14:05:23 22-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Хайр» - барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд.

khayr-chempion-645445

Ин бозӣ рӯзи шанбе, 31-уми август, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 3000 тамошогар барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Шамсиддин Қосимов, бозигари ССКА «Помир», дар дақиқаи 66-ум ҳисобро боз кард. Баъди 7 дақиқа Айдох Наполеон, легионери африқоии «Хайр» аз Гана, ҳисобро баробар намуд.

Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Ниҳоят, дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Пас аз анҷоми бозӣ Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба капитани «Хайр» Мирзобек Мирзоев Ҷоми ФФТ ва сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ супурд. Футболбозону мураббиён ва роҳбарони даста бо медалҳои тилло мукофотонида  шуданд.

Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба дастаи  ССКА «Помир», ки дар бозии ниҳоӣ мағлуб гашт, сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра тақдим карданд.

Ҷоми ФФТ. Бозии ниҳоӣ

ССКА «Помир» - «Хайр» - 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 5:6

Голҳо: Шамсиддин Қосимов, 59 (1:0). Айдох Наполеон, 73 (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Баҳодур Шарифов – 1:0. Шамсиддин Қосимов – 1:1. Меҳроҷиддин Музаффаров – 2:1. Фурӯғ Қодиров – 2:2. Пол Роллан Бебей Кинг – 3:2. Беҳзод Шарифов – 3:2 (хато зад). Алишер Улмасов – 3:2 (дарвозабон баргардонд). Сайёди Ковусшоҳ – 3:3. Ҷамшед Исмоилов – 4:3. Азимҷон Юнусзода – 4:4. Айдох  Наполеон – 5:4. Субҳон Хоҷамов – 5:5. Исроил Идиев – 6:5. Раҳматулло Фузайлов – 6:5 (ба сутуни дарвоза зад).

31-уми август. Турсунзода. Варзишгоҳи  «Металлург». 3000 тамошогар.

"Ozodi"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi