09:49:03 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Кабирӣ: «Телевизиони давлатӣ моли як шахс ё як ҳизб нест» Сиёсат 25.04.2013 11:42 894
Аҳзоби сиёсие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, бояд ҳаққи истифода аз телевизиони давлатиро дошта бошанд ва нуқтаи назари онҳо дар шабакаҳои телевизиюн мунъакис шавад. Ин ибрози назарро бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 24 апрел дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби ислоҳи ...
Тоҷикистон изҳороти мақомоти русро маҳкум кард Сиёсат 25.04.2013 11:39 876
Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони Тоҷикистон изҳоротҳои ахири Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозинро маҳкум карданд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сиёсатмадорони Русия даъват кард, дар паёмҳои расмии худ аз дурустӣ ва одоб кор бигиранд.
Мақомот: Кори "Звезда" қонунӣ нест Сиёсат 25.04.2013 11:36 881
Мақомот мегӯянд, пахши «Звезда», радиои ширкати радиотелевизионии нерӯҳои мусаллаҳои Русия хилофи қонунҳои Тоҷикистон аст. Радиои ҳарбии як кишвари хориҷӣ, дар ҳоле ки бояд хоси маҳдудаи пойгоҳи низомии ин кишвар бошад, бидуни иҷозаи фаъолият ва сабти ном дар шаҳри Душанбе, қисме аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон барнома пахш мекунад.
Душанбе изҳороти Жириновскийро "тӯҳмат ва таҳқир" хонд Сиёсат 25.04.2013 11:25 861
Порлумони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа ба Думои давлатии Русия ибрози назарҳои бархе аз мақомоти давлатӣ ва чеҳраҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди Тоҷикистонро “таҳқир ва тӯҳмат” унвон кард.
Оё сухани мулло устувонаи ҷомеаро меларзонад? Дин ва ҷомеъа 25.04.2013 11:23 5328
Дар як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод пас аз маъвизаи рӯҳоние 50 дарсади сокинон ҳамсарони худро дубора никоҳи мусалмонӣ кардаанд. Ин рӯҳонӣ, ки мақомот аз он ном намебаранд, гуфтааст, ҳар нафаре дар гузашта «тӯи комсомолӣ» карда бошад, “занаш талоқ ва фарзандонаш ҳаромӣ”-янд.
Хориҷиёни дар роҳ ба Душанберо аз Истанбул бармегардонанд Иҷтимоъ 25.04.2013 11:20 907
Манъи тақдими раводид дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба барномаҳои коршарикони хориҷии Тоҷикистон ва сафари сайёҳон ба ин ҷумҳурӣ тағйири ҷиддӣ ворид намудааст. Бисёриҳо аз он шикоят доранд, ки лаҳзаи охирин: дар фурудгоҳ аснои сабтиноми парвоз ва ё ҳатто дар Душанбе, аз ин иқдом огаҳ шудаанду маҷбур шудаанд, боздиди Тоҷикистонро канор ....
Мавонеъ дар роҳи ширкат дар солгарди ҲНИТ Хабар 25.04.2013 11:18 993
Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба аъзои Ҳизби наҳзат ҳушдор додаанд, ки аз ширкат дар маросими 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизб дар шаҳри Душанбе худдорӣ кунанд.
Даъвати Қодири Қосим ба мурофиаи Димон ва Шерик ба унвони як шоҳид Хабар 25.04.2013 11:15 892
Раиси вилояти Бадахшон ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қарор аст фардо дар додгоҳ ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ширкат кунад.
Даҳ медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек Хабар 25.04.2013 11:12 864
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Қирғизистон оид ба таэквон-до (WTF) даҳ медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа боз ба коми оташ рафт Хабар 25.04.2013 11:09 902
Бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз, ҳудуди соатҳои 18:30 ба коми оташ рафт. Саидбек Аминов, муовини раиси Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳайате аз маъмурони Хадамоти сӯхтор аз мошини сӯхтор хомӯшкунӣ дар маҳали ҳодиса машғули хомӯш кардани оташ мебошанд.