19:41:21 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Муҳаммад Мурсӣ муҳокима мешавад

Оқои Мурсӣ аз моҳи июл, ки аз қудрат канор гузошта шуд, дар маконе номаълум зиндонӣ аст. Додситони давлати Миср гуфтааст парвандаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро барои муҳокима ба иттиҳоми таҳрик ба қатли муътаризон ирҷоъ кардааст.

morsi looking back 2213213Иттиҳомоти матраҳшуда ба хушунатҳое бозмегардад, ки зимистони гузашта берун аз кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Қоҳира рух дод ва тайи он дастикам 7 нафар кушта шуданд. Қарор аст 14 нафар аз аъзои дигари Ихвонулмуслимин низ ба ҳамин иттиҳомот муҳокима шаванд. Оқои Мурсӣ аз моҳи июл, ки аз қудрат канор гузошта шуд, дар маконе номаълум зиндонӣ аст.

Ӯ ба иттиҳомоти мутаъаддиде рӯбарӯст, аммо ин аввалин мавриди ирҷоъи ӯ барои муҳокима аст. Аз замоне, ки оқои Мурсӣ бо иқдоми артиши Миср аз қудрат канор гузошта шуд, давлати муваққати ин кишвар, ки бо ҳимояти низомиён рӯи кор омада ҳомиёни Ихвонулмуслиминро саркӯб кардааст.

Ҳомиёни оқои Мурсӣ хостори бозгашти раиси ҷумҳурии собиқ бар сари кор ҳастанд ва ба таҳаввулоти ахир эътироз доранд. Моҳи гузашта дар тайи ҳуҷуми нерӯҳои амниятӣ ба таҷаммуъоти муътаризон садҳо нафар аз ҳомиёни Ихвонулмуслимин кушта шуданд.

Ба гузоирши телевизиюни давлатии Миср, ирҷоъи парвандаи оқои Мурсӣ ба додгоҳ рӯзи якшанбе сурат гирифтааст, аммо ҳанӯз рӯзи баргузории муҳокима эълом нашудааст. Рӯзи чаҳоруми декабр даҳҳо ҳазор нафар дар эътироз ба ҳукми Муҳаммад Мурсӣ барои таъвизи ихтиёроти бештар ба раиси ҷумҳурӣ хориҷ аз кохи раёсати ҷумҳурӣ роҳпаймоӣ карданд.

Ба гузориши телевизиюни Миср, таҳқиқот нишон дода, ки дар ин рӯз Муҳаммад Мурсӣ аз горди раёсати ҷумҳурӣ ва вазири масъули фаъъолиятҳои пулис хоста таҳассуни роҳпаймоёнро бишкананд, аммо ин идда аз дастури ӯ сарпечӣ кардаанд.

Дар пайи ин нофармонӣ мушовирони оқои Мурсӣ муттаҳам шудаанд, ки аз ҳомиёни худ хостаанд, ки таклифи муътаризонро рӯшан кунанд. Дар ин даргириҳо дастикам 7 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳомиёни оқои Мурсӣ мегӯянд дар ҳоли ҳифозат аз кохи раёсати ҷумҳурӣ дар баробари ҳамлаи мухолифон буданд.

Вақте ки Муҳаммад Мурсӣ ва чанд нафар аз раҳбарони дигари Ихвонулмуслимин дар соли 2011 аз зиндони Қоҳира фирор карданд, низ барои ӯ ва ҳамроҳонаш иттиҳоми қатли амди сарбозону афсарон ва зиндониён содир шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi