20:25:26 15-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

Эътилофи зидди террори Чин бо Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон Сиёсат 11.08.2016 10:52 1445
Чин тасмим гирифтааст, ки бо ширкати Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон эътилофи низомии зиддитеррор ташкил диҳад ва ҳамкориҳояшро барои мубориза бо терроризм дар минтақа бо ҳамсоягонаш тақвият намояд.
Чашмандози мухтасари ҳаёти динӣ дар даврони Истиқлолият Иҷтимоъ 11.08.2016 10:50 1970
Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣдар Тоҷикистон платформаи иделогӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин куллан тағйир ёфт. Барҳам хўрдани иқтисодиёти планӣ нуфузи идеологияи марксизм-ленинизм ва атеизми илмиро ҳам аз байн бурд.
Баҳси амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе Сиёсат 11.08.2016 10:47 72012
Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 10-уми август бо ҳадафи гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик вориди Душанбе шуда ва баъди зуҳр бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додааст.
Сардори шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб аз чӣ фавтид? Иҷтимоъ 11.08.2016 10:43 1921
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол иллати марги Кенҷабой Ҷӯраев – сардори шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб – дақиқ нашудааст. Тафтиши ин қазияро кормандони додситонии ноҳияи Варзоб бар уҳда доранд.
Фармони 276. Андоз пешакӣ ситонида намешавад Иқтисод 11.08.2016 10:40 2424
Дар Тоҷикистон агар нозири андоз дари корхона ё ширкатеро кӯбад ва пардохти андози моҳ ё ҳатто соли ояндаро талаб кунад, касе ҳайрон намешавад.Барои соҳибкори тоҷик чунин талаби нозири андоз, ки бо иддаои “плани андоз буд нашудааст” масъалаи пешпардохтро матраҳ мекунад, то дирӯз як ҳодисаи маъмулӣ шуда буд.
Иди саъиди Фитр муборак бод, дӯстони азиз! Хабар 06.07.2016 07:00 2009
Фарорасии Иди саъиди Фитрро барои тамоми ҳамватанони гиромӣ ва мардуми шарифи ҷаҳон муборакбод мегӯем.Аз Парвардигори азимушшаън орзуманди он ҳастем, ки тоату ибодат ва рӯзаи моҳи шарифи Рамазони моро, ки холӣ аз навоқису камбудиҳо набуданд, бо лутфу карамаш ба даргоҳаш қабул фармояд.
Даргузашти Субҳон Саид ва маросими ҷанозаи ӯ Хабар 06.07.2016 00:38 2048
Субҳон Саид, овозхони маъруфи кишвар, маъруф ба булбули Ҳисор, ки аз бемории диабети қанд муддати дароз ранҷ мекашид, ин олами фониро падруд гуфт. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бод, дӯстони азиз! Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 27.06.2016 12:47 2716
19 сол қабл дар ҳамин рӯз дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар аз сӯи раҳбарони ду ҷониби гуфтушунидкунанда бо миёнҷигарии намояндаи вижаи СММ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Аҳмад Зоҳир ҳафтодсола шуд Ёди рӯзгори ширин 14.06.2016 14:20 2794
Аҳмад Зоҳир имрӯз 70-сола шуд. Ва ҳеҷ гуфтан намехоҳам, ки аз маргаш дуруст ҳамин рӯз 37-сол гузашт. На, охир ӯ барои ман ва садҳо, ҳазорҳо чун мани шефтаи садои малакутиаш намурдааст. Зеро тӯли ин 37 сол рӯзе набуд, ки ӯ бо мо роз нагуфта бошад.
Сайре дар «Осорхонаи Аҳмад Зоҳир» Ёди рӯзгори ширин 05.06.2016 19:16 2740
Шаш сол муқаддам Ғаниҷон Мӯминов, яке аз алоқамандони сарсахти садои Аҳмад Зоҳир, дар деҳаи Амоншайхии дараи Ромит, дар ҳавлиаш ҳуҷраеро барои ашёе ихтисос дод, ки ҳамагӣ дар иртибот бо ин нобиғаи олами мусиқӣ буданд. Яъне аксҳои ӯ, диску кассетаҳои таронаҳояш, китобу мақолаҳо дар борааш ва боз чизҳои дигар.