01:02:44 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОБАМА САФИРИ НАВИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОНРО ТАЪЙИН КАРД

Сусан Марш Эллиот сафири нави Амрико дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Кен Гроссро иваз мекунад. Рӯзи 11-уми апрел раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, афроди навро дар мақомҳои мухталифи давлати худ таъйин намуд, ки дар миёни онҳо Сусан Марш Эллиот, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон низ ҳаст.

/images/stories/2012/04/12_susana-1212.jpgХонум Эллиот яке аз кормандони аршад ва комёби Хадамоти хориҷаи вазорати умури хориҷии Амрикост ва дар бахши Осиёи Ҷанубиву Марказӣ мақоми муовини ёвари вазирро ишғол мекунад. Хонум Эллиот солҳои 2009-2010 дар сафорати Амрико дар Маскав дар мақоми вазир-мушовир дар умури сиёсӣ кор кардааст. Аз ин пеш, дар тӯли солҳои 2007-2009 дар сафорати Амрико дар Белфаст сармутахассис буд.

Сусан Марш Эллиот солҳои 1994-95 дар Дафтари координатор ё ҳамоҳангсоз барои  муноқишаҳои минтақаӣ дар кишварҳои тозатаъсиси Шӯравии пешин ё Муштаракулманофеъ кор карда, дар бораи муноқишаҳо дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ, Гурҷистон ва Тоҷикистон гузориш медод.

Вай дар оғоз дар сафорати Амрико дар Тегусигалпа ҳамшираи шафқат буд. Сипас, соли 1990 барои кор ба вазорати хориҷа даъват шуд. Вай Донишгоҳи Индианаи Амрикоро хатм кардааст. Хонум Эллиот ба забонҳои русиву юнонӣ ва испанӣ сӯҳбат мекунад ва дар давоми 20 соли фаъолияти дипломатиаш дар ин бахш таҷрубаи ғанӣ андӯхтааст.

Маттиас Митман, шавҳари хонум Эллиот низ корманди Хадамоти хориҷии вазорати умури хориҷии Амрико мебошад ва онҳо ду писари бузургсол доранд. Эллиот соҳиби унвони илмии докторист.

Ӯ дар мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гроссро иваз мекунад, ки соли 2009 ба Душанбе омада буд ва тӯли се соли ахир ба ҳайси сафири Иёлоти Муттаҳида кор кардааст. Дар даврони сафирии ҷаноби Гросс низ кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф идома ёфтанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi