19:45:34 09-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

МАНСУР БОБОХОНОВ, ТАЪРИХНИГОРИ МАЪРУФ, ДАРГУЗАШТ Хабар 20.07.2012 11:52 1074
Профессор Мансур Бобохонов, таърихнигори маъруфи тоҷик, дар асари бемории тӯлонӣ дар манзили худ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, Профессор Бобохонов муддате тӯлонӣ аз бемории саратон ранҷ мебурд. Вай ба ҳангоми марг 81 сол доштааст.
ЁРОНИ РАФТАИ АСАД КИСТАНД? Равзана ба ҷахон 20.07.2012 11:49 1081
Дирӯз, 18 июл (28 тир), ҳамлае маргбор ба маркази амнияти миллии Сурия дар Димишқ анҷом шуд, ки дар он Осиф Шавкат, шавҳархоҳри Башор Асад, ва Довуд Роҷиҳа, вазири дифоъ, кушта шуданд. Шуморе дигар аз мақомоти болои ҳукумати Сурия низ дар ин инфиҷор захмӣ шуданд. Онон кистанд?
ВАЗИРИ ДИФОИ ФАРОНСА БО БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ НИЗОМӢ БА ДУШАНБЕ ОМАД Сиёсат 20.07.2012 11:48 973
Вазири дифои Фаронса баъд аз зуҳри чаҳоршанбе вориди шаҳри Душанбе шуд ва бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ анҷом дод.
"ТАЪХИР ДАР ТАШХИС, "РОҒУН"-РО БА МУШКИЛ РӮБАРӮ МЕКУНАД" Роғун – ормони миллат 18.07.2012 11:30 5968
Раҳбари ҳайати вакилони порлумони Аврупо гуфтааст, ба дарозо кашидани ташхис, кор дар нерӯгоҳи Роғунро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.Струан Стивенсон, вакили порлумони Аврупо, ки бо гурӯҳе аз вакилони Аврупо муддати чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон қарор ...
ПРЕЗИДЕНТ БОЛО БУРДАНИ НАРХҲОРО "АМАЛИ НОСАВОБ" ХОНД Хабар 18.07.2012 11:27 1332
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёме тамоми мардуми кишварро ба муноси- бати фарорасии моҳи мубораки Рамазон шодбош гуфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20-уми июлро оғози моҳи мубораки Рамазон таъин кардааст.
КОРШИНОСОН: "ЗОҲИРАН, МАСЪАЛАИ ПОЙГОҲ ҲАЛШУДА АСТ" Сиёсат 18.07.2012 11:25 1314
Изҳороти ахири мақомоти Тоҷикистону Русия ба вуҷуди ҳусни тафоҳум дар масъалаи пойгоҳ ишора дорад.Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар бораи идомаи музокирот бар сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки кишвараш cӯҳбат карда таъкид мекунад ...
НАМОЯНДАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ИМА БО МАҚОМОТИ ТОҶИК МУЛОҚОТ КАРД Сиёсат 18.07.2012 11:24 1335
Элис Уэллс, ки бо як сафари дурӯза дар Душанбе ба сар мебарад, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард. Мавзӯи таъмини амният дар Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 дар меҳвари музокироти Элис Уэллс бо президенти Тоҷикистон қарор доштааст.
ГУЛ ШЕРАЛӢ ХАБАРИ ҚАТЪИ КОР ДАР "РОҒУН"-РО РАД КАРД Роғун – ормони миллат 18.07.2012 11:21 5772
Аз иштирок дар сохтмони "Роғун" барканор шудани чанд ширкати ватаниву хориҷӣ, овозаҳоеро ба бор овард, ки кор дар ин нерӯгоҳ қатъ шудааст.Аммо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе аз маҳалли бунёди нерӯгоҳ дидан кард ...
ВАЗОРАТИ УМУРИ ХОРИҶӢ ИЗҲОРОТИ ЧИРКИНРО "БЕАСОС" ХОНД Сиёсат 17.07.2012 13:30 1255
ВУХ Тоҷикистон изҳороти ахири генерали русро дар бораи тамдиди пойгоҳи 201-уми Русия "бо шартҳои пешина" такзиб кард.Генерал-полковник Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия дирӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт ...
ХУДКУШИИ СЕ ЗИНДОНӢ ВА БАРКАНОРИИ РАИСИ МАҲБАС Иҷтимоъ 17.07.2012 13:27 1222
Ботурхон Исмоилов, сарвари муассисаи ислоҳии ЯС 3/2 - и Ваҳдат ва муовинаш аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ин барканорӣ дар пайи чанд худкушии мармуз ва беназмиҳо дар ин муассиса иттифоқ афтод.Мақомоти Сарраёсати ислоҳи ҷазои вазорати адлияи ...