18:53:58 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Баъди дидори Фарзона дарёфтам, ки бе шеър буда наметавонам»

Як ғазали тозаи Озарахш, ки онро шоир бо соядаст ба хонандагони «Рӯзгор » тақдим кард.

«Саломе чу бӯи хуши ошноӣ,

Ба ин мардуми дида бар рӯшноӣ… 

яъне ба хонандагони азизи «Рӯзгор».

***

Бахти ойина надорам, ки таманно кунамат,

Рӯ ба рӯям бинишиниву тамошо кунамат

Дасти кӯтоҳи ману домани барчидаи бахт,

Натавонам нафасе дар назаре ҷо кунамат

Мисли ҷон омадану рафтани ту пинҳонист,

Ба чи савдо хабаре ёбаму пайдо кунамат?

Сурати чашма наям, ҷӯй наям, рӯд наям,

Ки дар оғӯш кашам, вусъати дарё кунамат

Мон, ки монанди насиме бивазам боғ ба боғ,

Беҳтарин замзама дар маҳфили гулҳо кунамат

Ту маро маърифати ишқ сурудан омӯз,

Ман аз ин роз ба он роз муҷалло кунамат

Озарахшона ба номат бизанам сози дигар,

Матлаи як ғазали тозаву зебо кунамат

-Устод, шумо дар як шеъратон гуфтаед, ки:

-Он рӯзгори хуб,

Ман хобҳои пучи сиёсӣ намедидам,

Ва ғамҳои фачи иқтисодӣ намехӯрдам…

Инҷо манзури Шумо кадом давра аст?

1.ozarakhsh 2013-Адабиёт таърихи рӯзгори башарро тафсир мекунад, «Он рӯзгори нағз», ки шумо зикр кардед, айёми кӯдакист, ки аз сари мо содаву покизаву бе фикри иҷтимову андешаҳои дигар гузаштааст. Зарафшон, хонаводаи омӯзгор, зиндагии шокир, канори волидон, бародару хоҳарон, ҳавлие, ки ҳар рӯзу шаб саршори суруду тарона аст, садое, ки ҳамсоягонро нороҳат намекунад ва гуруҳе аз онҳо дар соатҳои муайян пушти девору дарахтон ҷамъ меоянд, то оҳанг шунаванд… Ёдаш ба хайр!

-Имрӯз Озарахш чи гуна ба сар мебарад?

-Сипоси Худованд, имрӯз он лаҳзаҳоро дар муҳити дигар, дар шаҳри Хуҷанд, боз ҳам дар оилаи фарҳангӣ, канори азизону пайвандон фарзандони мо ба сар мебаранд. Гоҳо мехоҳам Ҳумоюнҷонро, ки барои хоҳараш Шаҳнавоз бо тамоми овоз аввалин сурудҳояшро месарояд, бигӯям, « пасттар бихон …ҳамсояҳо…» Аммо дилам намешавад… Шукр, ҳамсояҳои хуб ҳам дорем.

Намедонам, чаро вақтҳои охир ҳар кас аз ҳолу аҳволи имрӯзам бипурсад, ҳарфи Суҳроби Сипеҳриро мехоҳам бигӯям:

Зиндагиям хуб аст,

Тиканоне дорам…

Ва ҳатман ин мисраъро ҳам:

ӯстоне дорам, чун оби равон…

Ин қадар шукр, ин қадар давлату сарвате, ки дар ин вожаҳои содаву самимӣ Сипеҳрӣ дорад…Шояд шеъри «Доро»- ро, ки ҳама тарҷумаиҳолияш меноманд, дар ҳамин ҳолу ҳаво суруда бошам:

Ман ғами кафш надорам,

Кафшам аз обилаҳост.

Раҳ ба раҳ нав ба наваш пои маро мекобад,

Раҳ ба раҳ нав ба наваш пои маро меёбад…

Падарам чӯпон буд,

Ки паи чӯпонӣ

Бе ягон мадрасае олим шуд.

Ман басо мадрасаҳоро гаштам,

Лек олим нашудам,

Ман пас аз мадраса чӯпон гаштам…

-Бо хонум Фарзона зери як сақф зиндагӣ кардан ба кори эҷоди Озарахш таъсиргузор аст ё на???

- Фарзона аз нодиртарин шоирони муосири мост. Аз бузургтарин модар ва тарбиятгари аҳли оила низ. Зану мард дар зиндагӣ якдигарро комил месозанд. Дар шеъру шоирӣ низ ба қавли Мавло «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд», аммо ҷодаи эҷод роҳ, равиш, ҷустуҷӯ, таҷриба ва дарёфтҳои хосаро талаб менамояд.

-Хонанда зиёд донистан мехоҳад, ки Озарахш пеш аз дидор бо Фарзона ба шеър гуфтан пардохта буд, ё дидори хонум Фарзона ӯро шоир кард???

