23:40:04 11-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

МУИН, ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ЭРОНӢ, ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД Хабар 19.05.2011 21:49 2032
Муин, овозхони саршиноси эронии муқими Лус-Онҷелеси Амрико, рӯзи панҷшанбеи 19 май ба манзури иҷрои як барномаи кунсертӣ вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст барномаи кунсертии ӯ шаби 22 май дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шавад.
КУШТА ШУДАНИ КӮДАКЕ ЯКСОЛА БА ДАСТИ ПАДАРАШ Хабар 19.05.2011 21:48 1657
Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки зери яксола дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 18 май рух додааст.
"СИВУ ПАНҶ" КОРМАНДИ ЯК ШИРКАТИ РОҲСОЗӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД Хабар 19.05.2011 21:47 1867
Мақомот дар шарқи Афғонистон мегӯянд сиву панҷ корманди як ширкати роҳсозӣ дар як ҳамлаи шуришён кушта шудаанд.
ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ Хабар 19.05.2011 21:46 1793
Вуқуъи чанд инфиҷор дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ ба кушта шудани дастикам бисту панҷ нафар ва захмӣ шуданишаст нафари дигар мунҷар шудааст.
ТАКЯ БА ХУДО КУНЕД, ИНШОАЛЛОҲ, ЧИЗЕ РУХ НАМЕДИҲАД! Иҷтимоъ 19.05.2011 11:04 1823
Дар байни мардум, ба хусус сокинони шаҳри Душанбе, овозае паҳн шудааст, ки гӯё рӯзи шанбе, 21-уми майи 2011 баъд аз як заминҷунбии шадид дунё ба охир мерасад ва барои наҷот ёфтан аз ин заминҷунбӣ баъзеҳо дар ҳолати «омодабош» қарор доранд. Ин хабари шум бисёриҳоро нороҳат карда ...
"ҚУТТӢ"-И СЕҲРАНГЕЗ, АММО ХАТАРНОКИ ИНТИХОБОТ Сиёсат 19.05.2011 10:58 1472
Дар интихобот қуттиҳои шаффоф истифода мешаванд, аммо қуттии дигаре низ ҳаст, ки вижагиҳои худро дорад. Интихоботи ахири вакили Маҷлиси намояндaгон  дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе нишон дод, ки “қоидаҳои бозӣ” дар саҳнаи сиёсии кишвар тағйир нахӯрда, баракс қавитар шудаанд.
НИШАСТИ ХАБАРИИ УМДАИ РАИСИҶУМҲУРИ РУСИЯ Равзана ба ҷахон 19.05.2011 10:54 1217
Медведев аз посух ба суол дар мавриди ширкаташ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ худдорӣ кард. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон, ки дар маркази инноватсионии Сколковои канори Маскав баргузор шуд, ӯ гуфт, ки барои пахши ин гуна изҳорот на  нишасти хабарӣ ...
ТАСВИБИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ШАРОИТИ НИГАҲДОРИИ МАҲБУСОН Иҷтимоъ 19.05.2011 10:51 1383
Дар Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон дар заминаи мулоқоту мукотиба бо пайвандон, амнияти шахсӣ ва шикоёт дар мавриди шароити маҳбас заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Ин гуна шароит дар Қонуни “Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани ...
ОБАМА БА РАҲБАРИ СУРИЯ: "Ё ДЕМОКРАТИЯ Ё ИСТЕЪФО!" Равзана ба ҷахон 19.05.2011 10:47 1130
Барои нахустин бор ҳукумати Амрико бо дастури раисҷумҳур, Барак Обама, алайҳи Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ва шаш дастёри ӯ таҳрим эъмол кард. Барак Обама, ҳамчунин аз Башшор Асад хостааст, ё роҳи демократияро пеш бигирад ва ё аз мақомаш биравад.
АЛ-ҚОИДА РАҲБАРИ НАВ ПАЙДО КАРД Хабар 18.05.2011 18:59 1865
Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф Одил раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст. Сайф Одили 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.