03:31:04 01-уми Июли 2025 сол

Сартарош бо 54 зарбаи корд марди 50 соларо ба ҳалокат расондааст

Мақомоти корҳои дохилӣ сокини 29 солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилӣ Умед Тешаев дар дохили сартарошхонаи худ воқеъ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиеви 50 сола 54 маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа Абдурасул Алиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

kord-6546545Ин ҳодиса рӯзи 31-уми август рух додааст. Як манбаъ аз ҷои ҳодиса гуфт, ки ин ду нафар додугирифти пуллӣ доштаанд ва сабаби муноқиша ҳам муомилаи қарзӣ будааст. Ба гуфти манбаъ Абдурасул Алиев ба сартарошхонаи Умед Тешаев омада дарро аз дохил махкам мекунад ва миёни онҳо муноқиша рух медиҳад. Шоҳидон гуфтаанд дар дастҳои Умед Тешаев захми кор дида мешавад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

"Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