2.ozarakhsh 2013-Ман шеъргӯиро кӯдакона, аз тифлӣ оғоз намудаам. Падарам, ки нахустустод ва хонандаи офаридаҳои мананд, ҳоло ҳам шеър мегӯянд. Айёми донишҷӯӣ аввалин шеърам бо ҳидояти устодон Лоиқ ва Гулназар дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бо номи « Беди Маҷнун», баъдтар чаҳор шеър бо интихоби устод Бозор Собир дар ҳафтаномаи « Адабиёт ва санъат» нашр ёфтааст. Баъди бо Фарзона рӯ ба рӯ омадан дарёфтам, ки бе шеър зиндагӣ карда наметавонам. Ҳарчанд бештари дӯстонам маслиҳат медоданд, ки «беҳтараш овозхон шав».

-Аввалин хонандаи шеърҳои Шумо кӣ аст?

-Нахустин бор, яъне такроран худам мебинам. Маъқултаринашро ба ҳамсарам мехонам, ё ба падар мефиристам, гоҳо ба аввалин дӯстам, ки ошиқи шеър асту телефон мекунад, мехонам. Аз саҳифаҳои роёна фарзандонам огоҳ мешаванд. Бисёр вақт хонандагони ягон рӯзномаву маҷалла ва ҳатто китоб хонандаи нахустини ашъор мешаванд.

-Шумо дар китоби «Намози мусофир » аз кабӯтарҳо мепурсед, ки «дар андешаи мурғона маънои паридан чист?» Дар андешаи Озарахш шеър гуфтан чи бошад?

- Агар кабӯтарҳо бубахшанд…ба гумонам онҳо бе фикри паридан парвоз мекунанд. Шоир ҳам дар шеър парвозе монанди онҳо дорад. Ин ҳолат тадриҷан, рафта-рафта дар вуҷудаш эҷод мешавад. Чунонки ҳар сӯ нигарад, шеър мебинад, он сон, ки таҷаллои Худованди шеърро. Ба қавли Мавлоно:

Ҳар кабӯтар мепарад дар мазҳабе,

Ин кабӯтар ҷониби бемазҳабӣ

–Шумо барои сарояндаҳо тарона ҳам менависед. Таронаҳоро баъди навишта шуданашон ба хонандаҳо пешниҳод менамоед ё онҳо аз Шумо дархост мекунанду тибки дархости онҳо тарона менависед?

-Аксари ғазалҳои китоби « Аз чашмасор омадам»-ро пеш аз чоп Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ бо суруд мунташир сохтааст. Муддате буд, ки шавҳари ӯ, бародари фарҳангшиноси ман Абдулҳақ, дар Хуҷанд кору зиндагӣ дошт ва шеърҳои навэҷоднамударо интихобан ба воситаи телефон ба Хосият мехонд. Баъди фурсати кӯтоҳе ба оҳангаш аз радио ё телевизион мешунидем.

Ҳунармандони маъруфу маҳбуб Ҷамшед Исмоилов, Афзалшоҳи Шодӣ, Сироҷиддини Фозил ва чанде дигарон ашъори маро аз китоб ё нашрияе хондаву оҳанг бастаанд. Дигар ҳама таронаҳо дархостианд. Аз рӯи мазмуне ё мусиқие эҷод шудаанд. Ба истиснои як таронаи «Модар», ки ҳангоми аёдат дар беморхонаи Хуҷанд ба модари Валиҷони Азиз додаам, ки « Ин саҳар эҷод шуд, ба Валиҷон диҳед, бихонад, ба нияти шифо..» Шояд сабаби аз ду албоми сурудҳое, ки ҳамроҳи ин ҷавони ҳунарманд навиштаем, дилнишинтар омадани ин тарона аз дасти модар гирифтан ва бо дуъои ӯ сурудан бошад:

Модар!

Ҳама хубӣ, ҳама нағзӣ, ҳама покӣ,

Оҳанги самоӣ ба забони гули хокӣ

-Шумо аз шоирони муваффақи мо ҳастед, дар мавриди вазъи имрӯзи шеър дар Тоҷикистон чӣ андеша доред?

3.ozarakhsh 2013-Ростӣ, дар баробари адабиёти азиму азизи форсӣ-тоҷикӣ ҳанӯз мо коре накардаем, ки худро муваффақ ҳисобем. Дар мавриди шеъри муосири тоҷик ҳам бо як суол ё як мусоҳиба наметавон ҷавоби комил гуфт. Аммо камбин набояд буд, зеро, имрӯз адабиёти мо беҳтарин намунаҳои назму наср дорад, ки метавон дар қатори баргузидаҳои адаби олам гузошт.

-Вазъи ҳавзаи адабии Хуҷанд имрӯз чӣ гуна аст?

- Ҳавзаи адабии Хуҷанд асосан аз рӯи барномаҳои шуъбаи суғдии иттифоқи нависандагон кору эҷод дорад. Бо маблағгузории Ҳукумати вилоят ҳар сол китобҳои зиёди адибони Тоҷикистон нашр мешавад, маҳфилҳои фарҳангӣ- адабии « Ганҷи сухан» ва «Суханварони Суғд» мунтазам баргузор мегардад. Адибони куҳансол ҳастанд, ҷавонони нав ба нав меоянд.

Аммо дар офариниш коргоҳи эҷодии ҳар яке ранги хоса дорад.

-Ҷавоншоирони ҳавзаи Хуҷанд бештар ба мавҳумбаёниву мураккабгӯӣ рӯй овардаанд… Дар ин маврид ва умуман дар мавриди оне, ки шеъри имрӯз бояд чӣ гуна бошад, чӣ назар доред?

- Ба назари ман шеър содаву мураккаб намешавад. Шеър шеър аст ва ба кадом сабку равиш сурудани он мувофиқи табъи гӯяндаву хонандааш. Муҳим расидани андешаву пиндори шоир ба як вусъатест, ки озодона ҳарфи худро мегӯяд. Аммо дуруст аст, ки сухани содаву равшану равону баландро ҳама дӯст медоранд.

-Бархе мегӯянд, шеър бояд сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад, Шумо чӣ назар доред?

-Шоирони мо дар ҳама мавзуъ шеър гуфтаанд. Агар нафаре ҷодаеро интихоб намояд, кори худи ӯст. Наметавон дар ин маврид сарҳад гузошт. Як шоири ошиқ ҳам метавонад бо лутф шарҳи иҷтимоъ намояд, мисли:

Нон надорам, лек аз ҷон дӯст медорам туро…

-Шоирони мо ба унвони як зиёӣ ё як фарҳангии тоҷик имрӯз дар ҷомеа чӣ рисолат доранд?

-Рисолати шоири тоҷикро вақт ва бузургон муайян намудаанд ва ин барои ҳамешааст:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бешоире анбори гил.

Дасти он шоиреро бояд бӯсид, ки дар баробари як шоҳроҳи кишвар як шоҳбайт эҷод намояд ва монанди ҳасрати модари як мардикори муҳоҷир мисрае:

Шеъре, ки сурудааст шоир сари вақт

Сабт аст чу нақши санг дар хотири вақт

Варна ба ҳазорсолаи хотираҳо

Не вақт расад зиндаву не шоири вақт!

-Ҳамчун шоир аз шеъру адабиёт то ҷое дур мондани ҷавонони моро чӣ гуна тафсир мекунед? Агар хато накунам ҷое ҳам гуфта будед, ки:

Замоне, ки ҷавонони Душанбе ҳаваси репсароӣ ба саранд,

Маснавихон шудани ғарб чӣ маънӣ дорад?...

-Ҷавонон давлату сарвати ҷавонӣ ва ин қадар манбаъҳои омӯзишии хаттиву электрониро дар ихтиёр доранд, ки ин онҳоро ҳар лаҳза ба худ мекашад. Репсароиро касе манъ намекунад, лекин ҷовидона он нафаре хоҳад буд, ки аз ашъори ноб ба ҳамон сабк бихонад, масалан, аз Ҳазрати Иқбол:

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!

Ман бар онам, касе, ки «Девони Кабир» ва « Маснавии Маънавӣ»-ро мехонад, беҳтарин репи тоҷикиро эҷод хоҳад кард. Фарҳанги асил шарқиву ғарбӣ намешавад, агар шеваи миллии худро дарёбад.

-Шумо чанд рӯз пас панҷоҳсола мешавед, аввалан таҳният мегӯем, аммо баъдан пурсиданӣ ҳастем, ки имрӯз ба панҷоҳ соли умри даргузаштаи худ чӣ назар дореду руҳияатон чӣ гуна аст?

- Сипос…Ҳакиме мегӯяд, ки дар тақвими эҷодкор солу моҳ хурду бузург мешавад. Аммо мо ҳама одамони заминием ва дил ба меҳри зиндагӣ монӣ, намонӣ, меравад… Шукр, ки панҷоҳи хуб буд… Мисли як панҷ гузашт…

-Агар дубора ҷавон шавед, боз ҳам меомадед ба арсаи шоирӣ?

- Дубора не… Агар шоир бошам, якбора, то дами марг ҷавон хоҳам буд ва агар эҳсоси ҷавонӣ бошад, баъди марг ҳам шоир…

- Дар маҳфили шеъратон дар Театри Камоли Хуҷандӣ писари шумову устод Фарзона Ҳумоюн шеъре бо оҳанги ҷолиб дар васфи Ватан суруда буд. Манзурам ин аст, ки Ҳумоюн ҳам ба ҷодаи шеъру суруд гом бардоштанист?

- Чашми бад дур! Дар вуҷудаш чизе ҳаст, ки Худованд ба ҳар ҷодае боз созад, ҳунарманд хоҳад шуд. Умед дорем…

-Ташаккур барои суҳбат.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi