Хазина аз
ХОҶА ОБИГАРМ БА МОЛИКИЯТИ ДАФТАРИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАРОМАД
Иҷтимоъ
13.04.2012 16:33
1031
Хоҷа Обигарм, маъруфтарин осоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар гузашта моли Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ (профсоюз) буд, ҳамакнун ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ вобаста шудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул ҳамаи осоишгоҳҳои мутаъаллиқ ба Федеросиюни иттиҳодияҳои синфиро дар ихтиёри давлат қарор додааст.
ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ПАРАЛИМПИАДАИ ЛОНДОН РОҲХАТ ГИРИФТ
Ҷавонон ва варзиш
13.04.2012 16:29
1375
Парвиз Одинаев, варзишгари тоҷик, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон мушарраф шуд.
ПАЁМИ БАҲОРИИ ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ИН ДАФЪА АЗ ИҚБОЛ АСТ
Адабиёт ва фарҳанг
13.04.2012 10:41
3570
Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Сомон» дар садади анҷом додани омодагиҳои як барномаи консертӣ аз эҷодиёти шоири бузург аллома Муҳаммад Иқбол таҳти унвони «Паёми Машриқ» мебошад.
КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ МАВОДИ НАШЪАОВАР
Хабар
13.04.2012 10:13
1239
Сафири ИМА Кен Гросс, аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА таҷҳизотро бо арзиши зиёда аз 480 000 доллари амрикоӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон супорид.
ЯК ГӮШАИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ НИЗ АМРИКОӢ ШУД
Хабар
13.04.2012 10:08
1219
Сафири ИМА Кен Гросс дар маросими кушодашавии «Гӯшаи Амрико» дар Душанбе дар Китобхонаи миллӣ ширкат варзид. Дар маросим инчунин, директор ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони Ҳукумат, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ...
ВАЗИРОНИ ХОРИҶИИ G8: "САРКАШИИ ЭРОН БОИСИ НИГАРОНИСТ"
Равзана ба ҷахон
13.04.2012 09:26
739
Вазирони хориҷии 8 кишвари саноатии ҷаҳон аз Эрон хостаанд, ки “бидуни ҳеҷ шарту шароит дар музокироти созандаву ҷиддӣ” ширкат намояд. Музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар поёни ҳафтаи ҷорӣ дар Истамбули Туркия баргузор мешавад.
"НИГОҲ": ЧАҲОР МАҚОМИ АРШАДИ ТОҶИКИСТОН БОЯД МУҶОЗОТ ШАВАНД
Сиёсат
12.04.2012 20:09
1067
Гул Шералӣ, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, Маҳмадсаид Зувайдов ва Саидаҳмад Шарофиддинов бояд тибқи қонуни кайфарии Тоҷикистон аз 2 то ба 5 сол равонаи зиндон шаванд. Ин пешниҳод дар матлабе дар нашрияи "Нигоҳ" матраҳ шудааст.
ҲУШДОРИ ИТТИҲОДИЯИ ЖУРНОЛИСТОН БА ХАБАРНИГОРОН
Матбуот
12.04.2012 20:05
4066
Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон (ИЖТ) аз аъзои ин ниҳод хостааст, аз шаҳодатномаи узвият барои бароварда сохтани ғараз ё манофеъи шахсӣ истифода накунанд. Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 12 апрел мунташир гардидааст, ҳушдор дода ...
БОНУИ ТОҶИК ДАР УЗБАКИСТОН БЕНИШОН ШУД
Иҷтимоъ
12.04.2012 20:00
1050
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ дар Узбакистон мезист, пас аз бозпурсии пулис нопадид гаштааст. Шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон, Кимиё Худоёрова, ки бо шиносномаи муваққатӣ дар Ӯзбакистон мезист, як моҳ ба ин сӯ ғайб задааст.
ОБАМА САФИРИ НАВИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОНРО ТАЪЙИН КАРД
Хабар
12.04.2012 10:41
1162
Сусан Марш Эллиот сафири нави Амрико дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Кен Гроссро иваз мекунад. Рӯзи 11-уми апрел раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, афроди навро дар мақомҳои мухталифи давлати худ таъйин намуд, ки дар миёни онҳо ...