашта, достоннависию тарҷума таҳти таъсири фарҳанг ва фалсафаи Ғарб дар ривоҷ будааст. Махсусан шеъри нав, ки бо номи Нимо Юшиҷ вобаста аст, дар ин давра тарафдорону пайравони зиёде касб кард ва Нимо худ ин равандро пай бурда гуфтааст: «Ман мисли рӯдхонае ҳастам, ки ҳар кас метавонад аз ҳар ҷойи он ки хост, бе сару садо об бидорад» (саҳ. 30).

Ҳамчунин хонанда дармеёбад, ки дар ин давра дар қатори ривоҷи шеъри нав ва шохаҳои он, инчунин як идда шоирон ба монанди Амирии Фирӯзкӯҳӣ, Меҳрдоди Авасто, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр, Пажмони Бахтёрӣ, Меҳдии Ҳамидӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Раъдии Озарахшӣ, Лутфалии Суратгар, Имоди Хуросонӣ, Бадеуззамони Фурӯзонфар, Аҳмад Гулчини Маонӣ, Мушфиқи Кошонӣ, Ҷалоли Ҳумоӣ, Ҳабиби Яғмоӣ, Алии Сидорат (Насим), Аҳмад Алии Риҷоии Хуросонӣ, Иброҳим Саҳбо, Абдулваҳҳоб Нуронии Висол, Муайяди Собитӣ, Маҳмуди Фаррух, Адиби Баруманд, Фаридуни Таваллулӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Ҳусайни Мунзавӣ, Нодири Нодирпур,  Раҳии Муаййирӣ, Фаридун Муширӣ, Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя), Мафтуни Аминӣ, Ҷавоҳирии Ваҷдӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Фарҳоди Аштарӣ, Муҳаммади Қаҳрамон, Ниёзи Кирмонӣ, Абдулҳасани Варзӣ, М. Умед (Ахавони Солис), Нузари Паранг, Парвини Давлатободӣ, Жолаи Исфаҳонӣ, Сапедаи Кошонӣ ва ғайра дар сурудани ғазал  низ саҳми босазое гузоштаанд.

Дар чунин вазъияти бисёр ҳассоси замон бо роҳбарии Ҷалол Оли Аҳмад ва як идда шоирони ватандӯст бар замми мухолифатҳои роҳбарони вақт соли 1968 Конуни нависандагони Эрон таъсис меёбад, ки ин барои офаридани шеърҳои сиёсиву инқилобӣ бештар шароит фароҳам меоварад.

А. Шеърдӯст дар ин қисмат зикр намудааст, ки «баъд аз инқилоби исломӣ ва шуруи ҷанги таҳмилӣ вазъи шеъру шоирӣ ба гунае дигар гашт ва чеҳраҳои тозае по ба майдони шеър гузоштанд ва ашъори мазҳабию инқилобӣ ва зиддиистеъморӣ ва миллию меҳанӣ ва ба вежа ашъоре, ки дар иртибот бо ҷанги таҳмилӣ буд, боби дигаре аз шеърро ба рӯи шоирони мутааҳҳид ва инқилобию меҳанпараст кушод (саҳ. 37).

Дар қисматҳои дигари китоб маълумотномаи мухтасар дар бораи шоирони муосири Эрон, номгӯи осор, таҳқиқи порчаҳои шеърӣ ва намунаи ашъори  онҳо оварда шудааст. Масалан, муаллиф дар бораи Нимо Юшиҷ, ки бо эҷоди шеърҳои «Қиссаи рангпарида» (1921) ва «Афсона» (1922) бунёдгузори шеъри нави форсӣ гардид, чунин гуфтааст:

«Нахустин таҷоруби шоиронаи Нимо шомили қасоиду рубоиёти хуросонӣ буд, ки ғолибан маҳсули муоширати ӯ бо шоироне суннатгаро монанди Низом Вафо, Маликушшуаро, Алиасғари Ҳикмат  ва ғайра буд, аммо пас аз ошноӣ бо забону адабиёти Фаронса ва Аврупо уфуқи тозае ба рӯи зеҳну замири шоиронаи ӯ кушода шуд ва мубашширу бунёнгузори шева ва шинохте нав дар густариши шеъри нави форсӣ шуд» (саҳ. 92).

Ҳамчунин аз китоб дармеёбем, ки баъдан дар асоси «батну матни шеъри нави нимоӣ» аз ҷониби як қатор шоирони эҷодкору навпардоз ба монанди Ахавони Солис, Фурӯғи Фаррухзод, Суҳроби Сипеҳрӣ, Аҳмади Шомлу, Оташӣ, Таваллулӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Фаридун Муширӣ, Нодири Нодирпур, Шафеии Кадканӣ ва ғайра роҳу равишҳои тозае ба монанди «шеъри сапеди Шомлу», «мавҷи ноб», «шеъри ҳаҷм»  ва ғайра офарида шудаанд.

Аз навиштаи муҳақкиқ маълум мегардад, ки Аҳмади Шомлу, ки мухтареи шеъри модерн, шеъри сапед ё худ асосгузори шеъри мансури Эрон ба шумор меравад, аввалин шоирест, ки ба шеъри нимоӣ тағйироту дигаргуниҳои аҷибе ворид намуда, шеъри форсиро ба шеъри ҷаҳонӣ пайвастааст.

Мутолиаи китоб аён месозад, ки Алиасғари Шеърдӯст ҳамчун муҳаққиқи сермутолиа ва донандаи хуби равандҳои адабии Эрон зимни баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ашъори шуаро мунсифона баҳогузорӣ карда, ҳар як матлаби ироакардаашро дар муқоиса бо сурудаҳои дигар адибон иброз дошта, дар ҳаққи шоире на ба ифроту тафрит роҳ дода ва на аз ҳусну қубҳи осори эшон сарфи назар кардааст. Шеърдӯст дар интихоби порчаҳои шеърӣ низ гавҳаршиносӣ зоҳир карда, ҳамонҳоеро баргузида ва мавриди таҳил қарор додааст, ки аз беҳтарин ва номитарин офаридаҳои шуароанд. Таълифи чунин китоби бузургҳаҷм аз муаллиф вақти зиёду пушти кор ва дақиқназариву таҳаммулпазириро тақозо мекунад ва худ истифодаи 134 маъхазии истифодашудаи охири китоб гувоҳи он аст, ки доираи мутолиоти муҳаққиқ хеле густурдаву доманадор мебошад.

Муаллиф дар китоб шоиронро бо як тартиби муайян ҷойгузин намуда, ҳамзамон осори эшонро низ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор додааст, ки ин тарзи корбандӣ равандҳои адабӣ, ташаккулу такомули шеъри имрӯзи Эронро ба хонанда чун ойина равшан месозад. Ҳамчунин муаллиф дар поварақи китоб калимаву вожаҳои мушкилфаҳмро шарҳу тавзеҳ додааст, ки ин барои дарки беҳтари мафҳумҳо ба хонанда кумак хоҳад кард.

Яке аз вижагиҳои хоси пажӯҳиши муаллиф дар он зоҳир мегардад, ки ӯ зимни тадқиқ ва баррасии ашъори шуаро аз гуфтаҳои худи шоирон ва ё аз ҳамасрону муҳаққиқони осори онҳо низ мисолҳо меоварад, ки ин шеваи кор барои адабпажӯҳону шеършиносон бобати амиқтару беҳтар дарк намудани ҳисс ва андешаи шоир аз аҳамият холӣ нест. Аз гуфтаи муаллиф ва мероси бозмондаи шурои муосири Эрон бармеояд, ки аксарияти ин суханварон дар оғоз шеъри қудаморо пайравӣ карда, баъдан бо ошноӣ пайдо кардан ба шеъри нимоӣ ва ашъори шоирони навгаро ба офаридани шеъри сафед низ пардохтаанд.

Дар қисмати «Шеъри суннатӣ дар даврони муосир» ашъори шоироне мавриди таҳлил қарор гирифтаанд, ки дар қолабҳои шеъри куҳани форсӣ офарида шудаанд. Муаллиф зимни таҳлили осори шуарои суннатгаро онҳоро асосан ба ду даста ҷудо намудааст, ки яке эҷодкорони одӣ ва дигаре равшанфикрону удабои донишгоҳие, ки ба таҳқиқи осори гузаштагон машғул мебошанд.

Муаллиф дар қисмати охири китоб эҷодиёти адибони пас аз инқилобро ба се бахш тақсим намуда, мазмуну муҳтаво ва сабки нигориши онҳоро баён намуда, бар хилофи бахшҳои дигар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти баъзе шоирон маълумот надода, бо овардани намунаҳои шеърии онҳо иктифо варзидааст.

Ба хотири он, ки навиштаи банда дар назари хонанда сирф аз мадҳномае иборат набудан бар худ воҷиб донистам, ки чанд маслиҳатеро, ки дар аснои мутолиаи китоб ба миён омад, ҷиҳати дар нашрҳои оянда рафъ намудан зикр намоям.

Бояд хотиррасон кард, ки доктор Ғуломҳусайни Юсуфӣ дар мақолаи «Шеъри Эронгири Эраҷ Мирзо» аз вижагиҳои шеъри «Қалби модар»-и ӯ сухан ронда, дар зимн аз Қамарулмулки Вазирӣ ном сарояндазани эронӣ ёдрас мешавад: «Қитъаи «Қалби модар»-ро Эраҷ ба манзури ширкат дар  мусобиқае, ки маҷаллаи «Эроншаҳр» (чопи Берлин) матраҳ карда буд, сурудааст. Дар ин маҷалла қитъае аз забони олмонӣ тарҷума шуда ва аз шоирони Эрон хоста шуда буд, ки онро ба шеъри форсӣ дароваранд. Дар ин мусобиқа Эраҷ аз дигар шоирон беҳтар суруд ва қитъаи «Қалби модар»-и вай чандон шӯҳрат ёфт, ки дар сафаҳоти громофон (бо овози Қамарулмулки Вазирӣ) сабт шуд ва ба ҷузъи шоҳкориҳои адабӣ даромад» («Сафина» № 1, 2006).

Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки шоирони забардасти Эрон ба монанди Эраҷ Мирзо ва Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр аз ғояти мухлису ҳаводори овози ӯ будан ба васфаш шеърҳои ҷудогонае низ суруда будаанд. Махсусан, ғазали Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр «Имшаб Қамар ин ҷост» дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон хеле маълуму машҳур аст ва аз забони сарояндагони ин кишварҳо бисёр садо медиҳад.

Муаллиф дар китоб ҳамон ғазали Шаҳриёрро, ки «Як шаб бо Қамар» ном дорад намуна оварда, калимаи «Қамар»-ро, ки исми сарояндазани машҳури эронӣ Қамарулмулки Вазирист бо ҳарфи хурд нигоштааст, ки ин дар зеҳни хонанда на ишора ба сароянда, балки ба маънои луғавии он кор фармуда шудани ин вожаро мефаҳмонад.

Мавсуф зимни баррасӣ аз эҷодиёти Шаҳриёр 29 ва аз Лоҳутӣ 12 ғазалро намуна меорад. Бояд қайд кард, ки девони ғазалиёти Лоҳутӣ ва Шаҳриёр дар Тоҷикистон борҳо такроран чоп шудаанд, инчунин намунаҳои ғазалиёти эшон дар маҷмӯаҳои дастаҷамӣ фаровон ба табъ расидаанд, бинобар ин хуб мебуд, ки дар китоб аз осори Лоҳутиву Шаҳриёр камтар ва баръакс аз шуарои дар Тоҷикистон чандон маъруфият надошта намунаҳои ашъор бештар оварда мешуд.

Дар овардани шеърҳои китоб бар замми рух додани хатоҳои техникӣ, инчунин ҳангоми веросторӣ калимаҳои мураккабро  гоҳ якҷо, гоҳе ҷудо навиштаанд ва ҳарфи изофати «и»-ро, ки он дар хатти форсӣ навишта намешавад, баъзан бемавқеъ илова ва аксаран овардани он сарфи назар шудааст, ки дар натиҷа мазмуни абёт коҳиш ёфтаанд. Ҳамчунин дар китоб номҳои шоирон Мирзода Ишқӣ ба гунаи «Мирзода Ошиқӣ» (саҳ. 27) ва Шомлу ва Сипеҳрӣ дар якҷоягӣ ба тарзи «Шомлуи Сипеҳрӣ» (31) омадааст.

Дар порчаи шеърии иқтибосшудаи Абдулмамолики Фароҳонӣ (Амирӣ) калимаи «каламан» дар шакли «калман» (саҳ. 38) ва дар шеъри «Инқилоби адабӣ»-и Эраҷ Мирзо ба ҷои калимаҳои «маҳкам» ва «додам» вожаҳои «маҳкум» ва «дорам» оварда шуда, қофияи байтҳо вайрон гардидаанд:

Инқилоби адабӣ маҳкум шуд (?),

Форсӣ бо арабӣ тавъам шуд…

Ҳама гӯянд, ки ман устодам,

Дар сухан доди таҷаддуд дорам (?) (саҳ. 52).

Дар байти дуюми ғазали «Ҷанг»-и Фаррухии Яздӣ калимаи «нашавад» дар шакли «нашуд» ва вожаи «дил» бидуни изофат веросторӣ шудааст:

Дар баҳорон гули ин боғ зи ғам во нашуд (?),

Ғунча то фасли хазон бо дил(?) танг аст ин ҷо (саҳ. 69).

Мебоист, ки дар шеъри «Муноҷот»-и Сайид Ашрафиддини Гелонӣ калимаҳои «паҳлавонаш» ва «шуҷоъву» дар гунаи «паҳлавононаш» ва «шуҷоу» меомад:

Подшоҳонаш ҳама бо шавкату бо зӯр буд,

Паҳлавонаш (?) шуҷоъву (?) пурдилу мағрур буд (саҳ.75).

Ҳангоми веростории ғазали «Булбулу парвона»-и Лоҳутӣ низ ба ҷои «ғамам» калимаи «ғам» омадааст:

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,

Ғамро (?) булбуле, к-овора шуд аз лона медонад (саҳ. 82).

Фурӯғи Фаррухзод дар пайравии ғазали Соя бо номи «Фурӯғи ту» ғазале суруда, вале веростори китоб тахаллуси шоир (Соя)-ро дар хотима бо ҳарфи хурд нигоштааст (саҳ. 155).

Аз ғазали мустазоди Сайид Ашрафиддини Гелонӣ мисраи 12-ум (саҳ. 71) ва аз мисраи 21 шеъри «Аз даруни шаб»-и Нодири Нодирпур калимаи «дар»  (саҳ. 191) афтодааст. Ҳамчунин ҳангоми веросторӣ дар байти зерини Меҳрдоди Авасто аз рӯи фиреби назар ба ҷои калимаи «сару» вожаи «сарв»  ва вергул ноҷо омадаааст:

Хаёли гардиши чашми ту буд дар сарв (?), (?) мардум

Дар ин хаёл, ки ман сархушам зи бодаву мастам (саҳ.374).

Дар мисраи аввали шеъри «Орзу»-и Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ қофияи шеър талаб мекунад, ки ба ҷои калимаи  «ҷӯи» вожаи «ҷӯёи» оварда шавад:

Ба ҷон ҷӯшам, ки ҷӯи (?) ту бошам,

Хасе бар мавҷи дарёи ту бошам (саҳ. 320).

Ҳар он чизе, ки дар ин мухтасар ироа шуд сирф аз рӯи ихлосу эҳтироме, ки нисбат ба муаллиф доштам иброз намудам ва боварӣ дорам, ки эшон пешниҳодҳои фавқуззикри бандаро ҳамчун маслиҳати дӯстона қабул хоҳад кард.

Бузурге дар ин боб хеле хуб ҳам фармудааст:

Ҳар он ки айби туро пеши чашм бингорад,

Бибӯс дидаи ӯро, ки бар ту ҳақ дорад.

Бо вуҷуди роҳ ёфтани хатоҳои ҷузъии техникӣ китоби «Шеъри муосири Эрон» дар баррасӣ ва муаррифии шуарои муосири ин сарзамин барои хонандаи тоҷик беҳтарин асари тадқиқотӣ ба шумор меравад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi