02:25:45 11-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Ҷашни истиқлол муборак, ҳамватанони азиз! Хабар 09.09.2015 12:20 875
Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни “Рӯзи истиқлолияти давлатӣ”-ро барои якояки Шумо самимона табрик гуфта бароятон аз даргоҳи Парвардигори азимушшаън пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори босаъодатро орзу менамоем.
ВКД: Аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар моҳ 100-долларӣ мегирифтанд Иҷтимоъ 06.09.2015 16:54 1617
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр бо нашри иттилои тоза дар бораи аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода гуфт, ки онҳо ҳар моҳ сад долларӣ ва, инчунин, маводи ғизоӣ мегирифтаанд.
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат Хабар 06.09.2015 11:42 1022
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Боздошти ду афсари Вазорати дифоъ дар робита ба ҳамлаҳои 4 сентябр Хабар 06.09.2015 11:40 820
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду афсари Вазорати дифоъро барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбеву Ваҳдат, ки беш аз бист кушта бар ҷой монд, муттаҳам мекунад.
Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ Хабар 05.09.2015 14:52 1143
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ахбороти дар сомонаи «Азия-Плюс» паҳнгашта оиди он, ки вобаста ба ҳодисаҳои рухдода гӯё 33 нафар кормандони ВКД ва Вазорати мудофиа ба ҳалокат расида бошанд, ҳақиқат надорад ва аз тарафи СААД (ОДКБ) чунин иттилоот низ дода нашудааст.
Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт Хабар 05.09.2015 14:51 855
Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш шаби 28 август гӯё аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шудааст, дар бемористон даргузаштааст.
Ҳукумат ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" муҳлат додааст, ки таслим шавад Хабар 05.09.2015 12:45 887
​Бино ба иттилои як манбаи мо дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳукумат аз Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш тақозо кардааст, ки бидуни хунрезӣ худро таслим кунанд.
ВКД: Тафсилоти ҳуҷуми мусаллаҳона Хабар 05.09.2015 12:45 1022
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии ...
ҲНИТ: “Ҳоҷӣ Ҳалим” аз мо набуд Хабар 05.09.2015 09:46 879
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз он ки мақомот Абдуҳалим Назарзода - муовини, инак, собиқи вазири дифоъ ва Зиёраддин Абдуллоев -- корманди кушташудаи Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро узви ин ҳизб муаррифӣ кардаанд ...
Вазорат: "Дар ҳамлаҳо 17 нафар кушта шудаанд" Иҷтимоъ 04.09.2015 22:23 1279
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри ҷузъиёти ҳамла ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе гуфт, ки ин ҳамлаҳоро Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо раҳбарӣ кардааст.