21:23:37 04-уми Июни 2025 сол

Боздошти як муҳоҷири тоҷик аз дохили қатор дар Узбакистон

Як муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Русия ба ватан бармегашт, аз дохили қатор дар қаламрави Узбакистон боздошт шудааст. Исми ин табаъаи тоҷик Илёсидин Амиров ва ӯ сокини деҳаи Булбулчашмаи ноҳияи Ҳисор аст, ки дар шаҳри Маскав кор мекард ва мусофири қатори Маскав-Душанбе буд.

migrant-arest-633.jpgМанобеъи огоҳ мегӯянд ин рӯйдод панҷ рӯз пеш иттифоқ уфтодааст. Маъмурони давлати Узбакистон, ки маъмулан қаторҳои Тоҷикистонро бозрасӣ мекунанд, оқои Амировро ба сабаби ин ки "порае аз оёти Қуръонро, ки дар телефуниаш забт шуда буд,гӯш мекард" боздошт кардаанд.

Пайвандони ӯ мегӯянд, ки инак панҷ рӯз боз дар бораи сарнавишти ӯ ҳеч иттилоъе надоранд. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки маъмурони узбак ӯро "аз қатор фароварда буданд."

Маҳалли боздошти ӯ ва ҷое, ки нигаҳдорӣ мешавад, то кунун маълум нест. Пайвандони оқои Амиров тасмим гирифтаанд барои озодӣ ва баргардондани ӯ ба Тоҷикистон тамоми саъйашонро кунанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, равобити тираи кишвари ҳамсояи Узбакистон бо Тоҷикистон бар сарнавишти атбоъи ду кишвар, ки ба далоиле мухталиф дар қаламрави ҳамдигар боздошт ва ё зиндонӣ мешаванд, асароти номатлубе мегузорад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854