10:07:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мавонеъ дар роҳи ширкат дар солгарди ҲНИТ

 Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба аъзои Ҳизби наҳзат ҳушдор додаанд, ки аз ширкат дар маросими 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизб дар шаҳри Душанбе худдорӣ кунанд.

logo-nahzat-25042013Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ гуфт, ки мақомоти ин шаҳр Ҳамзабек Нуров, масъули бахши ин ҳизб дар шаҳри Ваҳдатро фаро хонда ва гуфтаанд, ки ӯ ва аъзои ҲНИТ дар маросими солгарди ҳизби наҳзат ширкат накунанд.

Оқои Сайфуллозода гуфт, тибқи гузоришҳои расида аз ноҳияи Айнӣ, дар вилояти Суғд мақомоти ҳукумати ин ноҳия ба аъзои ҲНИТ “тавсия” додаанд то аз ширкат дар маросими ин ҳизб дар шаҳри Душанбе имтиноъ ҷӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаи дигаре дар шаҳри Хуҷанд ниҳодҳои сӯхторнишонӣ бо баҳонаи далели риоят нашудани қавоиди зидди сӯхтор хостори бастани бинои ҲНИТ дар ин шаҳр шудаанд.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳаводисро ба идомаи фишорҳо болои ин ҳизб аз ҷониби сохторҳои давлати Тоҷикистон марбут хондаанд, ки дар чанд моҳи ахир дар ҳоли афзоиш будааст.

Ин мақомот эҷоди мавонеъ дар роҳи ширкати аъзои ҲНИТ дар 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизбро ба боло рафтани эътибори ҳизби наҳзат дар ҷомеаъи Тоҷикистон ва хориҷ аз он рабт додаанд.

Зеро ба гуфтаи сухангӯйи ҲНИТ, дар маросими таҷлил аз 30-умин солгарди таъсиси ҳизб дар соли 2003 ҳеч гуна мушкиле пайдо нашуда ва мушовири раиси ҷумҳурӣ ва як тан аз масъулони Ҳизби ҳокими халқи демукрот дар маросим ширкату суханронӣ карда буданд.

Зимнан, дар пайи аз кор уфтодани яке аз дастгоҳҳои фаннӣ барои барчаспи визо судури визо ба атбоъи хориҷӣ дар фурудгоҳи Душанбе мутаваққиф шудааст.

Ба эътиқоди коршиносон, ин ҳодиса ба кунфаронси вижаи Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба муносибати 40-умин солгарди ин ҳизб ҳамзамон будааст, ки ба гуфтаи мақомоти ин ҳизб ба ин маросим ҳудуди 200 меҳмони хориҷӣ даъват шудаанд.

Аммо манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi