20:59:36 04-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Сартарош бо 54 зарбаи корд марди 50 соларо ба ҳалокат расондааст Хабар 02.09.2013 13:46 771
Мақомоти корҳои дохилӣ сокини 29 солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилӣ Умед Тешаев дар дохили сартарошхонаи худ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиеви 50 сола 54 маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа Абдурасул Алиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Муҳаммад Мурсӣ муҳокима мешавад Хабар 02.09.2013 13:43 747
Оқои Мурсӣ аз моҳи июл, ки аз қудрат канор гузошта шуд, дар маконе номаълум зиндонӣ аст. Додситони давлати Миср гуфтааст парвандаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро барои муҳокима ба иттиҳоми таҳрик ба қатли муътаризон ирҷоъ кардааст.
Писари собиқ додситони кулл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронида шуд Хабар 02.09.2013 10:33 856
Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муасисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон 2-уми сентябр ба мо гуфт, Файзулло Бобохонов фарзанди додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов тибқи таъиноти додгоҳи Синои пойтахт дар таърихи 29-уми август аз муасcисаи ислоҳии 3/7 ба муасисаи ислоҳии сукунатӣ...
Мурофиаи пушти дарҳои бастаи парвандаи Зайд Саидов Сиёсат 02.09.2013 10:31 785
Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи Зайд Саидовро «махфӣ» дониста ва гуфтааст, ки мурофиаи он пушти дарҳои баста сурат мегирад. Масъулони дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 2 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба могуфтанд, ки мурофиаи парвандаи Зайд Саидов ...
Вокунишҳо ба изҳороти Обама: таҳдид, танқид ва пуштибонӣ Равзана ба ҷахон 02.09.2013 10:29 774
Изҳороти Барак Обама дар бораи дархости иҷозаи Конгресси ИМА барои амалиёти низомӣ дар Сурия вокуниши андаки расмиро ба думбол дошт. Рӯзи шанбе раисиҷумҳури Амрико изҳор намуд, раҳбарони Конгресс розиянд, ки баъд аз анҷоми таътил ин мавзӯъро баррасӣ кунанд.
Боздошти як муҳоҷири тоҷик аз дохили қатор дар Узбакистон Хабар 02.09.2013 10:27 708
Як муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Русия ба ватан бармегашт, аз дохили қатор дар қаламрави Узбакистон боздошт шудааст. Исми ин табаъаи тоҷик Илёсидин Амиров ва ӯ сокини деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор аст, ки дар шаҳри Маскав кор мекард ва мусофири қатори Маскав-Душанбе буд.
Амалиёти берунсозии муҳоҷирон аз Сочи шурӯъ шуд Муҳоҷират 01.09.2013 16:15 1254
Амри ихроҷи муҳоҷирон аз макони Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 шурӯъ аз 1 сентябр аз сӯи волии Краснодар Александр Ткачев содир шудааст. Бар пояи барномаи ҳукумати вилояти Краснодар, ҳама муҳоҷирони корӣ баъд аз анҷоми бунёди муассисаҳои олимпӣ бояд ба ватанашон баргардонида шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон хоҳони таҷдиди барномаҳои таълимӣ шуд Хабар 01.09.2013 16:13 753
Раисиҷумҳури Тоҷикистон хост, ҳарчӣ зудтар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ба "талаботи имрӯза" мутобиқ гардонда шаванд.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки якшанбеи 1-уми сентябр дар ҷашни Рӯзи дониш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ширкат кард ...
«Хайр» - барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷавонон ва варзиш 01.09.2013 16:11 1175
Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд.Ин бозӣ рӯзи шанбе, 31-уми август, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 3000 тамошогар барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби ...
Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш Хабар 01.09.2013 11:07 795
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш дар ҷумҳурӣ иштирок намуд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854