05:35:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳаммадҷон Шодиев: "Муҳаббат" муҳаббатро ба театр меафзояд"

Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Аулқосим Лоҳутӣ рӯзҳои наздик намоиши наверо бо номи "Муҳаббат" пешкаши тамошобин мегардонад. Барои огоҳии бештар ёфтан перомуни ин намоиш ва мавзуву ҳадафи он хабарнигори "Рӯзгор" бо коргардони ва иҷрокунандаи яке аз нақшҳои марказии ин спектакл, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Муаллифи намоиши "Муҳаббат" кист?

1.muhammadjon shodiev 13-Ин асар асари Шарофиддин Сайфиддинов ва бародарашон Муҳиддин Сайфиддинов аст. Номи аслии асар "Ҳусни ҷаҳоноро" буд. Ин асарро аввал дар театр хонданду қабул накарданд. Дар ҳақиқат, асар тақрибан 40-сол пеш аз ин навишта шуда, тарзи бандубасту масъалагузорӣ ва конфликтҳояш ҳам он қадар равшан набуд. Аз ҳамин сабаб на танҳо дар театри мо,балки дар театрҳои дигар ҳам асар қабул нашуда буд. Ва мо ба он тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид намуда, масъалаҳои мубрами имрӯзро ворид намудему ба саҳна гузоштем. 

-Чаро? Чаро маҳз ҳамин асарро хостед ба саҳна гузоред?

ӯзе бо Тӯрахон Аҳмадхонов, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудаму он кас гуфтанд, ки ман дар хонаи Шарофиддин Сайфиддинов будам. Хоҳиш намуданд, ки песаи "Хусни ҷаҳоноро"-ро ба саҳна гузорам. Шароити зиндагияшонро дидам ва дилам ба он кас сӯхт. Шарофиддин Сайфиддинов барои рушди санъати мусиқии тоҷик хидмати бузург кардаанд.

Не гуфта натавонистам. Аҳмадхонов инро гуфта, таклиф намдуанд, ки биё, орзуи ҳамин касро амалӣ намуда, эшонро хурсанд намоем. Ман ҳам ба таклифи Аҳмадхонов розӣ шудам. Аҳмадхонов гуфтанд, ки ман ба Вазорат муроҷиат мекунам, онҳо аз ҷиҳати маблағ кӯмак мекунанд. Баъд ман ҳам асарро хонда баромадам, асар суст буд. Ману Тӯрахон Аҳмадхонов корро рӯйи ин асар оғоз кардем. Маъмурияти театр ҳам ин иқдоми моро дастгирӣ кард. Хато намешавад, агар гӯем, ки навад дарсади асарро комилан тағйир додем.

Хуллас, як чизи нав сохтем ва аз чизи сохтаамон қаноатманд ҳам шудем. Ҳунармандони ҷавонро ба ин спектакл ҷалб намудем. Ҳамчунин, ҳунармандони варзида ҳам амсоли Марям Исоева, Бобоҷон Ҳасанов, Саврӣ Сабзалиева дар ин намоиш нақш офариданд. Ҳамин тавр кор рӯйи ин асар чанд моҳ идома ёфт ва ахиран онро ба Шӯрои бадеии театр пешниҳод намудем. Шӯрои бадеӣ ҳам кори моро мақбул донист. Комиссияи Вазорати фарҳанг ҳам кори моро писандиданд. Рӯзҳои наздик ин асарро ба тамошобин пешниҳод менамоем.

-Мавзӯи ин намоиш чӣ гуна аст ва он оё дархӯри завқи тамошоини имрӯз аст?

ӣ тавре, ки дар боло гуфтам номи аслии асар "Ҳусни ҷаҳоноро" буд ва он чизеро, ки мо мехостем, ифода карда наметавонист. Мо номи "Муҳаббат"-ро аз номи суруди машҳури устод Шарофиддин Сайфиддинов гирифтем. Ва дар тамоми рафти асар ана ҳамин мавзӯи муҳаббат ҳамчун хати асосии сужа меравад. Дар инҷо муҳаббат танҳо муҳаббати байни инсонҳо не, балки муҳаббат нисбат ба Ватан, меҳнат, ободкорӣ, зебоипарастӣ, муҳаббат нисат ба зиндагӣ аст. Гумон мекунам ин мавзуъ баҳри тамошобин бисёр ҷолиб аст ва инчунин тарбияткунандаву муфид. Зеро инсон то дар зиндагӣ ба чизеву касбе меҳр надошта бошад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад.

Чизи дигаре, ки мо муҳим шуморидем ва дар асар ин мавзӯъро инкишоф додем, ин нақши ҷавонон дар зиндагӣ аст. Зеро ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи бузурганд ва танҳо бо қувваи ҷавононе, ки бо нигоҳи тоза ба зиндагӣ назар мекунанд, метавон ба пешрафт даст ёфт. Дар "Муҳаббат" саҳнаҳое ҳастанд, ки кас рӯшан мебинад, ки чӣ қадар ҷавонони мо меҳнатдӯст ҳастанд, чӣ қадар касбашонро дӯст медоранд. Меҳнатро барои худашон шараф меҳисобанду ба оянда бовар доранд. Ва албатта ин нерӯи пешбаранда низ ба муқовимат дучор меояд. Дар асар ҳам ана ҳамин монеаҳое, ки то андозае ба ҷавонон халал мерасонад, ҷой дода шудаанд. 

-Шумо дар мавриди ҷой доштани мушкилоти ҷавонон дар ин спектакл гуфтед. Шояд ин намоиш ба тамошобини ҷавон ҳам писанд ояд?

-Яке аз сабабҳои ба ин асар даст задани мо ҳам ҷалби тамошобин ҷавон ба театр буд. Чунки чизи аслии ин асар пеш аз ҳама худи сурудҳои Шарофиддин Сайфиддинов аст. Сурудҳое, ки дар замонаш ба ҷавонҳо руҳияи тоза мебахшид, бузургии муҳаббатро талқин мекард. Аз ин рӯ вуҷуд доштани ин гуна сурудҳо намоишро хеле рангин мекунад ва дар ҳар сурат диққати тамошобинро ба худ мекашад. Мо як чизи дигарро ба инобат гирифтем, ки ана ҳамин зиндагии зебое, ки дар ин намоиш ҳаст, ногузир таъсири худро ба бинанда мегузорад.

Ҳамчунин дар ин намоиш рақсҳои зебо, бадеҳаҳои хуб ҳастанд, ки ин намоишро диданӣ кардаанд. Аз таассуроти чандин нафаре, ки ин спектаклро тамошо карданд, мо эҳсос кардем, ки ба ҳадафи худ расидем. Онҳо гуфтанд, ки бояд ҳамин гуна намоишҳо дар театр зиёд бошанд. Дуруст ҳам мегӯянд, чунки мо дар театр бештар ба он асарҳое сарукор мегирем, ки дар онҳо мушкилоти бисёр ва фоҷеаҳои даҳшатноку андешаву суханҳои фалсафӣ зиёданд ва ин мавзуъҳо то андозае аз доираи қобилияти дарки тамошобин берун мемонанду тамошобин аз онҳо чизе намебардорад. Тамошобин ба театр ба хотири он меояд, ки зебоиро бинад, руҳан роҳат кунад.

-Чун мегӯянд ҷавонҳои мо зоҳирпараст шудаанду ба зоҳири воқеот бештар таваҷҷуҳ мекунанд, шояд ин мавзӯи интихонамудаи шумо барояшон ҷолиб ҳам бошад….

2.muhammadjon shodiev 13-Мақсади Шуморо фаҳмидам. Аммо гумон накунед, ки ин асар танҳо барои истироҳат аст. Онҷо саҳнаҳое ҳастанд, ки мо бисёр масоили муҳими кори хоҷагидорӣ, мушкилоти ҷавонон ва дар умум масъулияти инсонро назди ҷамъият ҷой додаем. Масалан, дар саҳнаи баҳси ҷонишини раиси хоҷагӣ бо раис хоҳед дид, ки онҳо атрофи чӣ мушкилот ҳарф мезананд ва то чӣ андоза ноҳақ будани ҳамдигарро бо далелҳо исбот мекунанд.

-Рисолати театрро дар замони имрӯз дар чӣ мебинед? 

-Рисолати театр инсонҳоро тарбия кардан, дили онҳоро ба зиндагӣ гарм кардан, покиро дар вуҷуди онҳо бедор кардан …

-Дар театрҳои мо ҳини таҳияи намоишҳо пешорӯи таҳиягар ё коргардону ҳунармандон мушкили камбуди маблағ ҳам сар мезанад ё…

- Нақл мекарданд, ки дар замони Шӯравӣ саҳнаҳо чунон зебо оро дода мешуд, ки худи ороишаш бинандаро мафтун мекард. Барои ин дар он вақт маблағҳои ҷудомешуда кофӣ буданд. Ҳозир маблағҳое, ки барои таҳияи намоишҳо ҷудо мешаванд, ночизанд. Бо ин маблағ дар саҳна чизи барои тамошобин диққатҷалбкунандаро сохтан ғайриимкон аст ва аз ин рӯ коргардонҳо маҷбур мешаванд, ки ба тарзи рамзӣ, бо матоҳои арзон саҳнаро ороянд. Ин албатта ҳусни намоишро мекоҳонаду барои тамошобин хандаовар аст. Боз мегӯям, ки мутаассифона, камбуди маблағ ба сифати таҳияи намоишҳо таъсири манфии худро мерасонад.

-Шумо ҳунарманди машҳур ҳастед, оё боре шудааст, ки як мухлиси театр назди Шумо ё худ ягон ҳунарманд ё коргардони театри Лоҳутӣ  омада гуфта бошад, ки ман сармоядор ҳастам ва ҳунари шумо ба ман писанд омаду ман омодаам, ки дар таҳияи спектаклҳои нав театри шуморо дастгирӣ кунам.

-Аз рӯзе, ки ман дар театр ҳастам, ин воқеа ягон бор иттифоқ науфтодааст. Мутаассифона, сарватмандони мо театрдӯстдор нестанд.

-Шояд тақсир дар ҳунармандони мо бошад, ки нафарони сармоядорро бо ҳунари худ мафтун карда натавонистаанд…

-Сарватманде, ки ягон бор ба театр наояд ва ҳунармандро ҳамчун масхарабоз шиносад, оне ки танҳо аз паси сарват аст, чӣ гуна аз ҳунари актёрон хабардор мешавад. Лекин сарватмандон наоянд ҳам , мардуми одӣ омада моро бо кафкӯбиҳояшон, бо суханҳояшон ба кор дилгарм мекунанд. Шояд ана ҳамин дилгармист, ки мо то ҳанӯз дар театр кор мекунем

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Чандин сол аст, ки ин орзу ё ин мақсадро дар дил дорам. Мехохам моноспектакле аз руйи ашъори устод Лоиқ таҳия намоям. Медонед, сабаби зуҳури ин орзу дар қалби ман дар чист? - аксари дӯстдоронам. аксари онҳое ки маро мешиносанд, хамеша ба ман мегӯянд, ки истеъдоди хуби шеър хондану то қалби шунаванда расонидани шеърро дорӣ. Барои чӣ коре накунӣ, ки тамоми паҳлуҳои ин ҳунаратро пешорӯйи тамошобин боз намоӣ. Хуллас, ҳамин гуна орзу дорам дар дил. Аммо намедонам, кай ба анҷоми он даст меёбам.

-Аз касбатон розӣ хастед?

-Бале, розӣ намебудам, аз театр мерафтам.

-Мехоҳед сарвари театр бошед?

-Не

-Чаро?

-Ин гуна истеъдодро надорам. Аз ин рӯ намехоҳам ба ризқи дигарон зомин бошам.

-Хуб, ташаккур барои суҳбат. Умед мебандем, ки "Муҳаббат" писанди хотири тамошобин гардад ва мо ҳарчӣ зудтар моноспектакли Шуморо бубинем.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев аз соли 1984-ум то имрӯз дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ дар театр беш аз 50 нақш офарида, дар байни мухлисони ҳунар шинохтаву маҳбуб гардидааст. Нақшҳои саҳнавиаш: Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Тибалт аз "Ромео ва Чулетто" ва даҳҳои дигар нақшҳое мебошанд, ки бо маҳорати баланди касбӣ офарида шуда, аз ҷониби театршиносон баҳои баланд гирифтаанд. Нақшҳои синамоияш: Анор аз "Парвози занбӯр"- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз "Муҳоҷир"- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз "Маҳдӣ", Устод аз "Шамсиддини Шоҳин", Озар аз "Муҳити 44-46", Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар" ва ғайра. Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi